Маҷлиси намояндагон дар давраи Иҷлосияи сеюм фаъолияти назаррас дошт

№81 (4501) 02.07.2022

DSC_0696Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»

1 октябри соли 2021 – 30 июни соли 2022

Вакилони арҷманд,

ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, шуморо ба ифтихори 25 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки чанд рӯз қабл дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуд, самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзумандам.

Давраи иҷлосияи сипаришуда барои мардуми кишвар, аз ҷумла мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои беназир, дар хотираи хурду бузурги Тоҷикистони азиз, инчунин ҳамватанони бурунмарзӣ ҷойгоҳи махсусро сабт намуд.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз ҳар лиҳоз ба мо муқаддасу муътабар аст. Зеро расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон, аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳиб­истиқлолӣ мебошад, ки маҳз ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ, сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гардидем.

Шоистаи таъкид аст, ки танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин, ба муносибати ин ҷашни бостонӣ дар заминаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул шуд, ки тибқи он, 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд, ки яке аз муҳимтарин дастоварди таърихии соли 2021 ба шумор меравад.

Бояд хотирнишон намоям, ки соли 2022 низ яке аз солҳои барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихист. Соле, ки тамоми рӯйдодҳо ва дастовардҳои Тоҷикистони азиз аз ҳамон лаҳза сарчашма гирифтааст, сӣ сол сипарӣ мегардад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро равшан намуд. Аз ин рӯ, мо бояд ин рӯзи таърихиро бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва омодагии том пешвоз бигирем.

Муҳтарам вакилон!

Мо имрӯз аз кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум натиҷагирӣ хоҳем кард.

Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеа муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа намуданд.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти амалигардонии ҳадафҳои Ҳукумат ва Давлат возеҳу мушаххас таъкид гардида, иҷрои онҳо ба таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуда истодааст.

Ин ҳуҷҷати раҳнамо дар назди идораю муассисаҳои давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар вазифаҳои мушаххас гузошта, барномаи фаъолияти минбаъдаро муайян кардааст.

Яке аз муҳимтарин нуктаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гашт, омодагии ҳамаҷонибаи ҳар яки мо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар ин самт Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифа гузоштанд, ки ба ин раванд бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат супориш доданд, ки дар тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ зиёиёни мамлакат, олимону донишмандон, ҷавонону занон, роҳбарони муассисаҳои илмиву фарҳангӣ саҳм гузошта, ин арзишҳои муқаддаси миллиро ба таври васеъ инъикос кунанд, дар тафаккур ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус наврасону ҷавонони мамлакат, мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳар чӣ бештар ҷой намоянд.

Бинобар ин, боварӣ дорем, ки сокинони ватандӯст ва бонангу номуси мамлакат дастуру ҳидояти Пешвои миллатро бо камоли масъулияту ифтихор пазируфтаю ҷонибдорӣ намуда, ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои нав ба нав истиқбол мегиранд ва онро ба тантанаи ҳақиқии худшиносию худогоҳии миллат ва ватандӯстию ватандорӣ табдил медиҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум фаъолияташро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монд.

Дар давраи зикршуда 35 ҷаласаи Шӯро ва 28 иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он беш аз 665 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул гардиданд.

Ба иҷлосияҳои сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конс­титутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протокол ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардиданд.

Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз беш аз 56 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 39 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин 27 лоиҳаи қонуни дигар барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ ирсол гардида, дар баррасӣ қарор доранд.

Аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — 43, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ — 3 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 7 лоиҳаро ташкил медиҳад.

Итминони комил дорем, ки қонунҳои қабулгардида муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, амалияи он ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меорад ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар давоми фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Кумита оид ба иқтисод ва молия се лоиҳагӣ, Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ду лоиҳагӣ, Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ як лоиҳагӣ пешниҳод гардидааст.

Инчунин, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ (ба таври омехта) 27 лоиҳа таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, вакилони Маҷлиси намояндагон дар пешниҳоди 45 лоиҳа иштирок ва ташаббус кардаанд. Қобили қайд аст, ки тибқи муқаррароти моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ба шумор меравад.

Фаъолияти вакилон дар самти қонунэҷодкунӣ дар қиёс бо дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Воқеан ҳам, мақсади асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба таври асоснок такмил додани қонунгузории амалкунанда мебошад.

Дар ҷараёни чунин фаъолият меъёрҳои ҳуқуқии куҳнашуда бекор карда шуда, ба меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда тағйирот ворид ва ё меъёрҳои ҳуқуқии нав қабул карда мешаванд.

Баррасии лоиҳаи қонун ва санаду меъёрҳо нишон дод, ки дар баъзе ҳолатҳо ибораву ҷумлаҳо мураккаб ва бидуни риояи имлои забони давлатӣ пешниҳод мегарданд, ки баҳсу мунозираҳои зиёдро ба миён меорад.

Вақте ки сухан дар бораи меъёрҳои ҳуқуқӣ меравад, бояд дар хотир дошт, ки шаҳрвандон доир ба моҳият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ тасаввуроти аниқ доштанашон лозим аст, зеро баъзан надонистани мазмун ва моҳияти онҳо ё муносибати рӯякӣ нисбат ба қонун ва санадҳои зерқонунӣ боиси пайдо шудани тасаввурот ва муҳокимаҳои нодуруст доир ба сарчашмаҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад.

Ба ҳуқуқэҷодкунӣ, ҳамчун қоида, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҳалҳо Маҷлиси вакилони халқ ва раисони онҳо машғул ҳастанд. Дар баробари ин, бевосита интихобкунандагон бо фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ машғул шуда метавонанд. Вале, мутаассифона, ташаббускориҳо дар ин самт ба назар намерасанд.

Дар робита, мо — вакилони Маҷлиси намояндагонро зарур аст, ки фаъолияти қонунгузориро якҷо бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тақвият дода, тавассути омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда фаъолияти қонунэҷодкуниро рушд диҳем.

Илова бар ин, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки фаъолияти қонунэҷодкуниро ҷоннок намоянд.

Боиси зикр аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қонунҳоеро қабул намуд, ки ба рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Аз ҷумла, дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» қабул карда шуд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2021 ба андозаи 19,4 фоиз ва ҳаҷми умумии хароҷот нисбат ба соли 2021 ба андозаи 19,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин замина, маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, тандурустиву иҷтимоӣ ва илму маориф мутаносибан то 22 фоиз афзоиш дода шуд. Албатта, нисбат ба соли 2021-ум ба андозаи 19,4 фоиз зиёд гардидани буҷети давлатӣ гувоҳи рушди босуботи Тоҷикис­тон дар марҳилаи тавсеаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад, ки ин нишондод дар солҳои охир нотакрор аст.

Қонуни дигаре, ки қабули он иқдоми мақсаднок ва саривақтӣ ба шумор меравад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» мебошад. Он дар робита ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 таҳти № 362 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва ташкили ҷойҳои кор қабул гардид, ки тибқи муқаррароти он, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боз дошта шуданд.

Татбиқи қонуни мазкур, ба давом додани ислоҳоти иқтисодӣ, рушди минбаъдаи бахши хусусӣ замина фароҳам овард.

Дар қатори қабули қонунҳо, инчунин як зумра созишномаҳо тасдиқ ёфтанд, ки барои ҳалли мушкилоти соҳаҳо, бахусус соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва рафъи оқибатҳои бемории сироятии COVID-19 мусоидат кард.

Татбиқи созишномаҳои мазкур имконият доданд, ки сатҳи паҳншавии бемории COVID -19 зери назорат гирифта шуда, сиҳатии аҳолии кишвар ва пешгирии гирифторшавӣ ба маризиву бемориҳо, инчунин баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа таъмин гардад.

Вакилони арҷманд!

Доир ба рафти мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, бахусус омӯзиш ва дар ин замина пешниҳод намудани қонунҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва пурмаҳсул, дар гузашта таъкид намуда будам, вале ҳанӯз ҳам корҳо дар ин самт беҳбудиро тақозо менамояд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва самарабахш анҷом додани муносибатҳои байнипарламентӣ бо беш аз 76 кишвари дунё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст. Албатта, мақсади он гурӯҳҳо танҳо анҷом додани сафар ба хориҷа нест, балки бояд тавассути онҳо таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққиро омӯхта, таҷрибаи андӯхтаро дар фаъолияти қонунэҷодкуниамон самаранок истифода намоем ва дар ин замина, қонунгузории кишварро рушд диҳем, қонунҳои манфиатбору пурмаҳсулро пешниҳод намоем.

Аз ин рӯ, роҳбарони гурӯҳҳои дӯстиро зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиш ва азхудкунии таҷрибаи қонунгузориву қонунэҷодкунии давлатҳои пешрафта чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, бо ин васила, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллии Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамкорони азиз!

Самти дигари фаъолияти мо – вакилони мардумӣ дар ҷодаи намояндагӣ ин вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо мебошад.

Дар ин давра як маротиба вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд барпо намуданд, ки ҳадаф аз он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, инчунин баррасӣ ва бартараф кардани мушкилоти сокинони мамлакат буд.

Дар давоми Иҷлосияи сеюм ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби интихобкунандагон 328 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба давраи иҷлосияи сипаришуда 92 адад кам мебошад. Илова бар ин, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон, ки ҷараёни он тибқи ҷадвал роҳандозӣ гардидааст, беш аз 125 шаҳрванд қабул карда шуд.

Аз мазмуну муҳтавои муроҷиатҳо бармеояд, ки баъзе мақомоти давлатӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, ба муроҷиати сокинон пурра расидагӣ намекунанд. Дар натиҷа, шаҳрвандон бо ҳадафи расонидани муроҷиати худ масофаи зиёдро тай карда, ба пойтахт меоянд. Ҳол он ки ҳалли масъалаи аксари онҳо дар сатҳи маҳал имконпазир аст.

Дар ин раванд, мо — вакилони мардумиро зарур аст, ки ба интихобкунандагонамон дастрас бошем ва баҳри ҳалли мушкилоти онҳо то ёфтани ҳалли ниҳоӣ бо мақомоти дахлдор корбарӣ намоем. Танҳо бо чунин роҳ метавон обрӯю эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди халқро ба худ баланд бардорем.

Ҳозирини муҳтарам!

Фаъолияти байнипарламентӣ василаи муҳимест, ки дар муаррифӣ ва шинохти чеҳраи сиёсии давлати мустақили тоҷикон нақши муҳим мебозад.

Бо дарназардошти ин, густариши равобити байнипарламентӣ, ширкати фаъолона намудан дар ҳалли масъалаҳои хусусияти глобалидошта, муаррифӣ ва муайян намудани мавқеи парламенти тоҷик дар ҳалли масоили гуногуни мавҷуда яке аз самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар ин давра фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурмаҳсул, гуногунҷанба ва фарогири ҳама масъалаҳои корие буд, ки аз лиҳози дастовардҳо ва натиҷаҳои фаъолият дар миёни иҷлосияҳои гузашта ин иҷлосияро метавон бесобиқа, пурмаҳсул ва назаррас унвон кард.

Ҳамчунин, метавон иброз дошт, ки фаъолияти бисёрҷанбаи байнипарламентӣ дар самти густариши робитаҳои хориҷӣ ва муаррифии парламентаризми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад. Маҳз аз ҳамин сабаб роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус дода, тақвияти минбаъдаи корҳоро дар ин самт яке аз вазифаҳои асосӣ шуморидааст.

Дар ин давра зиёда аз 40 мулоқоту вохӯриҳо дар сатҳи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаву комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо намояндагони олирутбаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу байнипарламентӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ анҷом дода шуд.

Зимни он мулоқотҳои судманд бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф баргузор гардиданд, ки ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши муҳим бозид.

Сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркияро метавон баёнгари пешрафти дипломатияи парламентии кишвар ҳисобид.

Дар доираи он вохӯриҳои судманд бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдуғон, Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу ва бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркияву Тоҷикистон аз баррасии масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонии кишварҳоямон далолат медиҳанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси бузурги миллии Туркия ба рушди муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия назари хуб дошта, барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои созандаи байни мақомоти қонунгузории ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси бузурги миллии Туркияро зимни ин сафар ба имзо расонанд.

Вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко низ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз аҳамияти дуҷониба холӣ набуд, зеро мо бо кишвари дӯст ва бародарамон Федератсияи Россия 30 — юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро таҷлил намудем.

Сафари Валентина Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, далели дигари рушди босуръати маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия мебошад.

Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар кори 3-юмин Конфронси умумии Ассамблеяи байнипарламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни он вохӯриҳои дуҷониба бо Раиси Миллӣ маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Соҳиба Гаффарова ва роҳбари Гурӯҳи дӯстии Миллӣ маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардиданд, ки бисёр судманд ва самарабахш буд.

Дар ҳошияи вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев низ маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилаливу байнипарламентӣ диққати махсус дода, аз масъалаҳои густариши равобити гуногуни дуҷонибаи миёни кишварҳо баҳри таҳкими қонуният ва дипломатияи парламентӣ, ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ бо парламентҳои кишварҳои ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ роҳбарони парламентҳои кишварҳои аъзо бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян вохӯрӣ ва мулоқот намуда, ­масъалаҳои умдаи рӯзро баррасӣ намуданд.

Ҷониби мо дар кори ҷаласаи Шӯро ­масъалаи дар ҷаҳони муосир хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, дар доираи минтақаи СААД, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзо дар мубориза ба зуҳуроти номатлуби асрро махсус таъкид намуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меҳмонони олиқадр, роҳбарони гурӯҳҳои дӯстӣ, сафирон ва дигар ашхоси давлатию сиёсии кишварҳои хориҷӣ, ки ба кишвари мо бо сафарҳои расмию корӣ ташриф оварданд, қабул ва пазироӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра раиси Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД, ҳайати Парламенти Аврупо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони фавқулода ва мухтори ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Беларус қабул ва мулоқотҳои судманд доир гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалию байнипарламентии ҷаҳонӣ ва кишварҳои дуру наздик, сарфи назар аз дастовардҳои қаблӣ, муносибати ҷиддитар ва назари фарохтарро ҳар замон тақозо менамояд.

Имрӯз сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чоряк асри истиқлолияти комили худро пушти сар дорад, ба муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба мавқеи махсус дода, зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз он бармеояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ пайваста талош меварзад.

Бо ин мақсад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста кӯшиш дорад, саҳмашро дар ҳимояи манфиатҳои давлатӣ афзуда, дар расонидани сиёсати сулҳҷӯёна дар мавқеи ҷаҳонӣ эътибори кишварро боло барад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар рушди муносибатҳои байнипарламентиву байналмилалӣ саҳми арзанда гузошта шуд.

Дар ин давра муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ба ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мушоҳида ва назорати баргузории раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Беларус, инчунин ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуд.

Дар доираи он як қатор вохӯриву мулоқотҳо бо роҳбарияти мақомоти дахлдор баргузор намуда, дар фарҷоми он маъракаи муҳим хулосабарории гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мусбат ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баргузоршуда эълон гардид.

Сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ба Парламенти Иттиҳоди Аврупо низ боиси зикр аст. Зеро ҷаласаи нуҳуми парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баъд аз се соли таъхир, аввалин вохӯрии ҷонибҳо дар даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон бо Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад, ки баёнгари тақвият ва таҳқим бахшидани ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Аврупо мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Парлумони Аврупо, дар мубориза бо таҳдидҳои инсонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва имкони ворид шудан ба бозорҳои Аврупо, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, аз ҷумла тавозуни воридоту содирот, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика, рушди демократия, озодии баён, масъалаҳои марбут ба соҳаи илму маориф, муҳандисӣ ва технология ва дигар масъалаҳои муҳим, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Моҳи сентябри соли сипаригардида бо мақсади таҳкими мубодила байни мақомоти қонунгузор, мусоидат ба ҳамкориҳои парламентӣ байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Осиёи Марказӣ ҳамоиш дар мавзӯи «Бунёди ҷомеаи муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ бо тақдири ягона» дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва дигар вакилон иштироку суханронӣ намуданд. Дар нишасти мазкур дар баробари чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар гузошташуда ва як равиши нави консептуалӣ барои нав­созии саҳми мақомоти қонунгузории кишварҳои минтақаи мо дар рушди ҳамкорӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Дар ин давра мо мизбонии ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД-ро доштем, ки дар кори он раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам роҳбариро бар уҳда дошт.

Бояд таъкид намоям, ки дар замони тезутунд гардидани манфиатҳо ва даргириҳо дар минтақа, бахусус масъалаи рӯзмарраи ҳолати кунунии кишвари ҳамсоя — Афғонистон нақши Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар расонидани мавқеи сиёсии кишвар ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм назаррас буд.

Дар баргузории раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон нозирон аз давлатҳои узви Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷаъмӣ иштирок ва ҷараёни онро назорат намуданд.

Боис ба зикр аст, ки ҳамоҳангсоз дар рафти мушоҳида ва назорати нозирони байналмилалӣ дар ин маъракаи муҳимро раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бар уҳда дошта, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро муаррифӣ намуд ва бо як қатор роҳбарону фаъолони олии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд анҷом дод.

Инчунин, иштироки ҳайатҳои Маҷлиси намояндагон дар 23-юмин Кумитаи умумии Конфронси иттиҳоди парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул иштирок дар ҷаласаи Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел, дар Анҷумани сеюми занони АвруОсиё дар мавзӯи «Вазифаи занон дар рушди дипломатияи сулҳ ва боварӣ» дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия яке аз дастовардҳо дар самти муносибатҳои байнипарламентӣ ба шумор меравад.

Инчунин, мулоқот бо сардори Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон, бо ҳайати намояндагони Созмони Милали Муттаҳид — Намояндаи вежаи Дабири кулли он дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири он оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон ва дар дигар сафару чорабиниҳое, ки дар онҳо аз номи Маҷлиси намояндагон иштирок ва суханронӣ намуданд, шоёни зикр мебошанд.

Маҷмӯан, сафарҳои кории ҳайатҳои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сафарҳои расмиву намояндагӣ дар давоми иҷлосияи сеюм бисёр самарабахш ва хотирмон анҷом ёфтанд, ки албатта, аз масъулият ва корбарии сатҳи баланди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шаҳодат медиҳад.

Ташаббуси дигари Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин Кодекси соҳавӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад, боиси ёдоварӣ мебошад.

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳа бо ҷалби шарикони рушд, дар натиҷаи вохӯриву мулоқотҳои раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо роҳбарияти намояндагии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Дӯстони азиз!

Вакилони даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти байнипарламентиро ба ҳолати паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 шурӯъ намуда, бахши ҳамкориҳои байнипарламентиву хориҷиро тавассути баргузории видео-конфронсҳо ва вохӯриҳои фосилавӣ роҳандозӣ намуданд, ки ин таҷриба то ба ҳоло идома дорад. Дар ин замина аз ҷониби раисони кумитаю комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон як қатор корҳо ҷиҳати таҳкими мубодила байни мақомоти қонунгузор ба густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ иҷро шуданд, ки ба рушди дипломатияи парламентии кишвар саҳми босазо гузоштанд.

Дидору гуфтугӯҳои баргузоргардида ва натиҷаҳои бадастовардаро ҳамчун идомаи раванди тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикис­тон арзёбӣ кардан мумкин аст.

Дар давраи ҳисоботӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсу чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва бо сафарҳои кориву расмӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Туркия, Озарбойҷон, Арманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Македонияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср, Белгия, Уганда, Қазоқистон, Гурҷистон, Кипр, Давлати Қатар, Булғористон, Олмон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка сафар намуданд.

Ҳайатҳои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар ибтидои моҳи июли соли равон дар шаҳри Бирмингеми Британияи Кабир дар назар аст, иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 2021 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, дар он табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонони чорабинӣ расонида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои экологӣ, ки аз масоили муҳим буда, ҳоло аз доираи мушкилоти минтақаҳои алоҳида берун шуда, фаъолияти дастаҷамъонаи кишварҳо ва дунёро тақозо менамояд, низ чорабиниҳо доир шуданд.

Бо ин мақсад, Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи об ва ҳифзи муҳити зист дар кишварҳои Қазоқистон ва Гурҷис­тон ёдовар шуданд.

Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар фаъолияти ин ассамблеяҳо, инчунин, саҳмгузорӣ дар мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳо бо нишонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тавре дида мешавад, сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар рисолати парламентаризми тоҷик мазмуну моҳияти навро касб карда, сатҳи фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоишҳо ва рӯйдодҳои байнипарламентиву байналмилалӣ дар давраи иҷлосияи сеюм хеле назаррас буд.

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон на танҳо дар чунин ҳамоишҳо ва рӯйдодҳои байналмилаливу ҷумҳурӣ иштирок менамоянд, балки бо маърӯзаву гузориш ва пешниҳодҳо манфиати халқу давлатро ҳимоя менамоянд, воқеиятро роҷеъ ба масъалаҳои гуногун барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор месозанд.

Минбаъд низ муносибатҳои байнипарламентиву байналмилалии вакилон бо кишварҳои дунё тақвият ёфта, дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ хоҳанд гардид.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсие, ки ҳар сол тибқи муқаррароти моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре ишора намудам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба низоми қонунгузории кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда таъкид намуданд.

Дар ин раванд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда вазифадор карда шуданд, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардош­тани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.

Зимнан, таъкид шуд, ки дар баробари таҳияву қабули қонунҳо иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Дар ин росто ишора ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар самти ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 11 маротиба муҳокимаҳои парламентӣ баргузор карда шудааст, ки ин шумора, албатта, қаноатманд намекунад. Зеро баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ яке аз василаҳое мебошад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд тавассути таҳлили барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд ва дар ин замина, ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намоянд.

Итминон дорам, ки вакилони арҷманд дар иртибот ба он боварие, ки Пешвои миллат нисбат ба мақоми олии қонунгузор изҳор намуданд, тадбирҳоро дар сатҳи нав роҳандозӣ менамоянд ва дар ҳадафу амалҳои созандаи мардуми шарифи кишвар шарику саҳмгузор ва натиҷаҳои фаъолияти вакилиро аз Паём то Паём бамаротиб баланд мебардоранд.

Вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ин буд гузориши мухтасар оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум, ки ба самъи шумо расонидам. Албатта, ҳамаи корҳои иҷрошуда ва дастоварду муваффақиятҳоро мукаммал муаррифӣ намудан имконнопазир аст.

Вале ба ҳар ҳол кӯшиш намудам, ки андешаҳоро доир ба тақвият бахшидани фаъолият ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳо то андозае баён намоям.

Тавре шумо — вакилони арҷманд медонед, тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси Маҷлиси намояндагон дар баробари пешниҳоди ҳисобот вобаста ба лоиҳаи Барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ гузориш медиҳад.

Ҳоло лоиҳаи Барномаи кори қонунгузорӣ барои иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳия гардида, нусхаи он манзури шумо гардонида шудааст.

Тибқи барномаи тарҳрезишуда, дар иҷлосияи навбатӣ таҳия ва қабули беш аз 50 қонуни гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, ки албатта, теъдоди мазкур ниҳоӣ намебошад ва фаъолияти қонунэҷодкунии вакилонро маҳдуд намекунад.

Вобаста ба амалӣ гардонидани барномаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуда, тат­биқи он аз ҳар яки шумо масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро тақозо менамояд.

Мутмаинам, ки қабули қонунҳои банақшагирифташуда ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии кишвар, ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд.

Дӯстони азиз!

Бояд зикр намуд, ки бо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамаи кору фаъолияти вобаста ба ободонию созандагиро анҷом додан мумкин аст.

Дар тӯли сӣ соли баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ҳама гуна пастию баландиҳо, буҳрону мушкилот ва ниёзмандиҳоро пушти сар намуда, Тоҷикистонро ба кишвари орому осуда, орӣ аз нобасомонию ҷангу ҷидол ва фитнаю тавтеаҳо табдил диҳем. Вобаста ба шароиту имкониятҳо сатҳи зиндагонӣ беҳтар гардид.

Нақшаҳо ва барномаҳои азимеро, ки давлати мо барои ояндаи наздик бобати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, фарҳангӣ, таҳкими маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ғайра пешбинӣ намудааст, бояд қотеона амалӣ гардонем.

Авзои пуртаҳаввули ҷаҳон нишон медиҳад, ки андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ қодир аст баъзе кишварҳои гирифтори нобасомониҳои дохилиро ба фазои ҷангу низоъҳои мухталифи идеологию динӣ, муноқишаҳои марзӣ, зиддиятҳои миллию нажодӣ кашонад.

Дар ин маврид мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати ҳама гуна тағйироту дигаргуниҳо бетафовут набошем, балки ба онҳо баҳои муносиб дода, дар фикру андешаи ободию созандагӣ бошем.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо – вакилони арҷмандро бори дигар даъват менамоям, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро боз ҳам ободтару зеботар ва пешрафта гардонида, ба кишвари ҳамнаб­зу ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи давлату миллат донишу таҷрибаи хешро баҳри омода ва қабул намудани қонунҳои танзимкунандаи муносибати тамоми соҳаҳо дар самти рушд равона месозем.

Дар хотимаи сухан ба ҳамаи шумо – вакилони арҷманд сиҳату саломатӣ, саодати рӯзгор ва истироҳати хуб орзу намуда, дар зиндагии шахсию фаъолияти меҳнатиатон баҳри риоя ва таъмини волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои миллию умумибашарӣ, амалӣ намудани сиёсати гуногунҷанбаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистодаи 30 — солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтани онҳо барору комёбиҳои беназир таманно дорам.

Саломату сарбаланд бошед!