МУЛОҚОТИ ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ БО МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ

№61 (3541) 12.05.2016

DSC_066610 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд.

Дар он ба масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонис­тонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонд. Инчунин, зикр шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси онҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии кишварҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ хостори густариши муносиботи парлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати фаъолияти худ дар минтақа ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа изҳори назар карда шуд.

 Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ