Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Оид ба бозсозии нақби «Истиқлол» ва системаи идоракунӣ дар нақлиёт ёддошти тафоҳум ва шартнома ба тасвиб расид

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

DSC_131910 апрели  соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гашт.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд:

1.Дар бораи Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар бораи Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб»

3.Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат

4.Дар хусуси Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd.» оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматиконидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид»

5.Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар бораи Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии  нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич дода мешавад.

DSC_1201Низом ҲАКИМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Бо мақсади таҳкими робитаҳои самимона ва бародаронаи ду кишвари дӯст- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар соҳаи техникӣ ва муҳандисӣ ва бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои президентҳои муҳтарами ду кишвар оид ба анҷоми саривақтии корҳои боқимондаи сохтмони нақби «Истиқлол» ва пурра ба истифода додани он, мақомоти ду кишвар бо ҳамдигар музокира намуда, санаи 4 сентябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми иловагиро оид ба нақби «Истиқлол» ба имзо расониданд.

Ин Ёддошти тафоҳуми иловагӣ аз 8 қисм иборат мебошад ва ҳамаи тарафҳои сохтмон ва иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дар бар мегирад.

Ҷониби Тоҷикистон сохта шудани нақби «Истиқлол»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкатҳои эронӣ боиси мустаҳкам шудани ҳамкориҳои дуҷониба номида, хостори идома додани ҳамкориҳо барои иҷрои корҳои  бозсозии самаранок ва босифати он гардид.

Маблағи иҷрои корҳои боқимондаи сохтмонии нақби «Истиқлол» шаш миллион доллари амрикоӣ муайян шудааст.

Ҷонибҳо барои пардохти 50 фоизи маблағи иҷрои корҳои сохтмонии боқимонда ва иловагии нақб (се миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се миллион доллар аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон) уҳдадор мебошанд.

Маблағи шаш миллион доллари амрикоии ҷудошудаи ҷонибҳо, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ равона мешаванд, дар ҳисоби муштараки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, нигоҳ дошта мешаванд. Тарафҳо уҳдадор мегарданд, ки дар муддати 20 рӯз пас аз имзои Ёддошти мазкур барои кушодани суратҳисоби бонкӣ ва равона намудани маблағи таъиншуда кӯшиш намоянд.

Ба унвони паймонкори таъингардида- ширкати «Собир» масъулияти тарроҳии корҳои боқимонда ва иловагиро бар уҳда дошта, вазифадор гардидааст, ки қарордоди такмилгардидаро дар муддати даҳ рӯз ба фармоишгар пешниҳод намояд.

Пардохти маблағҳо ба паймонкор (ширкати «Собир») пас аз иҷрои корҳои таъиншуда бо пешниҳоди сертификатҳои тасдиқшуда тавассути Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе амалӣ карда мешавад.

Зикр кардан зарур аст, ки моддаи 7-уми Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ аз 18 майи соли 2003 дар ин Ёддошт ҳукми қонунӣ дорад.

Ҷонибҳо ҷаноби оқои муҳандис Сайиди Киё- узви ҳайати Шӯрои холдингии «Шасто»  ва намояндаи мухтори Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони нозири махсуси татбиқи корҳои сохтмонии боқимонда ва иловагии нақби «Истиқлол» таъин намуданд.

Ёддошти тафоҳуми мазкур аз лаҳзаи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба тарафдории Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

DSC_1210Нодира ТУРДИМАТОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли 2011 ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2013 таҳти №1791 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб» санаи 18 майи соли 2003 ба имзо расида буд, ки тибқи муқаррароти банди 7-уми он ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки ширкати эронии татбиқкунандаи лоиҳаро аз пардохти андозҳо, боҷу хироҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, озод намояд.

Корҳои лоиҳавӣ то соли 2010 бо истифодаи маблағи умумии 39 млн.доллари ИМА, ки аз ин 21,2 млн.доллари ИМА- кӯмаки бебозгашт ва 10 млн.доллари ИМА – қарзи Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин 7,8 млн.доллари ИМА – саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, идома дошт. Баъдан, бинобар сабаби норасоии маблағ корҳо дар иншоот қатъ гардиданд.

Бо мақсади анҷоми корҳои боқимондаи лоиҳа санаи 4 сентябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Маблағи иҷрои корҳои боқимондаи сохтмонии нақби «Истиқлол» мутобиқи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ шаш млн.доллари ИМА муайян шудааст.

Дар асоси банди 3-юми Ёддошти тафоҳуми иловагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон се млн.доллари ИМА ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамчун кӯмаки бебозгашт се млн.доллари ИМА-ро барои иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ ҷудо менамоянд.

Кумитаи масъул рӯзи 3 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш дорем, ки онро тарафдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич дода мешавад.

Низом ҲАКИМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Зарурати қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур, пеш аз ҳама, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқаррароти Ёддошти тафоҳум равона гардидааст.

Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб» санаи 18 майи соли 2003 ба имзо расидааст ва аз 12 модда иборат мебошад. Тибқи муқаррароти банди 7-уми он ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки ширкати эронии татбиқкунандаи лоиҳаро аз пардохти андозҳо, боҷу хироҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, озод намояд.

Ҳамин тариқ, корҳои лоиҳавӣ то соли 2010 бо истифодаи маблағи умумии 39 млн. доллари ИМА, ки аз ин 21,2 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ва 10 млн. доллари ИМА қарзи  Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин 7,8 млн. доллари ИМА саҳми  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, идома ёфт. Сипас, бинобар сабаби норасоии маблағ корҳо дар иншоот қатъ гардиданд.

Бо мақсади анҷоми босифати корҳои боқимондаи лоиҳа санаи 4 сентябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар асоси банди 3-юми Ёддошти тафоҳуми иловагӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон се млн. доллари ИМА ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамчун кӯмаки бебозгашт се млн. доллари ИМА-ро барои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ ҷудо менамоянд.

Инчунин барои татбиқи банди 7-уми Ёддошти тафоҳуми иловагӣ муқаррароти моддаи 7-уми Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ аз 18 майи соли 2003 мавриди амал қарор дода мешавад.

Бинобар ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тасдиқи Ёддоштҳои тафоҳуми зикргардида, ки бо риояи талаботи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидаанд, мувофиқи мақсад мешуморад.

Муҳтарам вакилон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки тасдиқи Ёддошти тафоҳуми мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

Нодира ТУРДИМАТОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб» 18 майи соли 2003 ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2013 таҳти №1792 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаи масъул 3 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми иҷроӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сохтмони туннели «Анзоб» -ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш  дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Ёддошти  тафоҳуми мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Дар хусуси Созишнома  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат сухан ба муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Шариф Ҷабборович дода мешавад.

DSC_1244Шариф ФАЙЗУЛЛОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мутобиқи моддаҳои 7 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат, ки 5 июни соли 2012 дар шаҳри Пекин ба имзо расидааст, пешниҳод  мешавад.

Ба анҷом расидани ҷараёни барасмиятдарории ҳуқуқии гузариши хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар кардани нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро тақозо менамояд.

Созишномаи мазкур нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ҳамсоя ва координатҳои ҷуғрофии онро муайян намуда, барои дар маҳал дақиқ намудани нуқтаи пайвастшавӣ ва тартиби аломатгузории он заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.

Лоиҳаи қарори  дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва матни Созишнома бо вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа  шудааст.

Бо дарназардошти манфиатҳои ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дақиқ муайян намудани ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки Созишномаи  мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

DSC_1237Сайфулло ГИЁЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, пешниҳод  мешавад.

Созишномаи мазкур аз 3 модда иборат буда, дар моддаи 1-уми он нуқтаву нишони пайвастшавии се давлати номбурда муайян карда шудааст. Дар моддаи 2- юми Созишнома зикр гардидааст, ки Тарафҳои Аҳдкунанда ба он тавофуқ кардаанд, ки муайян намудани ҷойи дақиқи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ дар маҳал ва насби аломати сарҳадӣ дар ҳолати фароҳам шудани шароити мусоид барои ин кор амалӣ карда мешавад. Дар моддаи 3- юми Созишнома зикр шудааст, ки ин Созишнома аз таърихи фиристодани огоҳиномаи охирини хаттӣ оид ба анҷом додани расмиёти дохилидавлатии Тарафҳои Аҳдкунанда, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, мавриди амал қарор мегирад.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2013 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулосаҳои худро пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 2 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ У.Бобоев мавриди муҳокима қарор дод.

Созишномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа хаматарафа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, хоҳиш менамоем, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлатро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Дар хусуси Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd.» оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматиконидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навҷувонов Абдулло Шамбиевич дода мешавад.

DSC_1254Абдулло НАВҶУВОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити дастрасии технологияҳои нави коммуникатсионӣ имрӯз зарурат пеш омадааст, ки маҷмааи таҷҳизоти барномавӣ барои ба таври худкор ба қайд гирифтани вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ амалӣ карда шавад.

Бо ин мақсад дар асоси дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ширкати «Ҳуавей»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Лоиҳаи «Низоми худкори  идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» коркард шуд.

Лоиҳаи мазкур  ҷиҳати бартарафсозии маҷмӯи  мушкилот дар раванди беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ,  назорати доимӣ аз рӯйи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаю хиёбонҳои мошингард, ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Дар асоси Ваколатномаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли  2012 (23. 1/1-10) вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати «Ҳуавей»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой  Созишнома оид ба таҳвили таҷҳизот доир ба «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва хизматрасонии «Таҳти калид»-ро ба имзо расонид.

Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз шаш қисмат — маркази идоракунӣ, маҷмааҳои электронии танзими ҳаракат дар роҳ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, назорати иншооти чароғакҳои роҳнамо, назорати ҳаракат ва мавқеи ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт ва назорати видеоӣ иборат мебошад.

Татбиқи Лоиҳа аз сохтмони маркази идоракунӣ  оғоз меёбад. Дар маркази идоракунӣ 21 адад экранҳои ҳаҷмашон калон шинонда, залҳо барои гузаронидани маҷлису конференсияҳо ва утоқҳои корӣ сохта мешаванд.

Дар 70 чорроҳаи шаҳри Душанбе таҷҳизоти электронӣ  барои ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон гузошта мешавад, ки тариқи маҷмааи мазкур акси қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз он ҷумла гузариши воситаи нақлиёт дар чароғаки сурх гирифта, рақами қайди давлатӣ, инчунин вақт  ва ҷойи ошкор намудани қоидавайронкунӣ, самти ҳаракати воситаи нақлиёт ва суръати он муайян шуда, ба Маркази идоракунӣ пешниҳод карда, дар марказ ба қайд гирифта мешавад.

Мувофиқи Лоиҳаи пешниҳодшуда 12 маҷмаа барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла  ҳашт адад дар роҳҳои даромад ба шаҳри Душанбе  сохта мешавад. Дар қисмати мошингарди роҳҳои даромад ба шаҳри Душанбе таҷҳизоти махсус сохта мешавад, ки ҳангоми воситаҳои нақлиёти дар кофтуковбуда аз ин нуқтаҳо гузаштан акси онҳо ва шахсони дар ин воситаи нақлиётбуда, вақт, ҷойи гузариш, рақами қайди давлатии воситаи нақлиёт сабт шуда, ба маркази идоракунӣ тариқи таҷҳизоти электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар чорроҳаҳои шаҳри Душанбе 70 иншооти чароғакҳои роҳнамои навъи диодӣ насб карда мешавад. Ин система вобаста аз шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон реҷаи кори чароғакҳои роҳнаморо ба танзим медарорад ва бо ин роҳ ҷамъшавии воситаҳои  нақлиёт дар чорроҳаҳо  бартараф карда мешаванд.

Аз Маркази идоракунӣ  дар реҷаи кори иншооти чароғакҳои роҳнамо вобаста аз шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон  тағйирот ворид карда мешавад.

Инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе 855 адад камераҳо, аз он ҷумла 200 адад камераҳои имконияти функсияҳои зиёддошта  ва 655 адад камераҳои стандартӣ насб карда мешаванд. Дар доираи татбиқи ин лоиҳа васлу насби зиёда аз 2000 адад камераҳои гуногун, зиёда аз 500 адад чароғакҳои муосир, 100 адад пойгоҳҳои муайянкунии мақоми ҷойгиршавӣ барои автомашинаҳои хизматӣ ва сохтмони 300 км нахи оптикӣ  пешбинӣ шудааст.

Тариқи  маҷмааи назорати видеоӣ қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ,  танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, садамаҳои нақлиётӣ, вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ба навор гирифта, бо сабти вақт, ҷойи содиршавии ин қоидавайронкуниҳо ба Маркази идоракунӣ дода мешавад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин наворҳоро метавонанд ҳамчун далели шайъӣ истифода баранд.

Тибқи маҷмааи мазкур аз Маркази идоракунӣ ҳангоми ворид шудани «бонги хатар» ва дигар маълумотҳо оид ба дастгир намудани ҷинояткорон чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз он ҷумла ба ҷойи содиршавии ҷиноят воситаю қувваҳои зарурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар мешаванд.

Маблағи умумии Лоиҳа 22.000.000 (бисту ду миллион) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 17963869 (ҳабдаҳ миллиону нуҳсаду шасту се ҳазору ҳаштсаду шасту нуҳ) доллари ИМА-ро арзиши таҷҳизот ва 4036130 (чор миллиону сию шаш ҳазору яксаду сӣ) доллари ИМА-ро иҷрои корҳои сохтмонию хизматрасонӣ,  аз он ҷумла хизматрасониҳои муҳандисӣ, хизматрасониҳо оид ба идоракунии система, тайёркунии кадрҳо, хизматрасонии кафолатноки техникӣ ташкил медиҳад.

Дар асоси супориши Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои Созишномаи мазкур дар ду марҳила — якум дар моҳи май  ва марҳилаи дуюм дар моҳи ноябри соли 2013 ба нақша гирифта шудааст. Комиссияи давлатӣ бояд 1 ноябри соли ҷорӣ иҷрои Лоиҳаро қабул намояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, лоиҳаи шартномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович дода мешавад.

DSC_1263Умаралӣ ҲИСАЙНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Таҳти барраси шумо Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати  ««Huawei Technologies Co. Ltd.»   оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматиконидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» қарор дорад, ки ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар Шартномаи зикршуда  мафҳумҳои асосии истифодашаванда шарҳ дода шуда, фарогири масоили вобаста ба матлаби Шартнома, уҳдадории тарафҳо, нархҳо ва маблағи умумии Шартнома, шартҳои пардохт ва маблағгузории он, марҳила ва муҳлати ба истифода додани система, борпечонӣ ва тамғазанӣ, огоҳкунӣ ва мукотиба, насбкунӣ ва санҷишҳои қабул, қисмҳои захиравӣ ва эҳтиётӣ,  вусъат додани система, сифат, хизматрасонии кафолатнок ва техникии таҷҳизот, таъминоти барномавӣ, таълим, ҳуқуқҳо  ба моликияти зеҳнӣ, товони зарар  нисбат ба ҳуқуқҳо ба моликияти зеҳнӣ, махфият, супоридани ҳуқуқҳо ва пудрати майда, даъво, масъулияти тарафҳо, ҳолатҳои форс-мажор, ҳалли баҳсҳо, муҳлати эътибор ва бекор кардани Шартнома ва талаботи дигари Шартнома мебошад.

Шартномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2013 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои экспертизаи ҳуқуқӣ  ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулоса пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар таърихи 2 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовири калони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ У. Бобоев мавриди муҳокима қарор дод.

Шартномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Шартнома ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ  ва иттилоот Салимзода  Олим дода мешавад.

DSC_1283Олим САЛИМЗОДА : — Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 августи соли 2012 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Созишнома байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат, таъмини шароити муносиби будубош ва фаъолияти намояндагиҳои дипломатии кишварҳо, бо назардошти Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур аз 12 модда иборат буда, дар он ҷузъиёти ҷудо намудани қитъаи замин ба иҷораи дарозмуҳлат барои эҳтиёҷоти намояндагиҳои дипломатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Ашқобод баён гардидааст.

Дар асоси моддаи 1-уми Созишномаи мазкур суроғаҳои қитъаҳои замин дар протоколи байниҳукуматӣ дарҷ карда мешаванд. Санади мазкур ба тарафҳо имкон медиҳад, ки барои ҷойгир намудани сафоратҳои ҳар ду ҷониб дар асоси баробарҳуқуқӣ  ба муҳлати 49 сол қитъаи заминро барои иҷора ҷудо намоянд. Шартҳои истифодаи қитъаҳои замини ҷудошуда мутобиқи шартномаҳои иҷораи қитъаҳои замин, ки тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Тарафҳо баста мешавад, муайян карда мешаванд.

3 апрели соли 2013 Созишномаи мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои ҷойгиронии  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории тасдиқи ин Созишнома овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов Азизмат Холматович дода мешавад.

DSC_1288Азизмат ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар асоси супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Дастури номбурда ба муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили фаъолияти Маҷлиси намояндагон, кумита, комиссияҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи он таҳия шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» меъёрҳои Дастури мазкур дар мувофиқатии байниҳамдигар ҷо ба ҷо карда, тартиби баррасӣ ва ҳалли тамоми масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансубанд, муайян карда шуданд.

Дар мувофиқа бо моддаи 2 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд, ки ҷойгиркунии маълумот дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Дар сомонаи мазкур дар радифи дигар маводҳои зарурӣ, инчунин маълумотҳо дар бораи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷумаи ҳоли раисони кумита ва комиссияҳо, муовинони онҳо, раисони фраксия ва гурӯҳҳои вакилон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳое, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири қонунҳо, намояндагии ҳизбҳо дар Маҷлиси намояндагон, робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, мулоқот ва сафарҳои хориҷии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳову комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он ҷойгир карда мешаванд.

Муқаррароти зербандҳои б) ва н) банди 42 ба Раиси Маҷлиси намояндагон салоҳият медиҳанд, ки дар навбати худ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуда, ҷой ва вақти гузаронидани онро муайян кунад, муҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузориро мустақилона тамдид намояд.

Банди б. 51 муқаррар мекунад, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон шахсони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намоянд ва дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада кӯмаки саривақтӣ расонанд.

Зербандҳои е), ж), з), л), о) ва т) банди 53 ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон салоҳият медиҳанд, ки кумитаи масъулро, ки бояд лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳодшударо омода намояд, муайян кунад, барои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар истеҳсолот қароргирифта экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ ва зиддикоррупсионӣ таъин намояд, муҳлати гузаронидани онҳо, субъектонеро ки экспертизаи дахлдорро мегузаронанд, мушаххас  намуда, маводҳоро барои гузаронидани экспертиза фиристонад, дар бораи банақшагирӣ ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои он қарор қабул кунад, масъалаҳоро вобаста ба зарурат ва имконияти сафари хизматии Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, муовинони онҳо, аъзои кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар ҷаласаҳои байналмилалии парламентҳои дигар мамлакатҳо баррасӣ намояд ва Комиссияи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро оид ба баррасии пешакии пешниҳодот дар хусуси додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ба кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъсис диҳад.

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин табдил дода шуд.

Салоҳиятҳои умумии кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар банди 58 муттаҳид ва мушаххас гардонида шудаанд. Дар бандҳои 63, 66, 70 ва 75 муқаррар карда шудааст, ки раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва муовинони онҳо аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор интихоб карда мешаванд, ба ҷаласаи кумита ва комиссияҳо раиси кумита ё комиссия ё бо супориши онҳо муовинонашон раисӣ мекунанд. Кумита ва комиссияҳо аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои кумита ва комиссия қарор қабул мекунанд.

Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи вакилони Маҷлиси намояндагон дар фаъолияти кумита ва комиссияҳо, дар бандҳои 72 ва 73 лоиҳаи Дастур муқаррар карда шудааст, ки доир ба баргузор шудани ҷаласаи кумита ва комиссияҳо раисони онҳо, аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон, инчунин дигар иштирокчиёни ҷаласа қаблан огоҳ карда мешаванд ва вакили Маҷлиси намояндагон вазифадор аст, ки дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, ки ӯ узви онҳо мебошад, иштирок намояд.

Банди 79 барои иштироки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомот ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҷаласаи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон асоси ҳуқуқӣ мегузорад.

Дар бандҳои 88-99 ва 124 салоҳияти кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва мушовирони онҳо вобаста ба самтҳои фаъолияташон пурра ва мушаххасу дақиқ гардонида шудаанд

Дар банди 97 салоҳияти Комиссияи экологӣ муқаррар карда шудааст.

Бандҳои 134 ва 135 муқаррар мекунанд, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон Котиботи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ва Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагонро интихоб намоянд. Котиботи номбурда на танҳо таклифу пешниҳод, маълумотнома, ахборот ва ариза, балки барқияҳои аз вакилони Маҷлиси намояндагон, фраксия ва гурӯҳи вакилон, ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз гурӯҳи шаҳрвандон ва шахсони алоҳида ба унвони иҷлосия ва ҷаласаҳо расидаро низ ба қайд мегирад ва бо онҳо раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро шинос мекунад.

Банди 161 тартиби гузаронидани «соати изҳорот» — ро муайян намуда, банди 181 муқаррар мекунад, ки ҳама гуна ҳуҷҷат ё мавод, ки дар толори Маҷлиси намояндагон паҳн карда мешавад, бояд аз ҷониби вакили (вакилони) Маҷлиси намояндагон, ки ташаббускори паҳн кардани ҳуҷҷат ё маводи мазкур мебошад, имзо шуда бошад, инчунин имзои Раиси Маҷлиси намояндагон ё муовини якум ва ё яке аз муовинони ӯро дар хусуси иҷозат додан ба паҳнкунии ҳуҷҷат ё мавод дошта бошад. Ҳуҷҷатҳое, ки хусусияти изҳороти кумитаҳо, комиссияҳо, фраксияҳо, гурӯҳҳои вакилонро доранд, инчунин бояд имзои раиси кумита, комиссия ё роҳбари фраксия, гурӯҳи дахлдори вакилонро дошта бошад.

Банди 198 муқаррар мекунад, ки дар сурати аз мавзуъ берун баромадани вакил, раисикунандаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон вакилро дар ин бора огоҳ намояд ва агар эрод ба назар гирифта нашавад, раисикунандаи ҷаласа суханронии вакилро қатъ кунад.

Муқаррар карда шуд, ки Маҷлиси намояндагон дар бораи тафсири Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонуни конститутсионӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ва беэътибор донистани он, қонуни конститутсионӣ ва қарор, дар бораи қабули кодекс, қонун, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо ва аз эътибор соқит донистани онҳо қонун ва қарор қабул мекунад (банди 240).

DSC_1324

Дар Дастур бобҳои «Тартиби мураттабсозӣ ва интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Боби 17), «Тартиби ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторҳои Палатаи ҳисоб» (Боби 19) ва «Тартиби аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон» (Боби 32) пешбинӣ гардида, дар банди 242 масъалаҳое, ки вобаста ба онҳо Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад, мушаххас гардонида шудаанд. Аз ҷумла муайян карда шуд, ки дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ, бекор кардан ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин кардани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ кардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президент дар бораи ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, додани ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон ё рад кардани аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум кардани вакили Маҷлиси намояндагон низ қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.

Бандҳои 270-272 муқаррар мекунанд, ки муҳлати муҳокимаҳои парламентӣ бо пешниҳоди кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, бо назардошти хусусияти масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, муайян карда шуда, муҳокимаҳои парламентии кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро раиси кумитаи дахлдори Маҷлиси намояндагон ё муовини ӯ раисӣ намояд.

Дар банди 290 мушаххас гардонида шуд, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун ё аз эътибор соқит донистани он, инчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ва ё аз эътибор соқит донистани он (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.

Банди 301 муқаррар мекунад, ки агар ба Маҷлиси намояндагон дар як вақт якчанд лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қонун пешниҳод карда шаванд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди кумитаи масъул метавонад онҳоро муттаҳид карда, ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.

Дар бандҳои 318-320 вазифаҳо ва функсияҳои шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати додани хулосаи ҳуқуқӣ ва муайян кардани мутобиқати лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.

Тартиби баррасии лоиҳаи қонунҳо ва қабули онҳо дар боби 11 мушаххасу дақиқ гардонида шудаанд.

Дар бобҳои 12 ва 13 тартиби баррасии такрории қонунҳое, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ накардааст ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидаанд, саҳеҳ гардонида шудаанд. Аз ҷумла дар банди 368 муқаррар карда шудааст, ки дар сурати аз ҷониби Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ намудани қонуне, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани Қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад.

Меъёрҳои боби 14 тартиби тафсири Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххас мегардонанд.

Дар бобҳои 15 ва 16 тартиби баррасӣ ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи авф» муқаррар карда шудаанд.

Боби 17 тартиби мураттабсозӣ ва интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян намуда, аз ҷумла муқаррар мекунад, ки ҳангоми ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ намудан, бекор кардан ва боздоштани амали онҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагон ворид карда шудани тағйиру иловаҳои зиёд ва душворфаҳм гардидани онҳо, бо қарори Маҷлиси намояндагон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонанд дар таҳрири нав, бо назардошти тағйиру иловаҳои ба онҳо воридкардашуда, интишор карда шаванд (банди 436).

Дар фасли 4 тартиби баррасии дигар масъалаҳо, ки ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансубанд, ба танзим дароварда шудаанд. Аз ҷумла дар боби 19 тартиби ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод кардани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини он ва сараудиторҳои Палатаи ҳисоб ва дар боби 21 тартиби тасдиқ кардани барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.

Дар банди 461 муқаррар карда шудааст, ки кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон рафти амалишавии барномаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд, бо ин мақсад муҳокимаҳои парламентӣ доир намуда, ахбороти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар бораи рафти иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунаванд.

Аз шумо, ҳамкасбони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи пешниҳодшудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳед.

Дар хусуси қабули Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Масъалаи охирини рӯзнома – Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани кумита  ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ баррасӣ гашта, дар ин хусус Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ