Ҳамкориҳои байнипарламентӣ яке аз қисматҳои муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад

№55 (3040) 08.05.2013

2

6 майи  соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро  ба ҳузур пазируфт.

 Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров  Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро, ки бо ҳайати ҳамроҳонаш  ба кишвари мо ташриф овардааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ташрифи ин гуна ҳайати баландпояро ба Тоҷикистон аз нияти неку қадамҳои ҷиддии   тарафи Эстония барои ҳамкорӣ маънидод кард.

-Дар ҳақиқат,  мо барои  рушди ҳамкориҳои тиҷоратию  иқтисодӣ ва инвеститсионӣ имкониятҳои бузург ва  майлу таваҷҷуҳи дутарафа дорем. Ман чанде пеш омори  амалиёти содиротиву воридотии байни Тоҷикистону Эстонияро аз назар гузаронидам ва бояд зикр намоям, ки муомилоти  се соли охир бағоят суръатбахш буд, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва суханашро идома дод:

-Бечунучаро ба ин  суръатбахшӣ сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эстония дар соли 2009 ва имзои Декларатсияи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ, инчунин мувофиқаи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат намуд. Шоёни диққат аст, ки аввалин аҳдномаи байнисоҳавӣ Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ буда, он ба рушди  устувори соҳаи илм асос гузошт.

Агарчӣ имрӯз кишварҳои мо, албатта, масъалаҳои аз ҷиҳати мақсаду миқёс ва муҳтаво гуногунро ҳал мекунанд, як силсила масъалаҳои дигаре низ ҳастанд, ки барои ҳалли онҳо саъю талоши умумӣ лозим аст. Чунончӣ, масъалаҳои экология, соҳаи иттилоот, мубориза алайҳи таҳдидҳои ифротгаройӣ ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯза аз ҳамин ҷумлаанд.

Ҳалқҳои мо, сарфи назар аз баъзе тафовутҳо, дар фарҳангу анъана, дар гузаштаи таърихӣ муносибати ба худ хос  доштанд. Мо мисли шумо аз гузаштагони худ ифтихор карда, дар ҳифзи забон, урфу одат, табиат ва ҷойҳои таърихиамон содиқу суботкорем. Вобаста ба ин, гумон мекунам, ки ҳамкории мо  дар соҳаи туризм  бояд мавқеи намоён дошта бошад, зеро табиати зебо, хусусиятҳои фарҳангии мо барои мардуми шумо ҷолиб хоҳанд буд.

Барои  мо таҷрибаи шумо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, махсусан дар соҳаи танзими электронии субъектҳои хоҷагидорӣ ва давлатӣ, системаи электронии мониторинги сарҳад ниҳоят муҳим мебошад. Шумо шояд аз он огоҳед, ки Тоҷикистон ҳукумати электронӣ  ташкил кард ва дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ технологияҳои IT (ай-ти) ҷорӣ карда мешавад.

Бовар дорам, ки зимни суҳбат бо Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шумо ҳолат ва дурнамои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, робитаҳои фарҳангиро ҳаматарафа баррасӣ намудед ва фикр мекунам, ҳоҷат ба такрори муфассали он  нест.

Фақат  зикр  карданиам, ки мо- вакилон низ ба рушди ҳамкории кишварҳоямон таваҷҷуҳ зоҳир мекунем ва умед дорем, ки ин муносибатҳо пас аз сафари шумо, муҳтарам ҷаноби Андрус Ансип, якҷоя бо бизнес-форуми дарпешистода ба таври назаррас рушд хоҳанд кард.

Вакилони парламентҳои ҳар ду кишвар  низ ба ин  ҷараён ҳамроҳ мешаванд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар вохӯрии сафири мо дар Эстония бо Раиси Рийкикогу хонум Эне Эргма доир ба ташкили гурӯҳи дӯстӣ оид ба ҳамкории байнипарламентӣ сухан рафт. Мо ин пешниҳодро дастгирӣ менамоем, зеро ҳамкории байнипарламентӣ яке аз қисматҳои муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Ин гуна робитаҳо имконият медиҳанд, ки  дар рушди парламентаризм ва қонунэҷодкунӣ мубодилаи таҷриба намуда, дар муқобили ситезаҷӯйиҳои ҷаҳони имрӯза бо ҳам истодагарӣ кунем.

Масалан, барои мо, вакилони Парламенти Тоҷикистон, қонунгузории Эстония дар соҳаи тиҷорати хурд ва миёна, таҷрибаи шумо дар ислоҳоти ҷамъиятӣ ва навсозии шакли демократӣ ҷолиб мебошад.

Фикр мекунам, пешниҳодҳои мо низ барои ҳамкоронамон ҷолиб хоҳанд буд. Таҷрибаи на чандон калони мо дар таъмини ҳуқуқии масъалаҳои давраи иқтисоди гузариш, сулҳофарӣ, рафъи оқибати ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамкории иҷтимоӣ ва якчанд ҷиҳатҳои дигар аз ин  қабиланд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба узви ҳайати ҳамроҳонатон ҷаноби Клайд Кулл – Сафир, муовини Намояндаи доимии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Эстония дар  Иттиҳоди Аврупо, собиқ  роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба шомил шудани  Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҷиҳати хидматҳояш барои ба узвияти ин созмони бонуфуз пазируфта шудани Тоҷикистон самимона изҳори сипос намоям.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин ба меҳмонон дар бораи сохтори Маҷлиси намояндагон, самтҳои фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешкаш намуд. Вай, аз ҷумла дар бораи густариши равобити байнипарламентӣ, ташкили гурӯҳҳои дӯстӣ ва омӯзиши таҷрибаи қонунгузории ҳамдигар изҳори назар кард.

-Мо бори дигар шуморо хайра мақдам мегӯем ва хоҳони иҷрои саросарии барномаи сафаратон мебошем. Ба шумо, ҷаноби Сарвазир, барои вохӯрии имрӯза, барои таваҷҷуҳатон изҳори миннатдорӣ баён мекунам. Боварӣ дорем, ки сафари шумо ба кишвари мо бароятон хуш ва бобарор хоҳад буд, -изҳор намуд дар охир Шукурҷон Зуҳуров.

Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип ба Раиси Маҷлиси намояндагон барои пазиройии самимона арзи сипос намуда, аз сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоту суҳбаташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Вай ҳамчунин иброз намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония ҳама гуна заминаҳои густариши ҳамкориҳо вуҷуд доранд ва чунин имкониятро босамар бояд истифода кард.

-Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 ба кишвари мо воқеан ҳам марҳилаи нави муносибатҳои дуҷонибаро ба вуҷуд овард. Дар баробари ҳамаи ин мо бояд дар оянда самтҳои нави ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намоем. Ман назари шуморо дар бораи густариши равобити байнипарламентӣ комилан ҷонибдорӣ менамоям. Дар иртибот ба ин шуморо барои як сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония, дар фурсати бароятон муносиб, даъват менамоям,- изҳор намуд Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип.

Дар мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода,  муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират  Хидирова ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония Қозидавлат Қоимдодов иштирок доштанд. Суҳбат самимона ва дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон