Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Барои дастгирии давлатии фаъолияти илму техника шароит фароҳам оварда шудааст

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

DSC_1034

14 январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

3. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»

4. Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО»

5.  Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО»

6. Оид ба Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон»

7. Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон»

8. Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»

9. Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Шоҳмурод РУСТАМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешниҳод мегардад.

Бояд зикр кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 таҳти №505 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили низоми амалкунанда вобаста ба масъалаҳои интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо, маблағгузории соҳа, тартиби барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи қисми 1-уми моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур моддаи 41 дар таҳрири нав ифода гардида, дар он тартиби интихоб, тайёр кардан, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ гардидааст.

Қисми 2-юми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани истилоҳоти дар қонун истифодашаванда, инчунин бо мақсади ба танзим даровардани тартиби сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд пешниҳод мегардад. Моҳияти тағйирот дар он аст, ки ваколати ҷамоатҳо дар ин самт маҳдуд карда мешавад, зеро ин намуди сабт шартҳои иловагиро тақозо дорад.

Қисмҳои 3, 4 ва 5-уми лоиҳа баҳри мутобиқ намудани сохтори идоракунии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муқаррар намудани манбаъҳои маблағгузории мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод мегардад.

Қисми 6-уми моддаи 1-уми лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани истилоҳоти дар қонун истифодашаванда пешниҳод гардидааст.

Қисмҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 ба масъалаҳое бахшида шудаанд, ки дар таҷрибаи кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бисёр ҳолатҳо мавзӯи баҳсу мунозира ва гуногунфаҳмиҳо гаштаанд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳои номбурда ин номувофиқативу гуногунфаҳмиҳо аз байн бардошта мешаванд. Аз тарафи дигар, онҳо боиси содаву камхароҷот гаштани амалиёти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегарданд.

Дар асоси қисми 12, боби 11-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, дар он масъалаҳо вобаста ба ташаккулёбии фонди бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби пешниҳод намудани нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба мақомоти оморӣ, тартиби баргардонидани онҳо, муҳлати нигоҳдории санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танзим гардидаанд.

Аз ҷониби вакилон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун як қатор тағйирот пешниҳод гардида буданд, ки сифати санадро беҳтар ва фаҳмотар гардониданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов дода мешавад.

Абдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 таҳти №2694 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ ва ҷиҳати такмили он таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, аз 28 таклифу пешниҳод 16-тои он қабул ва 9-тояш қисман қабул ва 3-тои дигараш қабул карда нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» 25 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Зимнан таъкид бояд кард, ки ҳамаи пешниҳодҳо ва эродҳое, ки 12 январи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардида буданд, ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» сухан ба президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Асри XXI-асри техникаву технологияҳои абарқудрат дар баробари дастовардҳои нисбатан бузурги худ ҳамчунин асри буҳронҳои ҳамарӯзаи молиявӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ низ гардидааст ва ин аср инсониятро бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ месозад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи нав, бо вуҷуди ҷанбаҳои мусбати худ, садҳо мушкилоти дигарро ҳам ба бор овардааст. Азнавтақсимкунии ҳавзаҳои манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аз тарафи абарқудратҳои ҷаҳонӣ, зери фишори манбаъҳои иттилоотии бешумор қарор гирифтани инсоният, васеъ гардидани шабакаҳои қариб идоранашавандаи иҷтимоӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, масъалаҳои геополитикӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир зери назорат гирифтани ҳаёти шахсии ҳар як фарди кураи замин аз тарафи мақомоти махсуси кишварҳои пешрафта ва амсоли онҳо моро вазифадор менамоянд, ки дар пешорӯи ин ҳаводис танҳо ба дастовардҳои илман асоснокшуда, ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисодиёт, такя намуда, илм ва дастовардҳои илмиро асоси зиндагии худ қарор дода, ҷомеаро бо донишҳои техникию илмӣ мусаллаҳ ва бо ин восита рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин созем.

Бо дарки амиқи вазъият ва тақозои замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намудааст. Вобаста ба ин Ҳукумати кишвар таҳкими бунёди моддию маънавии муассисаҳои илмиро то ҳадди имконпазир салоҳи кор донистааст, то ки самаранокии фаъолияти онҳо таъмин гардад. Масъала фақат болои ин аст, ки муассисаҳои илмӣ дар рушди минбаъдаи миллату кишвари азизамон саҳми бузургтар ва арзандатар гиранд. Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар: «Илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд» — таъкид намуданд Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014.

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар бори дигар дар маҷмӯи масъалаҳои калидӣ ҷой доштани соҳаи илмро таъкид дошта, доир ба рушди минбаъдаи илму техника, технология ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ин соҳа ибрози назар намуданд. Ҳамасола зиёд гардидани маблағгузории илм, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, ба роҳ мондани ҳифзи иҷтимоии кормандони илмӣ, таъсиси ҷоизаҳои илмӣ бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва қадрдонии кормандони илмӣ қисме аз он чорабиниҳое мебошанд, ки Ҳукумати кишвар дар ин самт амалӣ намуда истодааст.

Бо дарназардошти ин ва бо дастрасӣ ба моддаи 12-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи моддаи 58-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба танзим даровардани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвият бахшидан ба дастгирии давлатии илм, афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон, фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди илм дар кишвар, афзун намудани саҳми илму техника дар рушди иқтисодиёти миллӣ, такмили низоми таҳия ва амалисозии барномаҳои инноватсионӣ дар соҳаи илм, таъмини ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва ба ин васила ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.

Омили дигари пешниҳоди лоиҳаи нави қонун он аст, ки тӯли 16 сол ба қонуни амалкунанда вобаста ба таҳаввулоти баамаломада дар соҳаи илм ва сиёсати давлатӣ дар ин самт тағйиру иловаҳои зиёд ворид шудаанд, ки истифодаи амалии онро душвортар гардонидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», ки дар таҳрири нав барои баррасӣ пешниҳод гардидааст, аз дебоча, 8 боб ва 37 модда иборат аст.

Дар боби якум, ки «Муқаррароти умумӣ» номгузорӣ шудааст, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, аз ҷумла натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, комиссияи олии аттестатсионӣ, Кодекси намунавии одоби илмӣ, сиёсати соҳавӣ оид ба илму техника, маърӯзаи миллӣ оид ба илм ва (ё) илму техника ва дигар мафҳумҳо ҷой дода шудаанд, ки барои дарки дурусти масъала мусоидат менамоянд.

Боби дуюм салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсиониро, ки фаъолияти он соли ҷорӣ шурӯъ мегардад, муайян менамояд.

Боби сеюм субъектҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро мушаххас намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои корманди илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ташкилотҳои илмӣ, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ ва фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муносибатҳоро дар бар мегирад.

Боби чорум талаботи тахассусиро нисбат ба тайёр кардани корманди илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, тахассуси корманди илмӣ, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, тартиби эътирофи дараҷаҳои илмиеро, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дарёфт кардаанд, танзим менамояд.

Дар боби панҷум принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ, меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмиро танзим менамоянд, махсусан роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ, муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм, Кодекси намунавии одоби илмӣ ва масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ ҷой дода шудаанд, ки маҷмӯи муносибатҳоро дар ин самт танзим менамоянд.

Боби шашум муқаррароти идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, таъминоти иттилоотӣ, маблағгузорӣ, натиҷаҳо, арзёбӣ ва экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникиро ифода менамояд.

Боби ҳафтум ҳифзи иҷтимоии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин ҳавасмандгардонии кормандони илмиро муқаррар менамояд.

Боби ҳаштум «Муқаррароти хотимавӣ» унвон дошта, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ҷой дода шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳишмандем, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич дода мешавад.

Лутфулло САИДМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намуда, ба хотири таҳкими асосҳои моддиву техникии ташкилотҳои илмӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар 15 соли охир барои тараққӣ додани илми ватанӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бештар аз 362 миллион сомонӣ хароҷот шудааст ва пешбинӣ мегардад, ки то соли 2020 ба ин самт зиёда аз 600 миллион сомонӣ равона карда шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 омадааст, ки  муҳаққиқон ва ташкилотҳои илмӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати рушди минбаъдаи илму техника ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, баланд бардоштани мавқеи илм дар раванди таълиму тарбия ва тавсияҳои Ассамблеяи  Генералии   ЮНЕСКО «Оид ба мавқеи (статуси) кормандони илмӣ» ва Қарори Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи «Декларатсия оид ба принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ» зарурати пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» дар таҳрири нав пеш омад ва он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Убайдулло Қурбон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов ва Лутфулло Саидмуродов таҳия карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2014 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 86 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 64-то қабул, 14-то қисман қабул ва 8-тояш қабул нашуд.

29 декабри соли 2014 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо дарназардошти фармонҳои Президенти кишвар дар бораи ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидани вазифаҳои пешбурди сиёсати илм ва дар бораи таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, таклифу пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро дар таҳрири нав дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шабозов Мирганд Шабозович дода мешавад.

Мирганд ШАБОЗОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мақсад ва мазмуни лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз тарафи субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ- узви Маҷлиси миллӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов дақиқу возеҳ фаҳмонида дода шуд. Зикр кардан зарур аст, ки дар зарфи 16 соли охир ба қонуни амалкунанда тағйирот ва иловаҳои зиёд ворид карда шуда буданд, ки истифодаи амалии онро душвор гардониданд ва зарурати дар таҳрири нав мукаммалкунии онро ба миён оварданд. Ғайр аз ин, рушди бемайлони илму техника дар кишвар ва зиёдшавии шумораи муассисаҳои илмии академӣ ва макотиби таҳсилоти олӣ ногузир зарурати мутобиқгардонии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти илмии муҳаққиқонро дар соҳаи илму техника талаб менамояд. Мувофиқи рақамҳои расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи июли соли 2014 дар тамоми соҳаҳои илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3852 нафар дараҷаҳои илмӣ доранд, ки аз онҳо 762 нафар докторон ва 3090 нафар номзадҳои илм мебошанд. Аз ин ҷумла 979 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 112 нафарашон докторон ва 867 нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Агар таносуби ин шумораро ба тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қиёс намоем, нисбат ба Ҷумҳурии Қирғизистон 1,4 баробар ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,2 баробар зиёд аст. Вобаста ба ин рақамҳо зарурати муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ ва мақсади амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, бо дарназардошти рушди ин самтҳо дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат пеш омадааст, ки дар лоиҳаи нави қонун ба назар гирифта шудаанд. Мехоҳам чанд нуктаеро, ки дар лоиҳаи қонуни нави мукаммал зикр шудаанд, хотиррасон намоям, ки дар қонуни амалкунанда мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Пеш аз ҳама, зикр намудан зарур аст, ки бори аввал салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пурра муайян гардидаанд. Қобили зикр аст, ки мувофиқи банди 4 моддаи 10 қонуни пешниҳодшуда минбаъд ба субъектони фаъолияти илмӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пурра кафолат дода мешавад. Талаботи тахассусӣ нисбат ба кормандони илмӣ муайян карда шудаанд. Корманди илмие, ки унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад. Дар моддаи 19 банди 1 зикр шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ва доктори илм ҳамчун дараҷаҳои илмӣ (қонунан) эътироф карда мешаванд. Дар банди 2 моддаи 20 омадааст, ки шарти муҳим барои соҳиб шудан ба унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик)-и АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳо аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки ин муассисаҳои илмӣ анҷом медиҳанд, мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ба ҳисоб меравад. Ин шарт, бешубҳа, аз баланд бардоштани мақоми илм дар шароити кунунӣ ва бо академияҳои илмии хориҷӣ баробар шудани илми муосири тоҷикро шаҳодат медиҳад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала чӣ таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.

Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Қабул шудани чунин қонуни мукаммал боиси қаноатмандист. Баробари дигар воситаҳо илм низ таҳрикдиҳандаи истеҳсолот мебошад. Он метавонад дар рушди соҳаҳо, аз ҷумла бахши истеҳсолӣ аз омилҳои асосӣ дониста шавад.

Дар лоиҳаи қонун сиёсати дастгирии иҷтимоии соҳаи илм нишон дода шудааст, ки комилан дуруст мебошад. Мо дар соҳаҳои гуногуни илм бисёр олимони барҷаста дорем, вале аз сабаби камбуди маблағ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ менамоянд.

Тавре дар лоиҳаи қонун омадааст, бо татбиқи механизми дастгирии давлатии иҷтимоӣ бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад, ки онҳо дар кишварамон ба фаъолияти илмӣ машғул шуда тавонанд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ мекунам.

Муҳиддин КАБИРӢ: — Лоиҳаи қонуни мукаммалро ҷонибдорӣ менамоям. Бахусус ворид намудани асосҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ҷолиб мебошад. Илм ва ахлоқ, илм ва фарҳанг бояд паҳлуи ҳам қарор дошта бошанд. Бо набудани ахлоқ, маънавиёту фарҳанг илм метавонад натиҷаҳои баръакс диҳад.

Башарият шоҳиди он ҳастанд, ки баъзе кашфиётҳои илмӣ дар ниҳояти кор барои худи инсоният ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ ва харобиҳои зиёде оварданд. Истеҳсоли бомбаи атомӣ аз ҷумлаи чунин ихтироот мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илм таваҷҷуҳ бештар шудааст. Қонуни нав ба ин раванд кумак хоҳад расонд. Беҳтар мебуд, агар илм аз сиёсат ҷудо бошад. Сиёсат дар заминаи илм бояд роҳандозӣ шавад. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар кормандони илм бештар ба фаъолияти илмӣ, кашфиёт машғул мешуданд.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин  НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон !

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» пешниҳод гардидааст.

Ҳаҷми  умумии маблағи ин лоиҳа 25,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 22,0 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (институтҳои молиявии шарик) дар ҳаҷми 3,9 миллион доллари ИМА муайян гардидааст.

Мақсади лоиҳаи  мазкур ин рақобатпазир гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ тавассути беҳтаргардонии самараи баҳисобгирии нарх ва маҳсулнокии ҳамкориҳои дуҷониба ба воситаи зиёд намудани имкониятҳои дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва устуворгардонии иқтидории бенефитсиарҳои лоиҳа мебошад.

Лоиҳаи мазкур аз се қисмати асосӣ иборат аст. Қисмати аввали лоиҳаи номбурда ба маблағи 6,7 миллион доллари ИМА тавассути Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад ва он ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи техникии бенефитсиарони лоиҳа равона мегардад.

Қисмати дуюми лоиҳа бошад, ба маблағи 15,3 миллион доллари ИМА тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ ва ба таъмини дастрасӣ ба қарзҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат барои корхонаҳои агросаноатӣ (ширкатҳои аграрӣ) ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ равона карда мешавад.

Ҳадафи қисмати сеюми лоиҳа ин баҳри таъмини рушди иқтидори институтсионалӣ ва идораи лоиҳа, ки дар маҷмӯъ 3,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, мавриди истифода қарор мегирад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2014 оғоз гардид ва то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Лоиҳаи пешниҳодшуда  16000 хоҷагии фермерии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дар бар мегирад, ки аз ин хоҷагиҳо бояд 30 фоизашро занҳо ташкил диҳанд, зеро он дар доираи сиёсати гендерӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур дастгирии 200 корхонаи хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои хоҷагии қишлоқ дар назар дошта шудааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин Исмат дода мешавад.

ҲИСОРИЗОДА Муҳаммад-амин Исмат: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» 30 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2739 аз  5 январи соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома грантӣ аз 5 модда ва замимаҳо иборат буда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ тавассути зиёд намудани самаранокии захираҳои муайяни афзоиши арзиш, инчунин муносибатҳои истеҳсолӣ бо роҳи тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва таҳлили иқтидори манфиатгирандагони лоиҳа мебошад.

Созишнома, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи техникӣ, таъмини дастрасии молиявӣ барои корхонаҳои агросаноатӣ ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ, рушди иқтидори институтсионалӣ ва идоракунии  лоиҳа, ки барои дастгирии фаъолияти тиҷоратӣ зарур мебошад, нигаронида шудааст. Татбиқкунандаи лоиҳаи мазкур Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қисматҳои асосии лоиҳа, пеш аз ҳама, ба мукаммалгардонии донишу таҷриба дар соҳаи тиҷорати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ — 6 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА, дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои соҳаи агробизнес ва хоҷагиҳои соҳибкории хурд — 15 миллиону 320 ҳазор доллари ИМА ва устуворгардонии иқтидори институтсионалӣ ва идораи лоиҳа — 3 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА равона карда шудааст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи мазкурро дар ҷаласаи васеи худ, ки 8 январи соли 2015  баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дод ва бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Дар хусуси қабули Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мақсади асосии Созишнома ба итмом расонидани сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва инчунин оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат, ки яке аз намудҳои асосии ашёи хом барои истеҳсоли алюминий ба ҳисоб меравад, мебошад, ки барои ба даст овардани даромад ва рушди соҳаи саноати мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор дар моҳи июни соли 2008 бо роҳи маблағгузорӣ аз маблағҳои дохилии «ТАЛКО Менеҷмент ЛТД» ба роҳ монда шуда буд. Пудратчии асосии сохтмон Ширкати миллии хитойии мошинасозии вазнин «СНМС» (english) мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар айни ҳол 90 фоизи таҷҳизоти  корхонаи истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор ворид карда шудааст, ки дар майдони саноатии корхонаи мазкур дар шаҳри Ёвон нигоҳ дошта мешавад. Инчунин 40 фоизи корҳои сохтмонии корхонаи мазкур ба анҷом расонида шудааст.

Вале аз сабаби таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, маблағгузории сохтмон аз тарафи Фармоишгар дар шахсияти ширкати «ТАЛКО Менеҷмент ЛТД», бо сабаби набудани сармоя, қатъ гардид.

Маблағи умумии сармоягузории лоиҳае, ки корхона оид ба истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфатро дар бар мегирад, 125,59 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 28,5 миллион доллари ИМА аз тарафи ширкати «ТАЛКО Менеҷмент ЛТД» барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти технологӣ пардохт карда шудааст.

Маблағи умумии боқимонда барои ба анҷом расонидан ва ба кор даровардани корхонаҳои мазкур – 88,5 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 53,5 миллион доллари ИМА барои сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор ва 35,0 миллион доллари ИМА барои сохтмони корхонаи истеҳсоли  кислотаи сулфат зарур мебошад. Бинобар ин, барои татбиқи лоиҳаи мазкур 88,5 миллион доллар қарзи имтиёзнок ҷалб гардидааст.

Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, бо юани хитойӣ бо шартҳои зерин пешниҳод шудааст:

- маблағи қарз – 248,3 миллион юан  (40,7 миллион доллари ИМА – бо қурби 6,1);

- муҳлати қарз – 25 сол;

- давраи имтиёзнок – 11 сол;

- меъёри фоиз – 1,5 фоизи солона;

- пардохт барои нигоҳдории маблағ – 0,2 фоиз;

- пардохти яккарата барои хизматрасонии бонкӣ – 0,2 фоиз.

Қарзи мазкур пурра аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» баргардонида мешавад. Бинобар ин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади хизматрасонии маблағҳои қарзӣ ба имзо мерасонад, ки ин хавфҳои Буҷети давлатиро пешгирӣ менамояд.

Бояд зикр кард, ки баъди ба истифода додан ва ба фаъолият шурӯъ намудани Корхонаи тавлидоти криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бо дарназардошти аҳамияти лоиҳаи мазкур ба иқтисодиёт, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО», ки 7 ноябри соли 2014 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти № 2740 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳа аз сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди «ТАЛКО», ки ба баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона (ба даст овардани даромади зиёд ва рушди саноати ватанӣ) мусоидат менамояд, иборат мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди «ТАЛКО» – 88,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 8 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» пешниҳод мегардад.

Дар маърӯзаи пешина мақсади асосӣ ва аҳамияти муҳим доштани лоиҳаи мазкур зикр карда шуд.

Бояд ёдовар  шуд, ки барои ба талаботи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй будани қарзи мазкур, он бо ду асъор, яъне 46 фоиз бо юани хитойӣ (Созишномаи қарзии имтиёзноки ҳукуматӣ) бо шартҳои дар маърӯза зикргардида ва 54 фоиз бо доллари ИМА  (Созишномаи қарзии имтиёзноки содиротӣ) ҷалб карда шудааст. Татбиқи лоиҳаи зикргардида бо шартҳои зерин амалӣ мегардад:

- маблағи қарз – 47,8 миллион доллари ИМА;

- муҳлати қарз – 20 сол;

- давраи имтиёзнок – 9 сол;

- меъёри фоиз – 2 фоизи солона;

- пардохт барои нигоҳдории маблағ – 0,2 фоиз;

- пардохти яккарата барои хизматрасонии бонкӣ – 0,2 фоиз.

Ҳар ду қарз 7 ноябри соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонида шудааст, ки дорои зиёда аз 35 фоиз унсури грантӣ мебошанд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: -Аз рӯи ин масъала  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО», ки 7 ноябри соли 2014 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти № 2741 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди «ТАЛКО», ки ба баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона (ба даст овардани даромади зиёд ва рушди саноати ватанӣ) мусоидат менамояд, мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» — 88,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки дар робита ба ин 7 ноябри соли 2014 Созишномаи қарзии имтиёзноки содиротӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 47,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 8 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифт ва тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ ва ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин хотир, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Оид ба Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе –Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Барои баррасии шумо Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон» пешниҳод мегардад.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин пайваст намудани қисмати ҷанубии хатти роҳи оҳани Тоҷикистон ба қисмати марказии он мебошад, зеро роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз се минтақа, яъне марказӣ, ҷанубӣ ва шимолӣ иборат аст, ки онҳо байни худ пайваст нестанд ва баромад ба ҷанубу шимол танҳо ба воситаи роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.

Хатти роҳи оҳани мазкур маркази ҷумҳуриамонро ба маркази вилояти Хатлон, бидуни қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст намуда, масофаи он ба 320 км кӯтоҳ  мегардад ва имконият медиҳад, ки арзиши хароҷоти логистикии боркашонӣ куллан кам карда шавад. Ин боиси дастгирии соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба бозорҳои беруна мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон аҳамияти стратегӣ дошта, дар оянда метавонад ҳалқаи пайвасткунандаи алоқаи роҳи оҳани байналмилалии Ҷумҳурии Халқии Хитой – Тоҷикистон –Афғонистон –Эрон гардад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани баромадгоҳи иловагӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ва ба табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи мазкур татбиқи яке аз ҳадафҳои асосӣ- раҳоӣ ёфтани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсиониро амалӣ менамояд.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 71,9 млн.доллари ИМА буда, барои татбиқи он қарзи имтиёзнок аз Бонки содироту воридоти Хитой («Эксимбок») дар ҳаҷми баробар ба 68,3 млн.доллари ИМА ҷалб карда шудааст. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби маблағҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пардохт карда мешавад, ба 3,6 млн.доллари ИМА баробар мебошад.

Қарз хусусияти имтиёзнокии баланд дошта, бо юани хитойӣ бо шартҳои зерин ҷалб карда мешавад:

- маблағи қарз -191,9 миллион юан (31,5 млн.доллари ИМА);

- муҳлати қарз – 25 сол;

- давраи имтиёзнок – 11 сол;

- меъёри фоиз – 1,5 фоизи солона;

- пардохт барои нигоҳдории маблағ – 0,2 фоиз;

- пардохти яккарата барои хизматрасонии бонкӣ – 0,2 фоиз.

Қарзи мазкур пурра аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргардонида мешавад. Бинобар ин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади хизматрасонии маблағҳои қарзӣ ба имзо мерасонад, ки ин хавфҳои Буҷети давлатиро дар вақти татбиқи лоиҳа пешгирӣ менамояд.

Мувофиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, ки соли 2008 омода карда шудааст, сохтмони он аз 40,7 км иборат буда, он се туннел бо дарозии умумии 3755 метр, 11 кӯпрук ва 126 адад иншооти сунъиро дар бар мегирад.

Сохтмони се туннел бо дарозии умумии 3755 метр ва панҷ кӯпруки калон бо дарозии умумии 712 метр аз ҷониби гурӯҳи ширкати Идораи 19-уми роҳи оҳани Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой («Эксимбонк») ба маблағи 71,9 млн.доллари ИМА амалӣ карда мешавад. Корҳои боқимондаи сохтмонӣ (заминӣ, иншооти сунъӣ, пармакунӣ ва таркишӣ) аз ҳисоби маблағҳои худии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ҷалби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ иҷро карда хоҳанд шуд.

Айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 12 ширкати ватаниву хориҷӣ ҷалб карда, 135 адад мошину механизмҳо ва 382 нафар кормандон равона карда шудааст.

Баъди ба истифода додани иншооти мазкур зиёда аз 90 ҷойи кории нав ба вуҷуд меояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриамон мусоидат мекунад.

Бинобар манфиатҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва иҷтимоии лоиҳаи мазкур ба иқтисодиёти кишвар, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон», ки 7 ноябри соли 2014 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти № 2742 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳа ин аз пайваст намудани қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо шабакаҳои умумиҷумҳуриявии роҳи оҳан иборат мебошад. Амалишавии лоиҳа ба наздик шудани марказҳои иқтисодии ҷануби ҷумҳурӣ бо дигар минтақаҳои кишвар имкон дода, ба рушди иқтисодиёт дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дар оянда роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон метавонад ҳалқаи пайвасткунанда бо Ҷумҳурии Халқии Хитой-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон гардад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани баромадгоҳи иловагӣ ба бозорҳои байналмилалӣ имконият медиҳад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон» — 68,4 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин 7 ноябри соли 2014 Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 191,9 млн. юан (31,5 млн. доллари ИМА) ба имзо расонида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Рӯзи 8 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат- Ёвон» пешниҳод мегардад.

Дар маърӯзаи пешина мақсади асосӣ ва аҳамияти муҳим доштани лоиҳаи мазкур зикр карда шуд.

Инчунин бояд ёдовар шуд, ки барои ба талаботи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй будани қарзи мазкур, он бо ду асъор, яъне 46 фоиз бо юани хитойӣ (Созишномаи қарзии имтиёзноки ҳукуматӣ) бо шартҳои дар маърӯза зикргардида ва 54 фоиз бо доллари ИМА (Созишномаи қарзии имтиёзноки содиротӣ) ҷалб карда шудааст. Татбиқи лоиҳаи зикргардида бо шартҳои зерин амалӣ мегардад:

- маблағи қарз -36,9 млн. доллари ИМА;

- муҳлати қарз – 20 сол;

- давраи имтиёзнок – 9 сол;

- меъёри фоиз – 2 фоизи солона;

- пардохт барои нигоҳдории маблағ – 0,2 фоиз;

- пардохти яккарата барои хизматрасонии бонкӣ – 0,2 фоиз.

Ҳар ду қарз 7 ноябри соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонида шудааст, ки дорои зиёда аз 35 фоиз унсури грантӣ мебошанд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон», ки 7 ноябри соли 2014 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти № 2743 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии лоиҳа ин аз пайваст намудани қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо шабакаҳои умумиҷумҳуриявии роҳи оҳан иборат мебошад. Амалишавии лоиҳа ба наздик шудани марказҳои иқтисодии ҷануби ҷумҳурӣ бо дигар минтақаҳои кишвар имкон дода, барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар оянда роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон метавонад ҳалқаи пайвасткунанда бо Ҷумҳурии Халқии Хитой-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон гардад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани баромадгоҳи иловагӣ ба бозорҳои байналмилалӣ имконият медиҳад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат — Ёвон» — 68,4 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 7 ноябри соли 2014 дар робита ба ин Созишномаи қарзи имтиёзноки содиротӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳаҷми 36,9 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Рӯзи 8 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта ва тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба  лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» пешниҳод карда мешавад.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ мебошад. Боиси зикр аст, ки фасли зимистон шаҳри Душанбе зиёда аз 12 млн. КВт. соат дар як шабонарӯз неруи барқро истифода менамояд ва ин нишондиҳанда рӯ ба афзоиш дорад. Пурра ба кор даровардани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» имконият фароҳам меоварад, ки дар баробари 300 МВт неруи барқ 167 Гкал (гигакалорий) гармӣ дар як соат дар фасли зимистон истеҳсол шавад. Ин имкон медиҳад, ки тақрибан то 40 фоизи эҳтиёҷоти шаҳр (дар ҳолати фаъолияти сатҳи зарурии инфрасохтори гармӣ) ба неруи барқ ва гармӣ таъмин карда шавад.

Бо сабаби ғайриимкон будани воридоти гази табиӣ манбаъ барои бунёди неруи барқ ва гармӣ ангиштсанг интихоб карда шудааст, зеро манбаъҳои дохилии ангишт барои пурра истифодабарии иқтидорҳои воқеии он кифоя мебошад.

Дар иншооти мазкур истифодаи ангиштсанг аз конҳои  Фоняғноб ва Зиддӣ пешбинӣ карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти Маркази  барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» ва филтрҳо низ маҳз барои ангиштсанг аз конҳои мазкур фармоиш дода шудаанд.

Барои фаъолияти шабонарӯзии навбатии дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» бо иқтидори максималӣ 2932 тонна ангишт истифода хоҳад шуд. Инчунин дар қарордод пешбинӣ шудааст, ки дар иншоот таҷҳизот барои истифодаи гази табиӣ васлу насб карда мешавад.

Меъёрҳои тоза намудани дудҳои газнок ё маҳдуд намудани партовҳо ҳангоми сохтмон ба инобат гирифта шуда, дар қарордоди байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати хитойии «ТВЕА» дарҷ гардидаанд. Инчунин ширкати пудратчӣ уҳдадор карда шудааст, ки истифодаи технологияҳои муосири экологии сатҳи аврупоиро ба роҳ монад. Дар доираи қарордоди мазкур сохтмони анбори ангишт ва анбори хокистар ба нақша гирифта шудааст. Айни замон ҳамаи хокистар аз ҷониби истеҳсолкунандагони семент ва роҳсозон харидорӣ  мешавад.

Дар доираи лоиҳа зиёда аз 20,36 км қубурҳои гармидиҳӣ бо диаметри гуногун васл карда мешаванд. Муҳлати ниҳоии иҷрои корҳо 24 моҳ ва муҳлати истифодаи кафолатӣ низ 24 моҳ  муайян карда шудааст. Инчунин зиёда аз 350 нафар дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарии иншоот бозомӯзонида мешаванд. Дар назар аст, ки дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» зиёда аз 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони дуюми Маркази барқу гармидиҳии — 2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»- 348,9 млн. доллари ИМА, аз ҷумла- 331,4 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 17,4 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, бо юани хитойӣ бо шартҳои зерин пешниҳод карда шудааст:

-маблағи қарз- 929,9 миллион юан (152,5 млн.доллари ИМА);

-муҳлати қарз -25 сол;

-давраи имтиёзнок- 11 сол;

-меъёри фоиз -1,5 фоизи солона;

-пардохт барои нигоҳдории маблағ- 0,2 фоиз;

-барои хизматрасонии бонкӣ- 0,2 фоиз.

Қарзи мазкур пурра аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» баргардонида мешавад. Бинобар ин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ШСХК «Барқи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади хизматрасонии маблағҳои қарзӣ ба имзо расонидааст, ки ин хавфи Буҷети давлатиро пешгирӣ менамояд.

Дар асоси таҳлилҳои иқтисодӣ- молиявии зикргардида, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

Нодира ТУРДИМАТОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт», ки 7 ноябри соли 2014 ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти №2744 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома аз 9 модда иборат буда, дар ҳаҷми              929977 078,40 юан барои «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» ба имзо расидааст. Дар Созишномаи мазкур мафҳумҳо, шартҳо ва истифодабарии қарз, азхудкунии маблағи асосӣ ва фоизи қарз, намояндагӣ ва кафолатҳои қарзгиранда, аҳдҳои махсус, ҳолатҳои иҷро нашудани уҳдадориҳо, шартҳои дигар, шартҳои эътибор пайдо намудани Созишнома дарҷ гардидааст.

Тамоми пардохт дар доираи Созишномаи мазкур бояд бо юан амалӣ карда шавад. «Қарордоди тиҷоратӣ» маънои Созишномаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии- 2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»- ро дорад, ки байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати ТВЕА рӯзи 4 июли соли 2014 ба маблағи умумии USS 348 867 869,00 (сесаду чилу ҳашт миллиону ҳаштсаду шасту ҳафт ҳазору ҳаштсаду шасту нуҳ доллари ИМА) ба имзо расидааст. Истифодабарандаи ниҳоӣ- ШСХК «Барқи Тоҷик» аст, ки қарзро истифода мебарад.

Муҳлати  пардохти қарз аз рӯи маблағ бояд 300 моҳро ташкил намуда, муҳлати имтиёзнок 132 моҳ ва муҳлати пардохти маблағи асосии қарз 168 моҳ аст. Тамоми даромади қарзро қарзгиранда барои пардохти тақрибан 43, 7 фоизи маблағи қарордод сарф менамояд.

Молҳо, техника ва хизматрасониҳое, ки аз ҳисоби истифодаи маблағи даромад харида мешаванд, бояд асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ шаванд ва ба стандартҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой мутобиқат кунанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 8 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилони халқ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии – 2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» пешниҳод мегардад.

Дар маърӯзаи пешина мақсади асосӣ ва аҳамияти муҳим доштани лоиҳаи мазкур  зикр карда шуд. Инчунин бояд ёдовар шуд, ки барои ба талаботи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй будани қарзи мазкур он бо ду асъор, яъне 46 фоиз бо юани хитойӣ (Созишномаи қарзии имтиёзноки ҳукуматӣ) бо шартҳои дар маърӯза зикргардида ва 54 фоиз бо доллари ИМА (Созишномаи қарзии имтиёзноки содиротӣ) ҷалб карда шудааст. Татбиқи лоиҳаи зикргардида бо шартҳои зерин амалӣ мегардад:

-маблағи қарз -178,9 млн. доллари ИМА;

-муҳлати қарз- 20 сол;

-давраи имтиёзнок- 9 сол;

-меъёри фоиз- 2 фоизи солона;

-пардохт барои нигоҳдории маблағ — 0,2 фоиз;

-барои хизматрасонии бонкӣ — 0,2 фоиз.

Ҳар ду қарз 7 ноябри соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонида шудааст, ки дорои зиёда аз 35 фоиз унсури грантӣ мебошанд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

Нодира ТУРДИМАТОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт», ки 7 ноябри соли 2014 ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти №2745 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома аз 9 модда иборат буда, дар ҳаҷми 178969216,80 доллари ИМА барои «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт» ба имзо расидааст. Дар Созишномаи мазкур мафҳумҳо, шартҳо ва истифодабарии қарз, азхудкунии маблағ, пардохти маблағи асосӣ ва фоизи қарз, намояндагӣ ва кафолатҳои қарзгиранда, аҳдҳои махсус, ҳолатҳои иҷро нашудани уҳдадориҳо, шартҳои дигар, шартҳои эътибор пайдо намудани Созишнома ҷой дода шудааст.

Меъёри фоизи солонаи қарз 2 фоиз ва барои ҳаққи хизматрасонии идоракунии маблағ 0,2 фоизро ташкил медиҳад. Муҳлати  пардохти қарз аз рӯи маблағ бояд 240 моҳро ташкил диҳад, ки аз он муҳлати имтиёзнок 108 моҳ ва муҳлати пардохти маблағи асосии қарз 132 моҳро ташкил медиҳад. Тамоми даромади қарзро қарзгиранда барои пардохти тақрибан 51,3 фоизи маблағи қарордод сарф менамояд.

Қарзгиранда ба қарздиҳанда маблағро барои идораи маблағҳо аз ҳисоби умумии маблағ, ки ба 357.938.43 доллари ИМА баробар аст, бояд якбора дар муддати 30 рӯз аз рӯзи эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур, аммо на дертар аз санаи якуми гирифтани маблағ пардохт намояд, ки миқдори ин пардохт мутобиқи зербанди моддаи 2.2 ҳисобида мешавад. Ҷамъи маблағ барои идоракунии маблағ бояд ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар моддаи 4.4 нишон дода шудааст, гузаронида шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»- ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 8 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзи имтиёзноки харидорӣ (содиротӣ) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи «Сохтмони марҳилаи дуюми «Маркази барқу гармидиҳии -2 шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150 МВт»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилони халқ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ