ДАР ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№64 (3544) 19.05.2016

DSC_1264Шонздаҳуми майи соли равон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони  баргузор шуд.

Баъди тасдиқи рӯзнома дар  бораи  масъалаҳои нахустини он — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумуҳрии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир  маълумот пешниҳод карданд.

Сипас, масоили зикршуда бо қароҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  баррасӣ ба ҷаласаи  навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешнҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин масъалаҳоро «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи Созишномаи молиявӣ вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ва «Дар бораи Созишномаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ба сифати Мақоми татбиқкунандаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим)» баррасӣ намуда, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

 Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ