Дар шароити имрӯза муносибатҳо вобаста ба уҳдадориҳои алимент рӯз то рӯз зиёд гардида, таъмини иҷрои он ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Муроҷиати занҳо, ки аз собиқ шавҳарашон барои таъминоти фарзандони ноболиғашон алимент мегиранд, нишон медиҳад, ки танзими ихтиёрии ситонидани он қариб вуҷуд надорад. Дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва ҳангоми қабули шаҳрвандон аксари муроҷиати занҳо оид ба сари вақт пардохт нагардидани алимент аз ҷониби собиқ шавҳаронашон аст. Ҳангоми қабул ва суҳбатҳо бо интихобкунандагон ва шаҳрвандони муроҷиаткунанда муқаррар гардид, ки қариб 70 фоизи муроҷиатҳо ба мушкилиҳои марбут ба ситонидани алимент вобаста мебошад.
Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки давомнокии пардохт накардани алимент аз ҷониби қарздорон зиёда аз шаш моҳро ташкил медиҳад, ки он ба омилҳои гуногун вобаста аст. Надоштани даромади мунтазам, паст будани сатҳи иҷтимоӣ, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қарздорон ва инчунин қасдона саркашӣ намудан аз пардохти алимент омилҳои асосии пардохт нагардидани алимент буда, дар натиҷа кӯдак аз таъминоти пурра, яъне сари вақт истеъмол накардани ғизоҳои лозимӣ барои ҷисм, таъмин нагардидан ба маводи доруворӣ ҳангоми беморӣ ва мавод барои таҳсилот ва аз ҳама чизи асосӣ аз меҳрубонӣ ва муҳаббати падару модар маҳрум мемонад.
Қонунгузор дар моддаҳои марбутаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон, барқасдона саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ки бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудаанд, ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ намудааст.
Бисёре аз алиментсупорандагон набудани ҷойи кори доимиро сабаб мекунанд, вале ин сабаб шуда наметавонад, зеро дар ҷумҳурии мо ҷойи кор бисёр аст.
Биёед, як қазоват намоем. Аз соли 1995 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амал мекунад, ки мувофиқи он шаҳрвандон метавонанд озодона ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Инчунин аз ҷониби Президенти кишварамон ба аҳолӣ ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замин ҳамчун замини ёрирасон тақсим шудааст. Мутаассифона, на ҳама самаранок аз ин заминҳо истифода мебаранд. Мо хуб медонем, ки давлати мо давлати агросаноатӣ мебошад. Дар заминҳои кишоварзӣ бошад, танҳо занон кор мекунанд, ки дар натиҷаи нарасидани қувваи корӣ мо сиёсати кишоварзиро таъмин карда наметавонем. Аз сабаби он ки ҳама бори гарони зиндагӣ ба сари зан меояд, модар ба тарбияи кӯдакон машғул гардида, имконияти кор кардан надорад. Аммо падар бошад, алиментро сари вақт пардохт намекунад. Дар ин ҳол чӣ қадар мушкилӣ сари модар меояд. Бо ҳисоби оддӣ барои таъминоти моддии як кӯдак аз 300 то 700 сомонӣ дар як моҳ лозим аст ва дар сурати сари вақт пардохт нашудани алимент зарар ба тарбияи кӯдак мерасад. Мувофиқи ҳисоботи омори Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Вазорати адлия воридшавиии ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба уҳдадориҳои алимент дар соли 2008 барои иҷро- 3687, дар соли 2009-5009, соли 2010-6885, соли 2011-9655, соли 2012-9687 ва дар семоҳаи авали 2013-3026 ҳуҷҷат барои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд вобаста ба ситонидани алимент ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Агар аз рӯйи қиёс назар кунем, ҳар сол шумораи зиёдшавии ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент аз 1000 то 2000-ро ташкил медиҳад. Рӯёнидани маблағҳои алимент давравӣ буда, ҳар як ҳуҷҷати иҷро то муддати 18 сол дар назорати иҷро мебошад. Ин аз синну соли кӯдаки алиментгиранда, яъне то ба синни балоғат расидани ӯ, вобаста мебошад. Бо шумораи воридшавии ҳуҷҷатҳо ва таҳти иҷрои давомнокии 18- сола қарор доштани онҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ теъдоди хуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент зиёда аз 100 000 ададро ташкил намояд. Дар ин ҳолат ба фаъолияти иҷрочиёни суд низ бояд баҳои дуруст дод, чунки самти фаъолияти иҷрочиёни суд иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот мебошад. Қонунгузор тартиби иҷрои маҷбуриро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» муқаррар намуда, ситонишро аз молу мулки қарздор пешбинӣ кардааст. Аммо мавҷуд будани омилҳои гуногун на ҳама вақт имкон медиҳад, ки таъмини иҷро аз ҳисоби молу мулки қарздор амалӣ гардад. Масалан, қарздор молу мулке, ки бояд ба он ситониш нигаронида шавад, надорад ё молу мулкашро пинҳон медорад, ки барои муайян намудани ҷойи воқеъгардидаи ин молу мулк вақти зиёд даркор аст. Дар ҳама ҳолат ин омилҳо ба сари вақт пардохт нагардидани маблағи алимент оварда мерасонад ва сабаби муроҷиати шаҳрвандон мегардад. Бояд зикр намоям, ки на ҳама қарздорон аз пардохти алимент саркашӣ менамоянд. Ҳастанд падарони бовиҷдон, ки ихтиёран уҳдадории ба зиммаашон будаи пардохти алиментро дар вақти муқарраргардида иҷро менамоянд. Аммо ин ҳолат ниҳоят кам мебошад.
Яке аз омилҳои сари вақт пардохт накардани алимент ба кор сафарбар нагардидан ва дар муҳоҷирати меҳнатии дарозмуддат будани қарздорон мебошад. Пас аз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани қарздорон онҳо суроғаи худро пинҳон намуда, муддатҳои зиёд аз ҳоли фарзандонашон хабар намегиранд, маблағи алиментро пардохт намекунанд.
Дигар омили пардохт накардани алимент ин принсипи шахсии ҳар як қарздор мебошад. Масалан, пас аз барҳам хӯрдани оила, баҳсҳо сари тақсими молу мулк, ситонидани алимент ва маскун намудан ба вуҷуд меояд. Ҳар як тараф манфиати худро боло дониста, кӯшиш мекунад, ки ба дигар тараф таъсири худро расонад. Дар ҳама ҳол ҳуқуқи кӯдакон афзалтар мебошад, аз ин рӯ баҳсҳо бисёртар ба манфиати модару кӯдак ҳал мегардад. Дар ҳамин замина аз ҷониби падар принсипи напардохтани алимент ва ё кашол додани пардохти он ба миён меояд. Падар ё худ шахси алиментсупоранда аз пардохти алимент қатъиян саркашӣ менамояд.
Дар хотир дорам, пештар ҳангоми дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон фаъолият намуданам, нисбати шахсоне, ки аз пардохти алимент ашаддӣ саркашӣ менамуданд, бо пешниҳоди иҷрочии суд аз тарафи шуъбаҳои шиносномадиҳӣ дар шиносномаҳояшон муҳри «аз пардохти алимент ашаддӣ саркашӣ менамояд» зада мешуд. Ин таҷрибаи Иттифоқи Шӯравӣ буд. Дар ҳама ҳолат дар ҷомеа бараъло шахси аз пардохти алимент ашаддӣ саркашинамуда муайян мегардид. Ӯ ё ислоҳ мегардид ва ё ягон молу мулки худро пинҳон кардан ё фурӯхта наметавонист.
Имрӯз бояд мо бобати он андеша кунем, ки чӣ тавр механизми иҷроро дар самти ситонидани маблағҳои алимент содда ва дуруст ба роҳ монем. Албата, ин кори мушкил аст, аммо бояд ин кор ба роҳ монда шавад.
Шахсан ман ҳамчун вакил дар ин самт аллакай кор карда истодаам. Бояд ҳатман як қатор конунҳоро қабул намоем, ки бевосита ба ҳамин самт равона гардида бошад. Масалан, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» барои бартараф намудани ин камбудиҳо бояд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
Саодат АМИРШОЕВА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон