Михаил Кротов дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров

№113 (3098) 11.09.2013

DSC_1444

11 сентябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Слутский Леонид Эдуардович ва мушовири Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Кротов Михаил Иосифовичро ба ҳузур пазируфт

Дар ҷараёни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва робита бо ҳамватанони  Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Слутский Леонид Эдуардович ва мушовири Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Кротов Михаил Иосифович масъалаи сафари расмии Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Евгеневич Наришкин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-9 октябр бояд амалӣ карда шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки сафари С.Е. Наришкин ҷиҳати густариши равобити миёни кишварҳо ва парламентҳои Тоҷикистону Россия нақши муҳим хоҳад бозид.

Мувофиқа гардид, ки дар ҷараёни сафар Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия бо роҳбарияти воломақоми кишвар мулоқот намуда, Протоколи ҳамкории миёни Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо хоҳад расонд. Дар назар аст, ки номбурда аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Пойгоҳи низомии дивизияи 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни миёни кишварҳо ва парламентҳо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, қабули созишномаҳо доир ба ин мавзуъ ва ғайра изҳори назар карда шуд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон