Ҳаштуми апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъд аз қабули қарор дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А. Азимов, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот О. Салимзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия А. Катаев масъалаҳои зерини рӯзнома- «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd.» оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматиконидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид», «Дар бораи Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод карда, тавзеҳ доданд.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мазкур қабул гардида, ин масъалаҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.
Масъалаҳои зерини рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва «Дар хусуси Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку»-ро мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Охунов ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод карда, шарҳ дод.
Тибқи муқаррароти қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои номбурда барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қарор қабул кард.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
«Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ