Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№155 (3140) 10.12.2013

DSC_1902

9 декабри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

 Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа ва қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Шӯро ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намуданд.

Масъалаҳои рӯзномаро «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тасҳеҳ ба Созишномаи қарзии иловагӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Сафаралӣ Раҷабов ва Маҳмадалӣ Ватанов тавзеҳ доданд. Дар робита ба масъалаҳои баррасишуда таври алоҳида қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки тибқи онҳо ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардиданд.

Масъалаи навбатии рузнома — «Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Восеъ, Ховалинг, Сайрон-Қарамиқ (CAREC- коридори 3 ва 5)» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Марбут ба масъалаҳои дигари рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Оид ба лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ