Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти маҳаллӣ чӣ салоҳият доранд?

№62 (3208) 12.06.2014

Боби якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Асосҳои  сохтори конститутсионӣ» ном дорад. Дар он масъалаҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, салоҳияти мақоми олии  намояндагӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян шудаанд.

Суҳбати мо бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов роҷеъ ба самтҳои фаъолияти мақомоти қонунгузор ва иҷроия сурат гирифт.

-Муҳтарам Убайдулло Абдуллоевич, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва дар ҳамин радиф ҳокимияти иҷроия як шохаи он мебошад.

Мехостам суҳбатро аз боби шашуми Конститутсия, ки «Ҳокимияти маҳаллӣ» номида мешавад, шурӯъ намоем. Ҳокимияти маҳаллӣ чӣ гуна фаъолият менамояд ва кадом салоҳиятро доро мебошад?

-Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» танзим мекунад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ду шоха — мақомоти намояндагӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал намуда, иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, фармонҳои Президент, қарорҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия мебошанд, ки аз тарафи интихобкунандагони ин воҳидҳои марзии маъмурӣ интихоб шуда, дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро ҳал мекунанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ — мақомест, ки дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии дахлдор иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин менамояд.

Маҷлиси вакилони халқ дар ҳадди салоҳияти муқарраршуда фаъолияташро мустақилона амалӣ мегардонад.

Дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дигар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади муттаҳид намудани захираҳои моддию молиявӣ ҷиҳати татбиқи чорабиниҳо ба манфиати умумӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамоҳанг сохтани кори соҳаҳои гуногун ва бахшҳои идоракунӣ робита барқарор менамоянд.

Шакли асосии ташкилӣ- ҳуқуқии фаъолияти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ Иҷлосия мебошад. Ҷараёни Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли суратмаҷлис (протокол) ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.

-Маҷлиси вакилони халқ мақоми намояндагии ҳокимияти маҳаллист. Самти фаъолияти он дар амал татбиқ намудани кадом масъалаҳои вобаста ба маҳалро дар бар мегирад?

-Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ буҷети маҳаллӣ ва иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти онро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, тарзи идора ва  ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, барномаҳои ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мебарад.

Ҳамзамон Маҷлиси вакилони халқ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин ва аз вазифа озод намудани  раисони вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ мекунад. Ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳангоми мавҷуд будани асос бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор нобоварӣ изҳор намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани ӯ масъала мегузорад, ҳисоботи роҳбарони сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва  ташкилотҳои дахлдорро оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ мансубанд, баррасӣ менамояд ва ҳангоми зарурат ба мақомоти дахлдор дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори онҳо пешниҳод ирсол медорад. Дастури Маҷлиси вакилони халқро қабул ва ба он тағйиру  иловаҳо ворид менамояд, комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқро таъсис медиҳад, низомнома ва ҳайати онҳоро тасдиқ мекунад, ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо мешунавад.

Ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат қатъ менамояд, санадҳои мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии поёниро дар сурати ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон бекор мекунад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ дар ҳудуди дахлдор дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд.

Дар моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешбинӣ шудааст, ки Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бо ташаббуси на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват шуда метавонад. Мувофиқи ин меъёр аз 70 вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 24 вакил бо ташаббуси худ метавонанд Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро даъват намоянд.

Дар амалӣ гардонидани ваколатҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ нақши комиссияҳои доимӣ ва муваққатии онҳо хеле калон аст. Вакили Маҷлиси вакилони халқ метавонад танҳо узви як комиссияи доимӣ бошад. Вале дар ҳайати чандин комиссияҳои муваққатӣ ширкат доштани вакил имконпазир аст.

Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар асоси қонун ҳуқуқи интихоб дорад, аз синни 18 метавонад дар интихобот иштирок намояд ва вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор интихоб шавад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқро барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 70 нафар, шаҳр ва ноҳия то 40 нафар муқаррар кардааст. Маҷлиси вакилони халқ дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии муқарраршудаи вакилони он ваколатдор шуморида мешавад.

-Ба таркиби ҳокимияти маҳаллӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ дохил аст. Онро метавон зинаи аввал дар сохтори ҳокимияти маҳаллӣ номид?

-Дар моддаи 1 (Мафҳумҳои асосӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» омадааст: «-худидоракунии шаҳрак ва деҳот- фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳти масъулияти худ барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта, бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ амалӣ мегардад».

Шакли асосии фаъолияти мақомоти мазкур маҷлиси Ҷамоат мебошад. Шӯрои Ҷамоат мақоми коллегиалии Ҷамоат ба ҳисоб меравад. Ҷамоат аз вакилон иборат буда, онҳо дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва ба овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати панҷ сол интихоб мешаванд.

Шумораи вакилони Ҷамоат дар маҷлиси Ҷамоат муайян мешавад, ки онҳо бояд аз 15 нафар кам ва аз 40 нафар зиёд набошанд. Ҳар як деҳа, новобаста аз шумораи интихобкунандагонаш, дар Ҷамоат бояд ҳадди ақал як нафар намоянда дошта бошад.

-Мақоми қонунгузор дар таҳия ва қабули қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақоми олӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштироки бевосита доранд. Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва салоҳияти кумитаву комиссияҳоро муайян намудааст. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва  худидоракунии маҳаллӣ чӣ  салоҳиятро доро мебошад?

-Мутобиқи банди 95 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ таври зайл нишон дода шудааст: муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раъйпурсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқ ва вакили Ҷамоат, статуси пойтахт- шаҳри Душанбе, тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори давлатӣ ва ғайра.

Дар ҷараёни фаъолияти парлумони касбӣ аъзои кумита дар доираи салоҳияти худ ба қонунҳои конститутсионӣ ва соҳавӣ тағийру иловаҳо ворид намуданд. Аъзои дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бо мо ҳамкорӣ доранд.

Дар давраи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои кумита  якҷоя бо аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар вакилон шаш санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва пешниҳод намуданд.

Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (пешниҳоди муовини раиси Кумита Г.Рабиева якҷоя бо узви Маҷлиси миллӣ Ҳ.Абдуллоев),  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» (пешниҳоди Г.Рабиева якҷоя бо аъзои Маҷлиси миллӣ М.Зувайдов ва Х.Абдуназаров), «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  (масъул Н.Ҷонов), «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (масъул муовини раиси кумита Г.Рабиева), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (масъул узви кумита Ш.Самадов) қабул шуда, мавриди амал қарор доранд.

Яке аз  қонунҳои муҳиме, ки дар ин давра аз тарафи кумита омода гардида, қабул шуд, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Тағйиру иловаҳо вобаста ба тартиби ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, кам кардани гаравпулӣ, тартиби санҷиши нодурустии имзоҳо, зиёд намудани вақти эфир барои баромади номзадҳо ва ҳизбҳо, тағйир додани шакли бюллетени интихоботӣ ва тартиби пур кардани он ва маҳдудкунии иштироки кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон ба демократикунонии ҷараёни интихобот равона шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби кумита ба 145 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулоса таҳия ва пешниҳод гардид.

Инчунин хулосаҳо ба нуҳ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳои АБП ИДМ таҳия гардида, дар ҷаласаҳои он ҳамаи эроду таклифҳои кумита қабул шуд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ аъзои кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Ҳисорро дар семоҳаи аввали соли 2014 дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазоратҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор доданд.

Аъзои кумита дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ низ иштирок менамоянд. Аз ҷумла банда дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба сифтаи нозир иштирок намудам, муовини раиси кумита Г.Рабиева, узви он Б.Авзалшоева ва дигарон дар семинару дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки аъзои кумита роҳбар ва узви 14 гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламент ва дигар ташкилотҳои байнипарлумонӣ мебошанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»