Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№140-141 (3286-3287) 24.11.2014

24 ноябри соли  2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи Шӯро  бо дарбаргирии масъалаҳои зерин тасдиқ гардид: «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки  Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», «Дар бораи Созишномаи грантӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки  Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ  байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки  Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», «Дар бораи Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки  Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум».

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия С. Раҷабов масъалаҳои мазкурро ба баррасии аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ дод.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул намуд ва ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Доир ба масъалаи навбатии рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи низоми  иҷозатдиҳӣ» қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, масъалаи номбурда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қарорҳо  қабул кард.

Ҷумъахон НАБОТОВ,  «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин  ИСОЕВ