9 феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи Шӯро тасдиқ шуд.
Масъалаҳои зерини рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»,«Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа»,«Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе»,«Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Мактуб-созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Cо.,LTD»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаҳои истеҳсоли семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Кока Кола Ичечек А.С.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Х.Юсуфӣ, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М.Ватанов, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин С.Ёқубзод, муовинони раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният С.Холов, оид ба иқтисод ва молия С.Гулов ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баёнгардида, доир ба масъалаҳои мазкур, ҳамзамон аз рӯи масъалаҳои навбатии рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов С. И.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Шарипов С. И.» қарорҳои алоҳида қабул кард ва ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.
Ҳамзамон Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи зерини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қабул гардид.
Мутобиқи муқаррароти қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» таври алоҳида қарорҳо қабул намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ