Муҳокимаи парламентӣ

Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз мадди назар дур нест

№140-141 (3286-3287) 24.11.2014

DSC_0760

 

21 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» баргузор гардид. 

Ба муҳокимаи парламентӣ муовини Сарвазири мамлакат, роҳбарону масъулини вазорату идораҳои марбута ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

Баъд аз тасдиқи рӯзнома Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ намуда, минҷумла гуфт:

-Айни ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа омиле мебошад, ки ба низоми таъмини зиндагии аксарият оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири калон дорад. Бо назардошти солҳои зиёд ҳал нагардидани масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, зарурияти таҳияи стратегияе, ки мо имрӯз баррасӣ мекунем, пеш омада буд. Имрӯз дар муҳокимаи парламентӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки ҷараёни иҷрои ин стратегияро пурра баррасӣ кунем ва ба он баҳои воқеъбинона диҳем. Аз маълумоте, ки дар даст дорем, ба иҷрои аксарият чорабиниҳо баҳои мусбатро мебинем. Албатта, кӯшиши ба анҷом расонидани корҳои зиёде аз тарафи сохторҳои гуногуни Ҳукумат дар ин давра шуда истодааст, аммо ҳалли масъалаҳои асосӣ — омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ барои сафар ба хориҷа, танзими раванди муҳоҷират,  ҳолати қабул ва будубоши онҳо дар хориҷа, ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони корӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои аксарияти онҳо имрӯз ҳам дар ҳолати бад қарор дорад. Солҳост, ки мо дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бо Хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия ҳамкорӣ мекунем. Агарчӣ масоили бисёреро ҳал кардем, лекин мушкилоти зиёд ҳанӯз боқӣ мондааст. Беш аз як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия нони муҳоҷирати меҳнатиро мехӯранд, таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, муҳайё  сохтани шароити муносиби кору зиндагии онҳо ҳам қарзу ҳам вазифаи мост.

Мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзӯъҳои асосии муносиботи Тоҷикистону Россия ба шумор меравад. Тамдид кардани муҳлати бақайдгирии муҳоҷирон ва муҳлати иҷозати кор, тибқи меморандуми тарафайни соли 2012, вазъияти муҳоҷиронро каме бошад ҳам, сабук кард. Аммо имрӯз вазифаҳои нав гузошта шудаанд, ки онҳо дар Протоколи маҷлиси моҳи январ баргузоршудаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Ба иттилои шумо мерасонам, ки ин Комиссияро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат ва аз тарафи Федератсияи Россия  муовини аввали Сарвазир ҷаноби Шувалов роҳбарӣ мекунанд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қариб ягонтои он масъалаҳое, ки дар протокол дарҷ гардида буданд, то имрӯз ҳалли худро наёфтанд. Пеш аз ҳама, мехоҳам, лоиҳаи Созишномаро дар бораи муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи шаҳрвандон ёдовар шавам. Иқдоми мазкур ояндадор буда, дар сурати дуруст роҳандозӣ шуданаш барои мустақилона корҷӯйӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтару самарабахш хоҳад шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон 30 Агентии хусусии шуғли аҳолӣ мавҷуд аст, вале аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия таваккал карда мераванд.

То он ҷое, ки ман иттилоъ дорам, лоиҳаи Созишнома ним сол инҷониб мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Варианти охирин ба қарибӣ аз тарафи Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст ва мо бояд онро тезонем, дар мавриди зарурат такмил диҳем. Имрӯз мо мехостем шарҳи ин масъаларо аз вазорат ва масъулин шунавем. Албатта, барои кор дар хориҷа кадрҳое лозиманд, ки ҷавобгӯи талаботи кордиҳандагон мебошанд, ихтисос дошта бошанд ва мехостем дар ҳисоботҳо шунавем, ки танҳо шаш фоиз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷа мераванд, соҳиби касбу ҳунаранд ва мо оиди масъала чӣ фикру андеша дорем ва чӣ корҳоро карданӣ ҳастем? Муайян кунем, ки он литсейҳои касбҳои техникӣ, ки ба тайёр кардани кадрҳои коргарӣ машғул ҳастанд, дар чӣ ҳолатанд? Чӣ тавр ин корҳоро ба роҳ мондаанд? Дигаргуниҳо дар ин соҳа ба вуҷуд омадааст ё не? Чунки кори тайёр кардани кадрҳои коргарӣ дар Тоҷикистон солҳои охир хеле паст рафтааст. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохӯриҳояшон иброз медоранд, ки ҳама кор аз мутахассисон, аз шахсони соҳибкасб вобастагии калон дорад. Бояд тариқи озод, воқеъбинона тамоми паҳлуҳои масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро муҳокима кунем.

Масъалаи дигаре, ки мехостам, ки дар назар дошта бошед, созишномаи суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Соли 2007 лоиҳаи аввали ин ҳуҷҷатро мо пешниҳод карда будем. Имрӯз, агар маблағи интиқолгардидаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ба асос гирем, он маблағе, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, музди кор ва хизмати дар Федератсияи Россия расондаи онҳо барои гирифтани он маблағе, ки мо дар назар дорем, тақрибан ба 25 млрд. доллари ИМА баробар аст. Аз ин маблағ метавон тахмин кард, ки ба фондҳои дахлдори иҷтимоии Федератсияи  Россия зиёда аз 1 млрд. доллар гузаронида шудааст.

Агар мо муҳоҷирони меҳнатии ба кор иҷозатдоштаро ба ҳисоб гирем, ки ҳиссаи кору хизматашон фақат ба Фонди нафақаи Федератсияи Россия мегузарад, шумораи чунин шаҳрвандон, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия тахминан ба зиёда аз 200 ҳазор нафар мерасад. Ба ҳамаи ин одамон хатари дар пиронсолӣ бе нафақа мондан таҳдид мекунад. Дар Россия шаҳрвандони иқоматашон муваққатӣ ба гирифтани нафақа ҳуқуқ надоранд. Дар Тоҷикистон онҳо фақат ба нафақаи иҷтимоӣ умед баста метавонанду халос. Роҳи имконпазири ҳалли ин мушкилот ба Фонди нафақаи Тоҷикистон гузаронидани як қисми маблағи ҳиссаҷудокунии онҳост. Мо бояд созишномае дошта бошем, ки нафақаи онҳо, яъне андози иҷтимоие, ки онҳо месупоранд, он ба Фонди нафақаи Тоҷикистон биёяд, то ки вақте бармегарданд, аз он истифода бурда тавонанд. Ғайр аз ин, дар Созишнома ҷуброни зиёну зарари ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон расида имконияти соҳиб гаштани онҳоро бо полис, яъне ҳуҷҷати суғуртаи тиббӣ пешбинӣ намудан зарур аст. Ин аз масъалаҳои муҳиме аст, ки бе ҳалли он мо вазъи будубоши мардумамонро дар дигар давлатҳо беҳтар ва саломатии онҳоро ҳифз карда наметавонем.

Масъалаи мубрами дигар ин депортатсияи шаҳрвандон ва манъи ворид шудан ба хоки Россия ба шумор меравад. Фақат соли гузашта 3215 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои назорати сарҳад бозпас гардонида шуд. Ҳол он ки дар саристгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо пеш аз раҳсипор гардидани шаҳрвандон ба Россия номи равандагон бо рӯйхати Хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия муқоиса мешавад, лекин аз ҷумла донишҷӯён, дипломгирандагон, аълохонҳои мактабҳое, ки ба таътил баромада буданд, ихроҷ шуданд. Онҳо ба кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, маълум нест. Дар рӯйхати Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 70 ҳазор шаҳрванд зикр ёфтааст, ки ба хоки Россия рафтанашон манъ карда шудааст. Аммо тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия шахсоне, ки минбаъд ба Федератсияи Россия рафтанашон манъ карда шудааст, зиёдтаранд. Ҳоло ҳатто онҳое, ки ягон кирдоре содир накардаанд ё худ бори аввал ба Россия мераванд, бо рӯйхати Хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия муқоиса карда мешаванд ва он шахсон дилпур нестанд, ки камбудиеро ёфта, вайро ба Россия роҳ намедиҳанд. Дар вақти суҳбатҳои ман бо шахсони воломақоми Федератсияи Россия онҳо гуфтанд, ки мо як рӯйхат дорем, боз як рӯйхати дигарро Хадамоти федералии бехатарӣ метавонад пешниҳод кунад. Аз рӯйи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати кишварамон беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун дар Россия бе иҷозатнома кор мекунанд, мумкин рақам каме зиёду пасту боло бошад. Аксарияти ин мардум, ки ҳалол кор карда, музди ночиз мегиранд, метавонанд, музди меҳнаташонро дар вақташ надиҳанд, метавонанд ба қавле ба онҳо гӯл зананд, метавонанд ҳуқуқҳои онҳоро поймол кунанд, чунки онҳо ғайриқонунӣ дар он ҷо кор карда истодаанд.

Масъалаи дигаре, ки хеле муҳим аст, ин иттилооти дақиқ дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Тамоми шароити ҳисобу китоби муҳоҷирон дар сарҳади Тоҷикистон ва Россия фароҳам оварда шудааст. Ин рақамҳоро ба ҷомеа фақат сохторҳои марбута дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия эълон карда метавонанд. Гап дар бораи миқдор намеравад, он 1 млн. аст, 1,5 млн. аст ё 10 ҳазор аст. Ҳуқуқи ҳар шаҳрванди мамлакат дар куҷое, ки набошад, бояд ки пурра ҳифз карда шавад. Чунки онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд.

Мехостам донам, ки Ҳукумат, вазорату идораҳо, роҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо чӣ корҳоро иҷро карданианд, то ҷойҳои кори шоиста зиёд шаванд ва миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ кам шавад. Барои муҳоҷирони меҳнатие, ки соҳибкоранд, чӣ имтиёзҳо дода метавонем, чӣ корҳоро карда метавонем? Имрӯз як қисми онҳо дар вилояти Суғд ва дар як қисм ноҳияҳои вилояти Хатлон кор карда истодаанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ сафари Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати вакилони Тоҷикистон ба Россия буд. Қариб, ки 70-80 фоизи ссуҳбатамонро дар доираи ин сафар ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ бахшида будем. Ман пешниҳод кардам, ки як гурӯҳи кории байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия барои иҷрои ин масъалаҳо таъсис дода шавад. Стратегия ин пешбинӣ аст, пешбинӣ кардан бо кадом роҳ пеш рафтан ва ҳал кардани масъала. Стратегия боз чандин қонунҳо, созишномаҳо, ҳуҷҷатҳо, санадҳои дигарро талаб мекунад то масъала ҳалли худро ёфта тавонад. Барои ҳамин хоҳиш мекунам, дар ҳамин чорчӯба мо имрӯз суҳбат кунем.

Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ масъалаи мавриди баррасиро таври муфассал шарҳ дод. Зикр шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масоили муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба афзоиши аҳолӣ ва маҳдуд будани бозори дохилии меҳнат алоқамандии ногусастанӣ дорад. Имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ба низоми рӯзгори аксари хонаводаҳои Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар таъмини зиндагии онҳо нақши муассир дорад.

Аз ин хотир, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 таҳти рақами 460 «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» қабул гардидааст, ки татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи он ба беҳтар гардидани вазъи шаҳрвандони кишвар, ки ҳамчун муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа сафар мекунанд, мусоидат менамояд.

Таҳлили стратегияи мавриди назар собит намуд, ки 68 фоизи ҳадафҳо ва супоришҳои барномавӣ аз лиҳози ислоҳот дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, азхудкунии бозорҳои нави корӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат дар ташаккули омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор, бахусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шудааст. Вале бо ин ҳама он ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест ва иҷрои мукаммали ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ фаъолияти бештари мақомоти дахлдорро тақозо дорад.

Чандин Созишнома ва асноди муҳим ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақомоти дахлдори хориҷӣ, бахусус Федератсияи Россия маҳз дар заминаи ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидаанд, ки дар муҳлатҳои наздиктарин ба тасвиб хоҳанд расид.

Аз оғози фаъолияти хеш Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум масоили марбут ба муҳоҷирони меҳнатиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст.

Баргузор намудани муҳокимаи парламентӣ ва ҷаласаҳои зиёд перомуни масъалаи муҳоҷират низ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Бо дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони парлумони кишвар зимни тамоми сафарҳояшон ба хориҷи кишвар ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо онҳо вохӯриву мулоқотҳо баргузор карда, дар доираи салоҳияти хеш ва имкониятҳои мавҷуда дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намуданд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ тӯли таърих дар пайванду васли тамаддунҳо ва густариши фарҳангҳо нақши бузург доштааст.

Муҳоҷират як падидаи бисёр арзишманди инсоният ва тӯли таърих васлкунандаи миллатҳову кишварҳо маҳсуб мешавад. Мо наметавонем онро сарфи назар намоем, чунки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ баъзе омилҳои мусбатро низ дорост. Яке аз омилҳо он аст, ки муҳоҷирон дар баробари дарёфти манфиатҳои иқтисодӣ бо забон ва таъриху тамаддуни халқҳои дигар ошноӣ пайдо намуда, ҳамзамон соҳиби ҳунару ихтисоси сазовор мешаванд ва ҷаҳонбинии хешро низ вусъат мебахшанд.

Аз ҷониби дигар метавон зикр намуд, ки агар шаҳрвандон дар дохили кишвар бо ҷойи кори хуб таъмин бошанд, барои худу аҳли хонаводаашон беҳтар хоҳад буд ва ҳам дар густариши самтҳои гуногуни ҷомеа саҳми бештар хоҳанд дошт. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишвар ҳамеша талош меварзад, ки раванди муҳоҷиратро пешгирӣ намуда, барои шаҳрвандонамон дар дохили кишвар ҷойҳои кории мувофиқу мусоид муҳайё намояд.

Бо дарназардошти ин нукта, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор чунин супориш доданд: «Бо мақсади таъмин гардидани истифодаи самараноки маблағҳои Буҷети давлатӣ ва дар доираи ҳадафу афзалиятҳои барномаҳои қабулшуда равона намудани маблағҳо доир ба таҳияву татбиқи низоми ягона дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд». Ҳамзамон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин тавр таъкид карданд: «Дар баробари таъсис додани ҷойҳои кории нав ба масъалаи касбомӯзӣ, бахусус тақвият додани низоми такмили ихтисос ва фаъолияти марказҳои касбомӯзии калонсолон диққати ҷиддӣ додан зарур аст».

Бояд тазаккур дод, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва масоиле, ки шаҳрвандон дар хориҷи кишвар бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ҳамеша дар  мадди назари вакилони мардумӣ қарор дорад.

Аз ҷумла дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2014 таҳти рақами 2513  аз 1 то 8 сентябри соли равон ду аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ба шаҳрҳои Москва ва  Екатеринбурги Федератсияи Россия ба сафари хизматӣ рафтанд.

Дар ҷараёни сафар, қабл аз ҳама, бо фаъолияти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шинос шуда, дар ҳамдастӣ бо кормандони намояндагӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон бо шаҳрвандони муҳоҷир суҳбату мулоқотҳо баргузор карда, аз шароити кор ва будубоши муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва ва  Екатеринбурги Федератсияи Россия дидан намуданд.

Ҳамзамон вакилони мардумӣ роҷеъ ба навигариҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва созишномаҳои байналмилалии дар ин соҳа батасвибрасонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ доданд.

Дар ин мулоқотҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ андешаҳои судманд иброз гардиданд, ки таҳти назар доштани онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар беҳдошти вазъи кунунии муҳоҷирон манфиатбахш  хоҳад буд.

Баъди анҷоми сафар вакилон муътақид гардиданд, ки мушкиле, ки аксари муҳоҷирони тоҷик ва аслан ҷавонон дар Федератсияи Россия ба он мувоҷеҳ мешаванд, надонистани забони русӣ, риоя накардани   меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории он кишвар маҳсуб меёбад.

Маҳз ҳамин омил боиси пайдоиши мушкилот мешавад. Сабаби дигар надоштани касбу ҳунар ва ихтисоси лозимист, ки ин ба обрӯи миллату давлат низ дар арсаи байналмилалӣ латма ворид менамояд. Маҳз бо ин иллат, муҳоҷирони бе касбу бе ихтисоси мо маҷбур мешаванд, корҳои вазнинро бо музди нисбатан кам иҷро кунанд. Мутаассифона, аз миёни муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо теъдоди мутахассисон дар муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ хеле кам аст. Дар бозору муассисаҳои савдо низ муҳоҷирон фаъолият доранд ва бахши аъзами онҳо аслан дар сохтмон ҳамчун коргари одӣ ва кӯчарӯбу дарбон заҳмат мекашанд.

Барои беҳтар кардани вазъи ҳамватанони муҳоҷири мо дар Федератсияи Россия ва кишварҳои дигар роҳандозӣ намудани тадбирҳои муҳиму  саривақтӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем, ки дар доираи амали «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011 – 2015» корҳои зеринро анҷом диҳад:

1. Низоми ҳамкорӣ дар масъалаи мубориза бар зидди миёнаравҳои ғайриқонунӣ бо давлатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба кор таъмин мекунанд, дар қаламрави онҳо вусъат ёбад.

2. Тарғибу ташвиқ ва роҳандозии иқдомҳои дорои хусусияти иттилоотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин низоми маълумотдиҳӣ ва машваратдиҳии муҳоҷирони меҳнатиро тақвият бахшад.

3. Робита бо диаспораҳо, созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамаи  ҳамватанони муҳоҷир бояд дар сатҳи ҷавобгӯйи талабот ба роҳ монда шавад.

4. Мувофиқагардонии лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа густариш ёфта, ба тасвиб расонидани шартномаҳои байнидавлатӣ барои таҳсили ҷавонон дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии Федератсияи Россия ҳар чӣ зудтар ва ҳамаҷониба татбиқ карда шавад.

5. Барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ниёзманд Хазинаи (Фонди) кумакҳои моддӣ таъсис дода шавад ва он набояд аз ҳисоби муҳоҷирон бошад.

Умедворам, ки пешниҳодоти мазкур ба инобат гирифта мешаванд, — хулоса намуд Хайринисо Юсуфӣ.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода                     Сумангул Саид дар заминаи таҳлили амиқу доманадор вазъи кунунӣ ва мушкилоти ин равандро бозгӯйӣ намуд. Гуфта шуд, ки масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.  Дар ҷаҳони имрӯза муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ мубаддал гашта, мутобиқи маълумот ва дурнамои Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон, ки то соли 2010 ҳамагӣ 214 миллион нафарро ташкил медод, дар соли 2050 ба 405 млн. нафар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Бинобар афзоиши бемайлони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, ки  ҳамасола зиёда аз ду фоизро ташкил медиҳад,  бозори меҳнати дохилӣ талаботи ҳамаи қувваҳои кориро қонеъ карда наметавонад.  Аз ин рӯ,  қисме аз қувваҳои кории ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ  мераванд.

Бо дарназардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2011 таҳти №460 «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015»-ро қабул намуд. Ҷиҳати иҷрои Стратегияи мазкур вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ вазифадор карда шуданд.

Вазорат ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи муҳоҷират фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар иҷрои Стратегияи мазкур  ҳамоҳанг намуда, ҳар нимсола маълумотро ҷамъбаст ва унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд. Мутобиқи натиҷаҳои ҷамъбастшуда ба ҳолати имрӯз аз 40 банди Нақшаи чорабиниҳои Стратегия 23 банди он иҷро гардида, 17 банд мавриди иҷро қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки  маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Стратегияи мазкур аз ҳисоби маблағҳое, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин аз ҳисоби ҷалби манбаъҳои молиявӣ ва кумакҳои техникии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, донорҳо анҷом дода мешавад. Аз ҷумла барои нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он, инчунин татбиқи чорабиниҳои Стратегияи мазкур дар солҳои 2011-2013 аз Буҷети давлатӣ 5 млн. 801 ҳазору 439 сомонӣ маблағгузорӣ гардида, пурра аз худ карда шудааст. Дар соли ҷорӣ ба Хадамоти муҳоҷират мутобиқи харҷномаи тасдиқшуда 4 млн. 973 ҳазору 336  сомонӣ  пешбинӣ гардидааст,  ки аз ин ба ҳолати имрӯз 4 млн. 366 ҳазору 587 сомонӣ  ё 87,8 фоизи маблағҳо аз худ карда шудаанд.

Инчунин барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар солҳои 2011 – 2014 мутобиқи харҷномаи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз Буҷети давлатӣ 18 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аз ин ҳисоб дар давраи мадди назар 57 ҳазору 820 нафар шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимии вазорат ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ дар асоси нақшаи санҷишҳои аудиторӣ ва фармоиши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баҳодиҳӣ ба рафти иҷрои «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» санҷиши аудиторӣ гузаронида шуда, аз натиҷаҳои он тавсияҳо ҷиҳати татбиқи самараноки Стратегияи мазкур пешниҳод карда шудаанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти низоми муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти фаъолияти сохторҳо дар ин самт, ташкили касбомӯзӣ, иттилоотонӣ ва дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ  илова ба заминаҳои молиявии Буҷети давлатӣ,  ҳамчунин инвеститсияҳои хориҷӣ, кумакҳои молиявӣ ва маблағҳои грантии созмонҳои   байналмилалӣ ва ғайридавлатиро ҷалб намудааст. Дар ин росто, вазорат бо Созмони байналмилалии муҳоҷират, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Маркази дастгирии Германия, Фонди аврупоии таҳсилот, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Идора оид ба ҳамкорӣ ва рушди Туркия ва дигар созмонҳо ҳамкории судманд дорад. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо намояндагии Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат дар доираи се лоиҳаи ин созмон: «Муҳоҷирати меҳнатӣ», «Муҳоҷират ва рушд» ва «Ҷалби диаспораҳо дар рушди мамлакат» барои таҳкими низоми муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи чорабиниҳои Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 500 ҳазор доллари  амрикоӣ  ҷалб карда шудааст.

Мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишварамон ба ҳолати нуҳ моҳи соли 2014 аз ҷумҳурӣ 676 ҳазору 302 нафар шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа сафар намуданд, ки аз ин 555 ҳазору 286 нафар мардҳо ва  118 ҳазору 16 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Аз ҳисоби умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин давра ба хориҷа сафар намудаанд, 538 ҳазору 819 нафар  ё 84 фоиз  муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз ин шумора 455 ҳазору 192 нафар мардҳо ва 83 ҳазору 627 нафарро  занон ташкил медиҳанд.

Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Россия – 530 ҳазору 324 нафар, Қазоқистон – 6 ҳазору 73, Қирғизистон-1 ҳазору 301, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон –388, Туркия –194,  Ҷумҳурии Халқии Хитой – 190, Давлатҳои Араб –125, Ҷумҳурии Исломии Эрон-222 ва Ҷумҳурии Федеративии Германия-2 нафар сафар карданд.

Мавриди зикр аст, ки муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  138 ҳазору 222 нафар  ё ин ки 20,4 фоиз кам гардидааст.

Дар давраи мавриди назар аз хориҷа 279 ҳазору 323 нафар  муҳоҷирони меҳнатӣ бозгаштанд, ки аз ин 228 ҳазору 539 нафар мардон  ва 50 ҳазору 784 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва ҳамкории бевосита бо онҳо тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хадамоти муҳоҷират» дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохторҳои маҳаллии Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шудаанд.

Ҳамчунин муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тобеияти вазорат дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо низ ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии онҳо нигаронида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Беларус дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ Созишномаҳои байниҳукуматӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ин давлатҳо фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ба имзо расонидааст.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, зиёда аз 90 фоизи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони  ҷумҳурӣ  ба Федератсияи Россия рост меояд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон – шаҳрвандони кишварамон  дар ҳудуди Федератсияи Россия соли 2013 ду санади муҳими ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Россия ба тасвиб расиданд, ки барои беҳсозии фаъолият дар ин самт заминаи асосӣ гузоштанд.

Тибқи ин санадҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ба муддати 15 рӯз аз бақайдгирӣ озод буда, муҳлати иҷозати кор ва будубоши онҳо аз 1 то 3 сол тамдид карда шуд. Вобаста ба ин, аз ҷониби вазорат корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом дода шуданд.

Илова бар ин, айни замон бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, лоиҳаҳои Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, дар бораи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират бо назардошти мубодилаи иттилоот ва оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии муҳоҷирати Тарафҳо омода шуданд, ки дар марҳилаи мувофиқа ва такмил қарор доранд.

Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчунин рӯзҳои 21 — 24 октябри соли 2014 дар Форуми чоруми байнипарлумонии Россия — Тоҷикистон: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баррасӣ шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тавсияҳо дода шуданд. Дар доираи Форуми мазкур  вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам М. Убайдуллоев ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсия Россия баргузор гардида, дар он вазъи будубош, фаъолияти меҳнатӣ ва мушкилоти ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гардиданд.

Айни замон дар Федератсияи Россия 82,  дар Ҷумҳурии Украина ду, дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳашт ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон таври расмӣ фаъолият доранд, ки вазорат бо онҳо ҳамкориҳои судманд ва робитаҳои устувор дорад.

Ҷиҳати барпо кардан ва нигоҳ доштани алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои ҳамватанон дар хориҷа бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи мазкур тасдиқ гардиданд. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ вазорат соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалӣ оид ба  муҳоҷират дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Форуми ҳамватанони бурунмарзиро баргузор намуд.

Инчунин тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ айни замон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар  бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ  ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 – 2020» омода гардидааст, ки дар баррасии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир бо мақсади батанзимдарории  муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия  дар қонунгузории ин кишвар  нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд,  як қатор талаботи нав ҷорӣ гардида истодааст.

Ин омил боиси рух додани ҳолатҳои зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мо дар ин кишвар гардидааст. Аз ҷумла мутобиқи маълумоти мақомоти дахлдори Федератсияи Россия зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории Федератсияи Россия муайян шудаанд, ки баъди бозгашт ба Ватан дубора ворид гардидани онҳо ба Федератсияи Россия ба муддати аз 3 то 5 сол манъ шудааст. Мавриди зикр аст, ки чунин ҳолат танҳо хоси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, муҳоҷирони меҳнатии дигар давлатҳо низ дар чунин рӯйхати мақомоти Федератсияи Россия ворид карда шудаанд.

Тибқи протоколи  ҷаласаи 9-уми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ аз  6 августи соли 2014 гурӯҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Россия таъсис дода шудааст, ки тибқи муқаррарот масъалаи додани иҷозати воридшавиро ба панҷ категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст,  баррасӣ менамоянд.  Айни замон, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои чунин шаҳрвандон аз ҷониби гурӯҳи коршиносони ҷониби Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардида, барои баррасӣ ба ҷониби Федератсияи Россия ирсол гардида истодаанд. Аз ҷумла дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ аризаи 132 донишҷӯй ва 339 нафар дигар категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шуда буд, барои баррасӣ ба Хадамоти федералии муҳоҷирати  меҳнатии Федератсияи Россия ирсол карда шуданд.

Инчунин барои сари вақт огоҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз  талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират тибқи супориши вазорат аз 2 сентябри соли ҷорӣ бо роҳбарии муовинони вазир ва дигар роҳбарони сохторҳои вазорат шаш гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда,  барои бурдани корҳои иттилоотӣ ба  ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба иттилооти зарурӣ дар дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шуъба ва бахшҳои маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият менамоянд. Айни замон дар асоси муроҷиати шаҳрвандон бо истифода аз маълумоти аз мақомоти Федератсияи Россия дастрасшуда дар тамоми сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо, фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан санҷиш ва огоҳонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои ҷой доштани  манъи воридшавии  онҳо ба Федератсияи Россия, ба роҳ монда шудааст. Инчунин аз ҷониби вазорат оид ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ  зиёда аз 100 ҳазор буклетҳои иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардида,  тавассути  сохторҳои вазорат дар маҳалҳо дар байни сокинони кишвар паҳн карда шудаанд. Оид ба паҳлуҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ, радио мунтаззам роликҳои иттилоотӣ ва мусоҳибаҳо пахш гардида, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳо хабару гузоришҳо нашр карда мешаванд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» таъсис дода шуданд, ки дар соли 2015 маблағгузории ин марказҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади ташкили низоми муташаккилонаи бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар дар сохтори вазорат Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» таъсис дода шуд. Муассисаи мазкур ба фаъолият шурӯъ намуда, айни замон бо як қатор корхонаю муассисаҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Барои таъмини фаъолияти ин муассиса дар соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 100 ҳазору 650 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Инчунин дар доираи чорабинии «Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе» 7 ноябри соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти муҳоҷират ба имзо расид, ки барои оғози татбиқи механизми пилотии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар корхонаю муассисаҳои шаҳри Санкт-Петербург замина гузошт.

Дар робита ба  он, ки аз 1 январи соли 2015 тибқи қонунгузории Федератсияи Россия воридшавӣ ва  будубоши   шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо шиносномаҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, айни замон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои огоҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар  корҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.

Фаъолияти  намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҳашт шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо коллективҳои муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии муҳоҷирон ҳамкории мунтазам дошта, барои ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамоянд.Бо дахолати кормандони Намояндагӣ дар ин муддат ба маблағи  9 млн. 294 ҳазор  рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён барқарор ва пардохт карда шуд. Бо ташаббуси Намояндагӣ дар давоми  нуҳ моҳи соли ҷорӣ 58 қарорҳои судҳои ноҳиявии Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда,  манъи  воридшавии 30 нафар шаҳрвандони кишварамон ба Федератсияи Россия кушода ва  36 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ  карда шуданд. Бо мусоидати кормандони Намояндагӣ дар ин давра зиёда аз 1300 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия бо кор таъмин гардиданд. Ҳамчунин Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират мунтазам маълумоти  таҳлилиро дар бораи вазъи  бозори меҳнат, талабот ба касбу ихтисосҳо ва ҷойҳои кории холиро дар Федератсияи Россия ба сохторҳои дахлдори вазорат пешниҳод менамояд.

Бо дарназардошти он ки тибқи талаботи  қонунгузории Федератсияи Россия аз аввали соли 2015 муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қабл аз гирифтани иҷозатномаи кор ё патент сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россияро дошта бошанд, аз ҷониби вазорат нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ шуда истодааст.

Бо дарназардошти ин ва тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар 42  барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии системаи вазорат барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ ва нақшаҳои таълимии забони русӣ 1-моҳа, 2-моҳа, ва 3-моҳа, таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Зикр намудан зарур аст, ки барномаи таълимие, ки омода шудаанд, бо барномаи таълимии Федератсияи Россия, ки барои дониши базавии муҳоҷирон омода гардидааст, мутобиқ шудааст.  Барномаи таълимии мазкур,  алҳол дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Норак, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Ёвон, Турсунзода, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ таври озмоишӣ барои муҳоҷирон амалӣ шуда истодааст. Дар ин муддат дар ноҳияҳои пилотӣ 7976 муҳоҷирони меҳнатӣ, тибқи барномаи таълимии зикршуда, курсҳои кӯтоҳмуддатро хатм намуданд.

Дар заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ байни вазорат ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз 29 октябри соли 2014  супоридани санҷиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ  ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин вазорат дар доираи ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия барои дар заминаи муассисаҳои таълимии вазорат таъсис додани  шабакаҳои марказҳои тестиро оид ба санҷиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия барои муҳоҷирони меҳнатӣ чораҷӯӣ намуда истодааст.

Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мусоидати бевоситаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати танзими ин раванд ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кӯшиш менамоем, — суханашро ҳусни анҷом бахшид Тағойзода Сумангул Саид.

Доир ба масъалаи мавриди баррасӣ вобаста ба саволҳои пешниҳоднамудаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Асрор Одинаев, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Исмонов, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, муовини раиси  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамҷон Амонов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умарзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ахборот доданд.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, Маҳмадшариф Нозимов, Нурулло Оқилзода, Умаралӣ Ҳисайнов ва Саодат Амиршоева дар робита ба масъалаи мавриди назар музокира намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъа Давлатов низ оид ба масъалаи баррасишуда андешаҳояшро иброз дошт.

Дар охир мутобиқи банди 277 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таклифу эродҳои зикршуда қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуданд.

 Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ