Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам меояд

№16 (3162) 15.02.2014

DSC_1233

Дувоздаҳуми феврали соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум доир гардид.

Доир ба рӯзномаи  ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани  тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 сухан ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоева Сумангул Саидовна дода мешавад.

ТагоеваСумангул ТАҒОЕВА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар буда, пайваста мадди назар ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин радиф бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябри соли 2012 зимни сафари Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи  муҳоҷират ба имзо расонида шуд.

Дар асоси муқаррароти Ёддошти мазкур лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 таҳия гардид.

Протоколи зикршуда пас аз анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аз ҷониби роҳбарони мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Протоколи мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи маълумоти баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишварамон, тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар соли 2013 аз ҷумҳурӣ 799698 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа сафар намуда, дар ин давра аз хориҷа 642841 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки раванди муҳоҷирати  меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар тамоили афзоиш дошта, зиёда аз 90 фоизи он ба Федератсияи Россия рост  меояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси муқаррароти Протоколи мазкур муҳлати амали рухсатномаи корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тарафҳои Созишнома то се сол тамдид гардида, муҳлати будубоши онҳо, тибқи рухсатномаи корӣ, бе хориҷшавӣ аз қаламрави давлати  будубош тамдид мегардад.

Бахусус қоидаи мазкур маҳдудияти яксолаи будубошро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, аз байн бурда, имкон медиҳад, ки онҳо бе хароҷот ва ташвишҳои иловагӣ ҷойи кори худро ба муддати се сол нигоҳ доранд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки яке аз сабабҳои аз тариқи маъмурӣ берун кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия ва манъи воридшавии онҳо ба ин кишвар ин риоя нашудани муҳлат ва тартиби будубоши онҳо дар Федератсияи Россия мебошад.

Тасдиқи Протоколи мазкур ва мавриди амал қарор гирифтани он барои пешгирӣ ва кам  намудани чораҳои маъмурӣ нисбати  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошта, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ –шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, мусоидат хоҳад кард.

Аз ин лиҳоз, вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки масъалаи  мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Доир ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон Умарович дода мешавад.

ХоновАбдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Масъалае, ки  имрӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи махсус дорад. Зеро аксар аз теъдоди умумии муҳоҷирони кории кишвари мо ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ озими Федератсияи Россия мешаванд ва ҳамаи онҳо хоҳони шароити мусоиди кору фаъолият мебошанд.

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, ки 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шудааст.

Протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2014 №2265 барои хулоса ба Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи мазкурро дастгирӣ намуданд.

30 январи соли 2014 Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, ки 29 октябри соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Ин санад гирифтани иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати се сол бе гузаштани сарҳади кишвари қабулкунанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад.

Созишномаи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи боэътимод буда, имкониятҳои мусоидро барои муҳоҷирони меҳнатӣ фароҳам  меоварад.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар дода мешавад.

Қосим РОҲБАРҚосим РОҲБАР: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мутобиқи  моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 №94 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии татбиқи консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2012-2015» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»-ро таҳия намуд, ки дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2013 баррасӣ гардид.

Зарурияти даровардани тағйирот ба қонуни мазкур ин такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ гардонидани он ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани ваколатҳои мақоми ваколатдор, механизмҳои татбиқи беҳтаргардонии ҳолати беҳдошти заминҳо ва бо ин васила вусъат додани рушди истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо мебошад.

Қонуни мазкур аз 6 боб ва 24 модда иборат аст, ки ба номгуйи 1 боб ва 5 модда тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар қонуни амалкунанда номгуйи мақомот ба боби 3-юми Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида нашуда буданд ва аз сабаби  он ки ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз фаъолияти якчанд мақомот- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буда, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ номгуйи ваколатҳои мақоми ваколатдор ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян нагардида, шароити ҳуқуқӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, ташхиси агрокимиёвӣ фароҳам оварда нашуда буданд.

Ба лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2, моддаи 3 барои мутобиқ намудан ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» расидан ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ба моддаи 4 барои гузоштани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳо ба монанди агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зидди эрозиявӣ ва самти гузаронидани онҳо, ҳолати ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ тағйирот ворид карда шудааст.

Ба лоиҳаи қонун  моддаи 41 барои муайян намудани номгуйи ваколатҳои мақоми  ваколатдор ва ҷиҳати  ҳамоҳангсозии               фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба гузаронидани чорабиниҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ илова шудааст.

Ба моддаи 21 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум барои таҳияи харитаҳои тавсифи хусусиятҳои хокҳои ҷумҳурӣ, стандарт, меъёр, қоидаву дастури амалӣ гардонидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зидди эрозиявӣ илова ворид шудааст.

Тағйиру иловаҳои воридшуда барои амалигардонии ҳадафи Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани самтҳои асосии дастгирии давлатӣ дар ҳосилхезгардонии заминҳо, истифодаи оқилонаи замин, ташкили бозори замин, нигоҳ доштани  саломатии инсон ва таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

Аз ҳама асосӣ барои иҷрои вазифаҳои дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Истифодаи самараноки захираҳои обу замин» таъкид шуда буд, мусоидат менамояд.

Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам  лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.

ҲИСОРИЕВМаҳмадамин ҲИСОРИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №2229 аз 13 январи соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи  ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои     таъиноти кишоварзӣ» бо мақсади такмил додани он вобаста ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муайян намудани механизми татбиқи он, беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, баланд бардоштани малакаи пешбурди соҳа, ҳамчунин зиёд кардани ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти чорво, самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ва дигар захираҳои мавҷуда равона гардидааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, пеш аз ҳама амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, тасдиқи стандарт, меъёр, қоида ва дастурҳои  гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зидди эрозиявӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ вогузор шудааст.

Ҳамчунин ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ лоиҳаи қонуни мазкур дар алоҳидагӣ муайян намуда, назорати давлатии барқарор кардани ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи онро аз тарафи заминистифодабарандагон муайян менамояд, ки он иҷрои қисми 9 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1021 аз 19 феврали соли 2011 «Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар назар дорад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ва дар тамоми матни он сархатҳо бо аломати дефис (-) ишора карда, Боби 2. «Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба «Салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии  заминҳои таъиноти кишоварзӣ» иваз карда шуда, сархатҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

-дар сархати якум калимаҳои «муайян намудани самтҳои асосии» ба калимаҳои «амалӣ намудани» иваз карда шуда, дар сархати шашум калимаҳои «ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда, калимаҳои «ва тасдиқи низомномаи он» илова карда шуд;

- дар сархати ҳафтум калимаи «муайяннамудаи» ба калимаи «пешбинишудаи» иваз карда шуд.

Дар ном ва матни моддаи 4 калимаҳои «Ваколати мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуд.

Дар сархати чоруми моддаи 4 калимаҳои «ба ҳисоб гирифтани» ба калимаи «баҳисобгирии» иваз карда шуда, сархати дувоздаҳуми моддаи 4 ва сархати сеюми моддаи 41 бо мазмуни зайл илова карда шуд:

-амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.

Сархати якуми моддаи 6 хориҷ карда, дар сархати ҳафтуми моддаи 21 калимаи «калонҳаҷми» ба калимаи «маҷмӯии» иваз карда шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои такмили он 48 таклифу пешниҳод ирсол намудаанд, ки аз он пешниҳодҳои воридгардида 39- то қабул, 5 –то қисман қабул гардида, 4- тои онҳо қабул нашуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи қонуни мазкурро дар кумита 28 январи соли 2014 мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, дар маҷмӯъ онро ҷонибдорӣ намуд ва 31 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндаҳои дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Тағйиру иловаҳои воридгардида аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфтанд.

Муҳтарам Раис, эродҳои шумо, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи қонуни мазкур  баён шуда буд, якҷоя бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қобили қабул дониста шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб  намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»-ро ба баррасии шумо, вакилони гиромиқадр, пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қарақулов Амир Буриевич дода мешавад.

ҚАРАҚУЛОВАмир ҚАРАҚУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини иззатманд!

Ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои таъиноти кишоварзӣ тадбири ниҳоят муфиду фоидабахш арзёбӣ мекунем. Мо онро боиси дастгирии ҳамаҷониба меҳисобем.

Мавриди зикр аст, ки пешниҳоди лоиҳаи қонун бевосита аз Паёми Президенти муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 бармеояд.

Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 16,7 млрд. сомонӣ расонида шуд. Нисбати соли 2012 ҳаҷми он 7,6 фоиз ва соли 2010- ум 1,2 маротиба зиёд мебошад.

Сарфи назар аз ин ва дигар  пешравиҳо, дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумат аз 15 январи соли ҷорӣ қайд шуд, ки тайи сол болоравии воридоти картошка, равғани растанӣ, гӯшт, шир, тухм ба кишвар  мушоҳида гардид. Мисоли дигар, тибқи маълумот ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 60 фоизи заминҳои корам вобаста карда шудааст. Аммо ба онҳо ҳамагӣ 32 фоизи истеҳсоли маҳсулоти соҳа рост омад.

Ниҳоят хуб аст, ки дар лоиҳаи қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани боздеҳи заминҳои кишоварзӣ равшан баён карда шудаанд.

Тӯли соли 2014 ва солҳои  оянда тадриҷан афзунбахшии маблағгузориро ба рушди соҳа бояд ба нақша гирифт. Ҳоло он ҳамагӣ 0,7 фоизи Маҳсулоти умумии дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳамагон огаҳии комил доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ҳамасола қариб ба чоряки Маҳсулоти умумии дохилӣ мамлакат баробар аст. Андешидани чунин тадбирҳо ба иҷрои қонуни мазкур мусоидат мекунад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ