Ёздаҳуми апрели соли 2014 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода бо муовини Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Вуд мулоқот намуд.
Олимҷон Салимзода ҷаноби Ричард Вудро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, изҳор дошт, ки солҳои охир дар муносиботи мо ҷаҳиши ҷиддие ба назар мерасад. Британияи Кабир, ки таърихи қадима ва таҷрибаи ғанӣ дар бахши демократикунонии ҷомеаро дорад ва ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон низ, бояд аз ин таҷриба ба таври кофӣ истифода намоянд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносиботи 20 – солаи дипломатӣ доранд. Дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд. Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаи ҳамкориро таҳия карда, ба ҷониби Британияи Кабир барои мувофиқа пешниҳод намудааст ва мо умедвор ҳастем, ки ин созишномаҳо низ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳоямон ба имзо расида, ба раванди муносиботи мо такони тозае мебахшанд.
Олимҷон Салимзода изҳор дошт, ки миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Британияи Кабир гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ заминаи мусоид ба вуҷуд меоранд.
Олимҷон Салимзода сатҳи равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамчунин иброз дошт, ки ҳар ду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд.
Таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои гуногун гардад. -Парлумони касбии мамлакати мо бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишвар ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст ва қонунгузории кишвари мо барои фаъолияти озодонаи намояндагиҳои созмон ва кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолати комилро дода метавонад,- гуфт Олимҷон Салимзода.
Муовини Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Вуд дар навбати худ иброз дошт, ки ҳамчун дипломат ва намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Лондон ва Душанбе истифода хоҳад кард.
Дипломати хориҷӣ рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро мусбӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки Тоҷикистон айни замон ягона кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар парлумони Британияи Кабир дорои гурӯҳи фаъоли парлумонӣ буда, ҳамкориҳои густурдаро дар ин сохтор ба роҳ мондааст. Аз ин лиҳоз, ҳавасмандӣ нисбати Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи ягонаи минтақа дар парлумони Британияи Кабир рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст.
Ричард Вуд ҳамчунин иброз намуд, ки дар нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ Раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба масоили Тоҷикистон Баронесса Вивен Стерн мехоҳад бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз Тоҷикистон дидан намояд. Баронесса Вивен Стерн ҳамчунин ният дорад, ки дар давоми соли ҷорӣ сафари ду намояндаи парлумони Британияи Кабирро, яке аз ҳизби консервативӣ (Найчел Миллс) ва дигаре аз ҳизби лейбористиро ҷиҳати ҷонноктар намудани муносибот байни парлумонҳои ду кишвар ба Тоҷикистон ташкил намояд.
Ричард Вуд афзуд, ки дар доираи ин ҳамкориҳо Баронесса Вивен Стерн мехоҳад семинари омӯзишие оид ба Тоҷикистон дар парлумони Британияи Кабир ташкил кунад. Ба семинар аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони парлумон, сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ даъват карда мешаванд. Ҳадафи асосии семинари мазкур шиносоии ширкаткунандагон бо сохти давлатдорӣ, сиёсат, иқтисодиёт, таъриху фарханги бой ва зарфиятҳою имкониятҳои Тоҷикистон хоҳад буд.
- Мо ҳамеша аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоии ҳамаи соҳаҳои ин кишвар ва баланд гардидани обруйи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем, — гуфт дар охир ҷаноби Ричард Вуд.
Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон