Мулоқоти Назира Ғаффорова бо Эдуардс Стипрайс

№34 (3180) 08.04.2014

DSC_0360

Дар ҷараёни мулоқоте, ки муовини  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова сеюми апрели соли 2014 бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эдуардс Стипрайс ва ҳамроҳони ӯ- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорс Апокинс, сардори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Алдис Карлаускис дошт, масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия муҳокима шуданд.

Назира Ғаффорова изҳори боварӣ намуд, ки сафари кории дипломати баландпояи Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон муносиботи ду кишвари бо ҳам дӯсту бародарро дар ҳама арсаҳо ба марҳалаи сифатан нав ворид менамояд.

Имкониятҳои густурдае барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар вуҷуд доранд, ки бояд  ба нафъи халқҳои ҳар ду ҷумҳурӣ пурсамар истифода шаванд.

Муовини  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Латвия барои кумак ва мусоидати холисонааш дар рушди иқтисоди мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибааш дар раванди иҷрои барномаҳои хурди соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ кард.

Назира Ғаффорова Латвияро яке аз кишварҳои эътимоднок ва дӯсти Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи ниҳодҳои кишвари Латвия аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор меравад.

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки барои густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо мусоидат менамоянд.

Мавсуф изҳор дошт, ки муносиботи неки Тоҷикистону Латвия  ба густариши равобити ду кишвар дар оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Назира Ғаффорова тақвияти ҳамкориҳо ва равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Латвияро хотирнишон намуда, зикр кард, ки  мавҷуд будани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ омили асосии таҳкимбахши  муносиботи байни парлумонҳои ду кишвари дӯст мебошад.

Устувору муназзам гардонидани чунин муносибатҳои судманд ба нафъи ҳар ду кишвар буда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санадҳои  меъёрии ҳуқуқии баимзорасида дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байни ҷумҳуриҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

- Иштироки пайвастаи роҳбарияти олӣ ва ҳайати парлумонии кишварҳои мо дар ҳамоиш ва дигар чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ барои боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани равобити байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад,- изҳор дошт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эдуардс Стипрайс низ омодагии кишвари худро барои тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон иброз дошт.

Мавсуф таъкид кард, ки миллатҳои тоҷику латиш солҳои тӯлонӣ дар  давраи шӯравӣ, дар як давлат паҳлуи ҳамдигар  тифоқу аҳлона кору зиндагӣ карданд, ки ин муносиботи бавуҷудомада омили муҳими густариши равобити кишварҳои мо мебошад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ибрози назар карда, изофа намуд, ки Латвия дар оянда низ барои густариши муносибатҳои  иқтисодӣ бо Тоҷикистон иқдом менамояд.

Ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди назар, аз ҷумла иҷтимоӣ, экологӣ, гуманитарӣ, вазъи минтақа ва Афғонистон баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Латвия иштирок доштанд.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ