Муҳокимаи парламентӣ

Нақлиёт — пояи асосии рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

DSC_01591

Раиси кумита Амир Катаев зимни ифтитоҳи ҷаласа гуфт, ки муҳокимаҳои парламентӣ ба таҳкими робитаҳо мусоидат менамоянд.

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон рушди соҳаи нақлиёт батадриҷ таъмин гардида, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба даст омаданд, ки баҳри таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва дастрасии ҳамаҷонибаи онҳо ба хизматрасониҳои нақлиёт, таъмини шароити бехатари ҳамлу нақли бору мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони  хизматрасониҳои нақлиётӣ заминаи мусоид фароҳам сохтанд.

Нақлиёт яке аз пояҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ва дар ин замина боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар мебошад.

Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва берунӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмилалии кишвар ҳисоб меёбад.

Аз ин хотир, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз афзалиятҳои инкишоф муайян намуда, дар доираи консепсияи барқарорсозии Роҳи бузурги абрешим Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатро муайян намуд.

Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ барои бунёд ва азнавсозии иншооти роҳдорӣ айни ҳол якчанд лоиҳаҳои  таҷдид ва инвеститсионӣ амалӣ мегарданд.

Сипас, оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва инвеститсионӣ дар солҳои 2013- 2014 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода таври муфассал маълумот дод. Нотиқ аз ҷумла зикр кард:

-Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншооти роҳдорӣ, аз ҷумла  роҳҳои мошингарди Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб — Кулма (қитъаҳои Шоҳон — Зиғар, Шкев — Зиғар, Душанбе — Данғара ва Мурғоб — Кулма), Ваҳдат — Ҷиргатол — сарҳади Қирғизистон, Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ — Панҷи поён, Душанбе — Бӯстон — Чаноқ (бо бунёди нақбҳои Истиқлол, «Дустӣ», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва «Хатлон» анҷом ёфта, таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ — Панҷакент — сарҳади Ӯзбекистон, Восеъ — Ховалинг, Кӯлоб — Қалъаихумб (қитъаи Шӯрообод — Шоҳон), Навобод — Рашт ва роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа дар марҳилаи татбиқ қарор доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ва пулҳои байнимарзӣ аз болои дарёи Панҷ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қаламрави воҳиди нақлиётӣ табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.

Шурӯъ аз соли 2000-ум, бо истифода аз маблағҳои қарзӣ, кумаки бебозгашти беруна ва ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  44 лоиҳаи хурду бузург татбиқ шуданд. Дар натиҷа  беш аз 1716 километр роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта, 220 адад пулҳо бо дарозии умумии 7934 метри  тӯлонӣ ва 31,7 километр нақбу иншооти зиддитармавӣ сохта, таҷдид гардидаанд.

Танҳо соли сипаригардида корҳои татбиқнамоӣ дар панҷ иншоот, аз ҷумла марҳилаи сеюми сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон — Зиғар, таҷдиди қитъаи 24 -километраи роҳи автомобилгарди Данғара-Кангурт, азнавсозии роҳҳо ба самти нақби «Озодӣ», сохтмони терминал дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ» дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода ва хариди таҷҳизоту техника барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард анҷом ёфтанд. Маблағи умумилоиҳавии иншооти анҷомёфта 115,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, татбиқнамоии ин лоиҳаҳо имконият фароҳам овард, ки иловатан 47,9 км роҳ бо панҷ адад пул ҷавобгӯй ба талаботи замон навсозӣ шуда, терминали замонавии хизматрасонии фурудгоҳӣ ва гузаргоҳи сарҳадии дорои шароити мусоид барои ҳамаи инфрасохторҳои хизматрасонии наздисарҳадӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Дар доираи хариди таҷҳизоту техника барои муассисаҳои роҳдорӣ дастраснамоӣ ва васлу ба истифода додани ду адад корхонаи асфалтбарорӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Агентии «JICA» анҷом дода шуд.

Айни ҳол, дар соҳа даҳ лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз  483,2 млн. доллари ИМА ва бо иштироки 1803 нафар мутахассисон, ки 71 фоизи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, амалӣ шуда истодаанд.

Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои бо ҷалби сармоягузории беруна амалишаванда бунёду таҷдиди иншооти комплекси нақлиётӣ бо истифодаи сармоягузории дохилӣ низ сол аз сол вусъати тоза мегирад.

Соли 2014, бо истифодаи 11,5 миллион сомонӣ маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ дар 18 иншооти соҳа корҳои бунёдию барқарорсозӣ иҷро гардида, 11 иншоот бо маблағи 10,6 миллион сомонӣ барои истифодабарӣ супорида шудаанд. Ҳамин тариқ, бо истифодаи маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ бунёду барқарорсозии  25,2  километр роҳ ва нуҳ пул бо дарозии  умумии 192  метри тӯлонӣ анҷом дода шуд.

Инчунин аз ҳисоби маблағҳои Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии пули километри 456-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-ағбаи Кулма 12 374,9 ҳазор сомонӣ ва пул дар роҳи наздисарҳадии Кулунду-Мақсад 160,9 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Аз 57,3 млн. сомонӣ (нисбати маблағҳои соли 2013- ум 2,6 млн. сомонӣ зиёдтар) маблағи аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории 14068 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи  умум  ҷудогардида 4,0  млн. сомонӣ барои таъмири асосӣ, 25,0 млн. сомонӣ барои музди меҳнат ва хароҷоти маъмурии идораю муассисаҳои давлатии  нигоҳдории  роҳҳо,  12,0 млн. сомонӣ барои  хариди  масолеҳ ва пардохти корҳои иҷрошуда ва 16,3 млн. сомонӣ барои корҳои нигоҳдории мавсимии роҳҳо истифода шудааст.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 40,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 7,5 млн. сомонӣ (соли 2013-ум 6,1 млн.сомонӣ) ба муассисаҳои давлатии  нигоҳдории роҳҳо ҷудо гардида, дар доираи ин маблағҳо 19,8 километр роҳ,  ду адад пул бо дарозии 30 метр аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.

Аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ин давра  939,6 км роҳҳои маҳаллии байни деҳаҳо шағалпӯш ва 14 адад пулу як адад лӯла ба маблағи зиёда аз 32,8 млн. сомонӣ таъмир гардиданд.

Дар маҷмӯъ, аз ҳама манбаъҳо ба маблағи 142,5 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд, ки нисбати нақшаи вазорат 4,5 баробар зиёд мебошад.

Тавассути роҳи оҳан ба якдигар пайваст кардани ҳама минтақаҳои мамлакат ва мусоидат намудан баҳри бунёди роҳи оҳани Хитой — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон аз ҷумлаи қадамҳои минбаъда дар ин самт ба ҳисоб мераванд, ки бо амалӣ гардиданаш имконияти транзитии кишвар афзуда, Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ пайваст хоҳад шуд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо истифодаи маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душабе- Қӯрғонтеппа идома дошта,танҳо соли 2014 ба маблағи 60,2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардид.

Ислоҳоти сохтории авиатсияи граждании ҷумҳурӣ бо мақсади ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва роҳ ёфтани ширкатҳои хусусии ватанӣ ба бозори хизматрасониҳои байналмилалӣ гузаронида шуд, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа мусоидати фаъол намуд.

Дар баробари ин, дар ҳамбастагӣ бо амалисозии масъалаҳои таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалӣ, таҷҳизонидани хизмати аэронавигатсионӣ бо таҷҳизоти нави мутобиқ ба меъёрҳои  байналмилалӣ  ва таҳкимбахшии заминаи техникии корхонаҳо барои ояндаи наздик ҷиҳати  беҳдошти сатҳ ва сифати хизматрасониҳо мусоидат менамоянд.

Дар фарҷоми муҳокимаи  парламентӣ муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдузафар  Иномов, Сабоҳат Муқумова, Зиёратшо Саъдулло, Шодӣ Шабдолов ва дигарон посухҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаи дар муҳокимаи парламентӣ баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардид.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ.