Шаҳрвандон бо умед муроҷиат мекунанд

№12 (3313) 26.01.2015

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва ҳифзи озодиҳои шаҳрвандон вазифаи муқаддаси ҳар як мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ эътироф гардидааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ин кор бо муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Тавассути арз ё шикоят шаҳрванд мехоҳад ҳалли масъалаи бамиёномадаро дархост намояд ва умедвор аст, ки мақомоти ваколатдор онро дарк ва дастгирӣ менамояд.

Моҳияти аввалиндараҷа доштани масъалаи мазкурро ба назар гирифта, Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 апрели соли 2014) ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Сарвари давлат, аз ҷумла таъкид карданд, ки қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе, инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳалли шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд.

Дар робита  ба ин соли 2014-ум ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1082 нафар таври хаттӣ ва 9234 нафар шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ муроҷиат карданд. Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва кормандони шуъбаҳои Дастгоҳи он 989 нафар, кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   8245 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфтанд.

Аз 8245 муроҷиаткунанда 2934 нафарашон аз тарафи раисони кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита қабул карда шудаанд.

Аз миқдори умумии муроҷиатҳо 488 муроҷиати хаттӣ ва 4251 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳри Душанбе, 156 муроҷиати хаттӣ ва 1541 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Суғд, 136 муроҷиати хаттӣ ва 1497 муроҷиати шифоҳӣ ба шаҳрвандони вилояти Хатлон, 27 муроҷиати хаттӣ ва 260 муроҷиати шифоҳӣ ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 235 муроҷиати хаттӣ ва 1588 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 40 муроҷиати хаттию 97 муроҷиати шифоҳӣ ба шаҳрвандони хориҷи кишвар тааллуқ доштанд.

Аз омӯзиши мазмуни арзу шикоятҳои шаҳрвандон бармеояд, ки дар маҳалҳо ҳанӯз ҳам дар масъалаҳои тақсимот ва истифодабарии самараноки замин, таъминоти аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ, масъалаҳои фаъолияти идораҳои коммуналӣ, кори соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ, масъалаҳои вобаста ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, доир ба омӯзиш ва тарбияи ҷавонон, таъминоти иҷтимоии аҳолӣ камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд.

Давоми  соли 2014  ба кумитаҳо  ва комиссияҳо  918  ва ба шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 164 муроҷиати хаттӣ ворид гардид. Аксарияти аризаю шикоятҳо аз рӯи иртибот барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.

Аз 1082 муроҷиати хаттӣ иҷрои 875-тои он таҳти назорат гирифта шуда, аз ин шумора хоҳиши 338 нафар муроҷиаткунанда пурра ва 146 нафар қисман қонеъ карда, арзи 74 нафари дигар ба иллати беасос буданашон беқаноат мононда шуд. Ба 292 аризадиҳанда моҳияти мавзӯи бамиёнгузоштаашон фаҳмонида дода шуд. Боқӣ 25 адад ариза ва шикоят ҳоло зери назорат қарор дорад.

Бояд зикр намуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он муроҷиатҳои шаҳрвандонро мунтазам баррасӣ намуда, барои сари вақт ва ҳамаҷониба қонеъ гардонидани арзу шикоятҳои онҳо, пешгирӣ намудани сабабҳои воридшавии муроҷиатҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоии ҳокимияти давлатию ҷамъиятӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Масалан, ҳолати кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мунтазам дар ҷаласаҳои кумитаҳо мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Чунончӣ, масъалаҳои сари вақт баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттӣ, талаб намудани ҷавобҳо аз мақомоти марбута, тибқи муқаррарот аз назорати Раиси Маҷлиси намояндагон баровардани муроҷиатҳои назоратии ҳалшуда, зери назорат қарор додани шикоятҳо нисбати санадҳои судӣ ва ғайра борҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Барои ҳалли муроҷиати шаҳрвандон ва аризаю шикоятҳои онҳо сафарҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва вакилони халқ дар соли 2014 ба ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромада, дар рафти мулоқот бо вазъияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дармонгоҳҳо ва дигар бахшҳои хоҷагӣ бевосита шинос шуда, доир ба бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дар назди мақомоти дахлдор масъалагузорӣ намуданд.

Дар вохӯрию мулоқотҳое, ки бо иштироки меҳнаткашон, фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баргузор мегарданд, роҷеъ ба сиёсати давлат, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ суҳбатҳо доир шуданд.

Мактуб ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон асосан аз тарафи аъзои кумитаҳо бевосита санҷида, дар баъзе мавридҳо мутасаддиёни вазорату ташкилотҳои дахлдор низ ба ҳалли онҳо ҷалб карда мешаванд. Масалан, аризаи дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Ҳисори ноҳияи Шаҳристон — Р.Нарзуллоев, А.Саманов ва дигарон, ки  оид ба гузаронидани оби тозаи нӯшокӣ ба вакил Л.Саидмуродов ворид гардида буд, ки бо мусоидати ташкилотҳои байналмилалӣ ҳалли худро ёфт. Дар ин хусус аз тарафи вакил дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон хабар дода шуд.

Санҷиши аризаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Садбарг Шерғозиева оид ба норозӣ будан аз раиси маҳалла интихоб гардидани директори мактаб аз тарафи вакил С.Амиршоева дар ҷояш санҷида, моҳияти масъалаи мазкур ба муроҷиаткунанда фаҳмонида шуд.

Шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳиашон тадбирҳоеро, ки барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд, аксаран маъқул мешуморанд. Дар баробари ин, дар чанде аз муроҷиатҳо ҳолатҳои аз ҷониби кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳ додан ба қонуншиканиҳо низ изҳор гардидаанд.

Масалан, аризаи сокини деҳоти «Дурбад»-и ноҳияи Ҳисор Мансур Холиқов оид ба аз тарафи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҳисор С.Каримов яктарафа бурдани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Парвиз Раҳимов аз тарафи вакил М.М.  Ватанов  барои  баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида, дар як вақт ҳолати иҷрои кор ба аризадиҳанда фаҳмонида дода шуд.

Аризаи сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд 3.Абдураҳмонова  оид ба аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иҷро нагардидани иҷроварақаи судӣ аз тарафи вакил А.Н. Азимов ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид ва хоҳиши муроҷиаткунанда қонеъ карда шуд.

Шумораи зиёди муроҷиатҳоро масъалаҳои таъмини қонуният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Соли 2014 доир ба ин масъалаҳо дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон 356 муроҷиати хаттӣ ва 1005 муроҷиати шифоҳӣ ва дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният 111 муроҷиати хаттӣ ва 961 муроҷиати шифоҳӣ баррасӣ гардид.

Масалан, аризаҳои шикоятии сокини шаҳри Душанбе Саидов Умаралӣ, ки аз 17 апрел, 22 май, 26 сентябр, 10 октябр, 5, 16, 17 декабри соли 2014 (ҳафт маротиба) аз болои судяҳо ва прокурорҳои шаҳри Душанбе оид ба баҳси манзили истиқоматӣ бо шаҳрванд Н.Расулова ба кумитаҳои номбурда такрор ба такрор ворид гардида буданд, барои баррасӣ ба Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода, хоҳиши аризадиҳанда қисман қонеъ карда шуд.

Аризаҳои истиқоматку-нандаи ноҳияи Рӯдакӣ, маъюби гурӯҳи 2 Маҳрамой Ҳомидова аз 31 январ, 8 август, 8 сентябр, 3, 31 октябр, 13, 14 ноябри соли 2014 (ҳафт маротиба) дар хусуси норозӣ будан аз қарори судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Р.А. Ҳакимова оиди баҳси манзили истиқоматӣ бо С.Гулов низ ба кумитаҳои номбурда ворид шуда буданд, ки барои баррасӣ ба Прокуратураи генералӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода, моҳияти иҷрои парванда ба муаллиф фаҳмонида дода шуд.

Давоми соли 2014 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия 37 нафар таври хаттӣ ва 203 нафар шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

Шаҳрвандон дар муроҷиатҳояшон аз амалҳои ғайриқонунии кормандони соҳаи молия ва андози шаҳру ноҳияҳо шикоят намуда, талаб кардаанд, ки чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 44 муроҷиати хаттӣ ва 713 муроҷиати шифоҳӣ доир ба масъалаҳои кишоварзӣ ва истифодабарии замин ворид шуд, ки сари вақт баррасӣ гардиданд. Масалан, аризаи дастаҷамъонаи истиқоматкунандагони деҳоти ба номи Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба мусоидат намудан барои ҷудо кардани қитъаи замин барои кофтани чоҳи амудӣ, бунёди ҳавзи зидди сӯхтор дар маҳаллаашон ба унвони вакил Саиди Ёқубзод ворид ва барои баррасӣ ва чораҷӯйӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристонда, хоҳиши муроҷиаткунандагон қонеъ гардонда шуд.

Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот 49 муроҷиати хаттӣ баррасӣ гардида, 974 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд. Барои ҳалли ҳамаи муроҷиатҳое, ки ба кумитаи мазкур ворид гаштаанд, аз тарафи аъзои кумита сари вақт иқдомот амалӣ шуд.

Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон тайи соли сипаришуда 87 муроҷиати хаттиро баррасӣ карда, 597 нафар шаҳрвандонро қабул намуданд. Шаҳрвандон дар муроҷиатҳои худ мавзӯъҳои ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул намудани фарзандонашон, ба хориҷи кишвар фиристодани донишҷӯён, аз гурӯҳҳои шартномавӣ ба гурӯҳҳои буҷетӣ гузаронидан, сохтмони мактабҳои нави замонавӣ дар шаҳру деҳот ва дигар дархостҳоро пешниҳод намудаанд, ки аксари онҳо ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Масалан, аризаи истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт Сайраҳмон Тоиров оид ба мусоидат намудан барои аз Донишгоҳи тиббии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузаштан ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш.Зуҳуров ворид шуда буд, ки барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид ва хоҳиши аризадиҳанда ҳалли мусбии худро ёфт.

Ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ 157 нафар хаттӣ ва 2825 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Мазмунан муроҷиатҳои ба кумита воридгардида масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳаҷми нафақапулӣ, гирифтани кумакҳои башардӯстона, муолиҷа намудан дар беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарраро дар бар мегиранд. Аъзои кумита ҳар як муроҷиатро сари вақт ва мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Масалан, аризаи дастаҷамъонаи И.Бобоев, Ф.Бегматов  ва дигар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-и вилояти Хатлон, ки ба масъалаи зиёд намудани ҳаҷми нафақаашон тааллуқ дошт, барои баррасӣ ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд ва хоҳиши муроҷиаткунандагон қонеъ гардид.

Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ 53 муроҷиати хаттӣ ва 246 муроҷиати шифоҳӣ баррасӣ гардидааст.

Ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 24 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин аъзои кумита 721 нафар шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфтаанд.

Шумораи бештари муроҷиатҳо масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо барқ, таъмир ё ин ки насб намудани трансформаторҳои барқии баландшиддат ва дигар масъалаҳоро ташкил медиҳанд.

Давоми сол ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 адад муроҷиатҳои дастаҷамъона аз ҷониби маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 19 адад муроҷиат, 77 адад муроҷиатҳои такрории хаттӣ ворид гардидааст, ки сабаби асосии онҳо норозигии муроҷиаткунандагон аз қарору хулосаҳои қабулкардаи ин ё он вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Барои мисол, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе М.Орифова -3 маротиба, У.Саидов -7 маротиба, А.Носиров -2 маротиба, М.Мулкамонов -4 маротиба, Х.Маҳмудов -2 маротиба, А.Антончик  -3 маротиба, С.Тютин -2 маротиба, А.Нуруллоев -2 маротиба, Н.Худоёров -2 маротиба, З.Ашурова -2 маротиба, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ М.Ҳомидова -7 маротиба, М.Нарзиллоева  -2 маротиба, М.Мирзоев -2 маротиба, сокини ноҳияи Варзоб М.Холова — 2 маротиба, сокинони шаҳри Ваҳдат М.Расулов -2 маротиба, Н.Шарипов -2 маротиба, сокини ноҳияи Рашт Ф.Худоёров  -2 маротиба, сокинони ноҳияи Ҳисор И.Сафаралиев -3 маротиба, М.Юлдошев -4 маротиба, сокинони шаҳри Истаравшан М.Неъматова -3 маротиба, А.Мирзоев — 3 маротиба, сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Р.Почоев -2 маротиба, сокини шаҳри Кӯлоб А.Нуров -2 маротиба, сокини ноҳияи Восеъ И.Саидов -2 маротиба, сокинони ноҳияи Қумсангир А.Худоёров -2 маротиба, С.Расулов -3 маротиба, сокини ноҳияи Балҷувон П.Зоғаков -3 маротиба, сокини ноҳияи Хуросон Ш.Мелибоев -2 маротиба доир ба ҳалли як масъала такроран муроҷиат кардаанд. Гарчанде муроҷиатҳояшон ҳалли қонунии худро ёфта бошанд ҳам, аз хулосаҳои қабулкарда норозигӣ баён намуда, навиштани аризаҳоро давом дода истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки аз тарафи кормандони шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии аризаҳое, ки ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, борҳо бо кормандони масъули мақомоти дахлдор, ки аризаҳо барои баррасӣ ба онҳо фиристода мешаванд, суҳбатҳои телефонӣ баргузор гардидаанд.

Имрӯзҳо ҳам аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда истодаанд, ки аз пурра истифода набурдани ваколату имкониятҳои мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли амалии хоҳишу дархостҳои муроҷиаткунандагон дарак медиҳанд.

Агар мақомоти маҳаллӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ медоданд,  ҳоҷати муроҷиат ба мақомоти болоӣ набуд, зеро аксари масъалаҳои дар номаҳо  боздошташуда аҳамияти маҳаллӣ доранд. Бовар дорем, ки соли 2015 мақомоти маҳаллӣ ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон, иҷрои хоҳишу дархостҳои онҳо бештар таваҷҷуҳ мекунанд.

Шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон