Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

№144 (3290) 02.12.2014

28 ноябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи чилу якуми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид.

Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини ҳуқуқии ташаккулдиҳии фазои умумии сайёҳӣ, Конвенсия оид ба ҳамкории байниминтақавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин лоиҳаҳои як зумра қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳои аз ҷониби комиссияҳои доимии Ассамблея таҳияшуда мавриди баррасӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Ассамблея бо пешниҳоди қаблии Маҳмадсаид Убайдуллоев барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таҳкими робита ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла нақши пурсамар дар кори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, густариши дӯстии халқҳои Иттиҳод Қурбон Убайдулло Абдулло — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон ва занон дар ҷомеа, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф, Абдуллозода Иброҳим – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, Маҳкамов Қаҳҳор – узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё оид ба сиёсати иқтисодӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсон бо медали Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Барои таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Баъди кори ҷаласа раисони парламентҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишасти матбуотӣ доир намуданд. Аз ҷумла ба саволҳои хабарнигорони Федератсияи Россия доир ба натиҷаҳои Форуми чоруми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ва сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия Маҳмадсаид Убайдуллоев посух дода, таъкид намуд, ки ин гуна формати ҳамкориҳои байнипарламентӣ бешубҳа ба таҳкими робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои кишвари мо бо субъектҳои Федератсияи Россия, бе миёнаравҳо, баҳри рафъи монеаҳо, ки боиси хароҷоти иловагӣ мегарданд, нақши муассир мегузорад. Дар Форум яке аз масъалаҳои калидӣ-танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши муҳоҷирон ва таъмини суғуртаҳои иҷтимоӣ барои онҳо маҳсуб меёфтанд.

Дар доираи Форум ва сафари расмӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, инчунин миёни вилояти Суғд ва вилояти Астрахан ва Ҷумҳурии Доғистон, вилояти Хатлон ва вилояти Иваново ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ҳанӯз аз баргузории Форум фурсати зиёд нагузашта бошад ҳам, аллакай натичаҳо назаррасанд. Ҳоло наздики 200 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ гашта буд, таҳсилашонро дар мактабҳои олии Федератсияи Россия идома дода истодаанд. Баъд аз таваққуфи сесола 8 Шӯрои диссертатсионии нав аз рӯи 19 ихтисос аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон кушода шуд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки доир ба ҳамаи масъалаҳои дар Форум баррасишуда тафоҳумоти тарафайн ҳосил гардид.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон