Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Хуан Мендез

№16 (3162) 15.02.2014

Кабул

11 феврали соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо маърӯзачии вежаи Созмони Милали Муттаҳид Хуан Мендез мулоқот  намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров маърӯзачии вежаи Созмони Милали Муттаҳид Хуан Мендезро дар раъси як ҳайати кормандони СММ ва қароргоҳи ин созмони бонуфуз дар Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки масъалае, ки мавриди суҳбати имрӯза қарор дорад, яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила тадбирҳо амалӣ гардидаанд, ки аз ҷумла ба тасвиб расидани Конвенсияи СММ оид ба муқобилият бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ ва амалӣ гардидани талаботи он дар кишварамон дар ҳамин шумор мебошанд. Манъи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ аз талаботи меъёрҳои моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар заминаи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон як силсила кодексу қонунҳо таҳия ва мавриди қабул қарор гирифтаанд. Дар ин самт Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як силсила кодексу қонунҳои амалкунанда доир ба ин мавзӯъ қадамҳои ҷиддӣ ба шумор мераванд. Ин ҷо сухан дар бораи дар мавридҳои алоҳида ҷой доштани шиканҷа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адои ҷазои ҷиноятӣ меравад. Яке аз роҳҳои аз байн бурдани шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне мебошад, ки бо истифода аз мақоми хизматии худ бо мақсади гирифтани баёноти дилхоҳашон чунин шаклҳои муносибатро раво мебинанд. Бинобар ин, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Аз ҷумла моддаи 1431, ки мутобиқи талаботи он барои шиканҷа ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад, илова карда шуд. Дар моддаи мазкур тамоми намудҳои шиканҷа, ки аз тарафи шахсони мансабдори идораҳои марбута имкони амалӣ шуданашон вуҷуд дорад, номбар ва барои онҳо ҷазо муқаррар гардидааст.

-Ман ба маърӯзаи шумо, ки хеле муфассал ва комил аст, шинос шуда, дар он бисёр нуктаҳои ҷолибро дарёфт намудам. Дар маърӯза, аз ҷумла дар бораи суст будани ҷазои дар моддаи мазкури Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда сухан меравад. Бояд гуфт, ки ин масъала мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор дорад. Дар ин робита ҳамчунин баъзе масъалаҳои дигар низ дар Маҷлиси намояндагон дар вақтҳои наздик баррасӣ хоҳанд гардид. Масъалаҳои озодии мукотиба, мулоқотҳо, интихоби ҳимоячӣ ва дигар масъалаҳо то ҷои имкон ҳалли худро ёфтаанд. Аммо дар ин самт корҳои зиёде ҳанӯз дар пешанд. Масалан, шароити нигоҳдошти боздоштшудагон дар биноҳое, ки аксаран дар замони ҳукумати шӯравӣ сохта шудаанд, беҳбудиро тақозо менамояд. Зимнан бояд гуфт, ки айни замон нисбати чор нафар масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи муқаррароти моддаи мазкури Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад ва ё ҳукми суд бароварда шудааст.

Аммо гирифтани пеши роҳи ҷавобгарӣ барои ин ҷиноят, ҳамчунин имкон дорад бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ, бо иштироки доираи васеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда шавад. Суҳбат ва мулоқотҳои шумо бо масъулини мақомоти кишвари мо ҷиҳати беҳбудии масъалаи мазкур мусоидат хоҳад намуд. Мо ба шумо саломатӣ ва дар иҷрои ин амри хайр ва ҳадафҳои некатон барори кору комгорӣ таманно менамоем, -изҳор дошт, Раиси Маҷлиси намояндагон.

Шукурҷон Зуҳуров дар охир ба саволҳои меҳмон роҷеъ ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ, роҳҳои пешгирии он, инчунин нақшаҳои парламенти тоҷик ҷиҳати таҳия ва қабули қонунгузорӣ дар ин самт посухҳои қаноатбахш ироа намуд.

Маърӯзачии вежаи Созмони Милали Муттаҳид Хуан Мендез аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, аз натиҷаҳои дидораш аз муассисаҳои маҳбасӣ ва шароити будубоши маҳбусон ва боздоштшудагон назари неки худро иброз дошт. Вай изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ дар парламенти тоҷик дар бахши мавриди суҳбат қарорёфта корҳои назаррас анҷом хоҳанд ёфт. Тарафҳо суҳбати худро муҳим, саривақтӣ ва судманд арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот инчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов иштирок дошт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А.ИСОЕВ