Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№61 (3362) 28.04.2015

DSC_1067

27 апрели соли 2015  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро тасдиқ шуда, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон М.Ватанов, оид ба иқтисод ва молия Ш.Раҳимзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷ.Маҷидзода масъалаҳои нахустини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай» ва «Дар хусуси Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои баёнгардида, аз рӯи масъалаҳои мазкур, инчунин доир ба масъалаи дигари рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳо қабул кард ва ин масъалаҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома — «Дар бораи аъзои Гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ»,«Дар бораи аъзои Гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Парлумонии Кишварҳои Аъзои Созмони Конфронси Исломӣ», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ал-Маҷлис-ул-Иттиҳоди-ул-Ватани Аморати Муттаҳидаи Араб», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷилиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Миллии Давлати Қувайт (Маҷлис-ал-Уммаҳ)», «Оид ба ташкили Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рийгикогуи (парламенти) Ҷумҳурии Эстония», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус»,  «Дар бораи аъзои кумитаҳои умумии Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо», «Дар бораи аъзои Гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонҳои Осиё», «Дар  бораи  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ  ва  ҳамкории Маҷлиси намояндагони   Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Палатаи Мардумии Парламенти (Лок-Сабҳа)  Ҷумҳурии Ҳиндустон», «Дар  бораи  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ  ва  ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти (Сейми)  Ҷумҳурии Латвия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии  Парламенти  Ҷумҳурии Фаронса», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия», «Дар  бораи  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ  ва  ҳамкории Маҷлиси намояндагони   Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бо Радаи Олии Украина», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти (Сейми) Ҷумҳурии Лаҳистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти  Ҷумҳурии Финляндия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хурали Бузурги Давлатии (Парламенти)  Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии  Арманистон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти (Сейми) Ҷумҳурии Литва», «Дар  бораи  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ  ва  ҳамкории Маҷлиси намояндагони   Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бо Маҷлиси Олии Халқии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҳокимияти халқии Ҷумҳурии Куба»,  «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ  ва  ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Милли Меджлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон»,  «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бундестаги Ҷумҳурии Федералии Олмон», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парлумони Япония», «Дар   бораи   ташкили Гурӯҳи   дӯстӣ  ва   ҳамкории   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси   Олии    Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо Маҷлиси аш-Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ» ва «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон»  қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ҳамзамон бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», «Дар бораи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо» ва «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳо қабул кард.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ