Қонунҳои қабулшуда ба рушди иқтисодиёт мусоидат намуданд

№140-141 (3286-3287) 24.11.2014

Мусоҳиба бо муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия  Сафаралӣ Гулов

 DSC_0066Сафаралӣ Гулов аз зумраи шахсони варзидаест, ки  дар соҳаи молия фаъолияти пурсамар дошта, таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Фаъолияташ аз соли 1974, яъне  чил сол пеш, баъди хатми Университети  давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси ревизори калони даромадҳои давлатӣ дар шуъбаи молияи вилояти Кӯлоб оғоз гардид.  Соли 1977 сардори бахши маблағгузории мақомоти роҳбарикунандаи шуъбаи молияи вилоят таъин мешавад. Соли 1984 ӯро ба Комитети назорати халқии вилоят ба кор равон мекунанд. Соли 1988 ду вилоят-Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа якҷоя шуда, ба вилояти Хатлон табдил меёбад. С. Гулов ду сол дар мақомоти назорати халқии вилояти Хатлон кор карда, соли 1991 сардори Идораи фонди нафақаи вилояти Кӯлоб таъин мегардад.  Соли 1995 ӯро муовини сардори Идораи молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб таъин мекунанд. Солҳои 1997- 2004 сардори Идораи молияи вилояти Хатлон буд. Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисодиёт таъин мешавад. Аз моҳи октябри соли 2005 то соли 2007 дар вазифаи  раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифои вазифа кардааст. Аз моҳи апрели соли 2007 инҷониб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз соли 2011 то ҳоло муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия мебошад.

-Аз рӯзҳои аввали ба кор шурӯъ кардан фаъолияти шумо дар соҳаи молия ба чӣ равона гардида буд ва  вазифаи корманди молия аз чӣ иборат аст? 

-Замони шӯравӣ ҳамчун корманди молия масъалаи назорати давлатии хароҷоту даромади буҷетро зери назорат доштем ва кӯшиш мекардем, ки маблағҳои Буҷети давлатӣ мақсаднок истифода шаванд. Бахше, ки ман дар он фаъолият доштам, мақомоти роҳбарикунанда ва иҷроияро назорату тафтиш мекард. Зимни санҷишу тафтишҳо мо кӯшиш мекардем, ки пеши роҳи ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои Буҷети давлатӣ ва изофанависиро гирем, хатоҳоеро, ки аз ҷиҳати молиявӣ ба давлат зарар мерасониданд, ошкор ва баҳри бартараф кардани онҳо дастуру маслиҳатҳо диҳем.

Мутаассифона, солҳои аввали навадуми асри гузашта дар кишварамон нооромиҳо сар заданд, ки он ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, бахусус иқтисодиёт, молия, иҷтимоиёт таъсири худро гузошт. Бо вуҷуди мушкилоти сангине, ки яроқбадастон эҷод мекарданд, дар ҳамон лаҳзаҳо низ кӯшиш мекардем маблағҳои давлатӣ тороҷ нашаванду мақсаднок мавриди истифода қарор гиранд. Ин, албатта, кори саҳл набуд. Дар он вақт ва баъди тадриҷан ором шудани кишвар ҳам вазъи иқтисодию молиявии мамлакат вазнин буд. Бо вуҷуди кам будани ҳаҷми маош сари вақт маблағгузорӣ кардан имконнопазир буд. Сабаби асосии касри буҷет дар он буд, ки сари вақт андозҳо ҷамъ намешуданд.

-Вазъи имрӯзаро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми рукнҳои давлатдорӣ ба кор даромаданду рӯз то рӯз тақвият меёбанд. Барои мисол, Буҷети давлатӣ дар соли 2000-ум ҳамагӣ 226 миллион сомонӣ  буд. Дар соли 2001-ум  314  миллион сомониро ташкил медод. Ин рақам дар соли 2014 ба 14,1 миллиард расид, яъне  давоми 13 сол  45 маротиба афзоиш ёфт.  Ин нукта дар Паёми имсолаи  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён ёфта, дар ин замина ба вазорату идораҳои дахлдор чунин супориш дода шудааст: «Бо мақсади таъмин гардидани истифодаи самараноки маблағҳои Буҷети давлатӣ ва дар доираи ҳадафу афзалиятҳои барномаҳои қабулшуда равона намудани маблағҳо доир ба таҳияву татбиқи низоми ягона дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.».

Солҳои охир маблағгузорӣ ба ҳама соҳаҳо афзоиш меёбад. Масалан, соли 2013 барои соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд, соли 2014 ин рақам 2 милларду 517 миллион сомониро ташкил дод, яъне  386,2 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Танҳо ба соҳаи иҷтимоиёт дар буҷети соли 2014-ум 7,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Яъне, аз нисф зиёд — 54,2 фоизи ҳаҷми хароҷоти буҷет ба соҳаи иҷтимоиёт равона карда шудааст. Ин нишондиҳанда 15,8 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил мекунад.

Натиҷаи фаъолияти дуруст дар самти баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги андозсупорӣ, дуруст ба роҳ мондани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани базаи андозбандӣ, роҳ надодан ба бақияпулиҳои андоз, ба андозбандии пурра фаро гирифтани андозсупорандагон ва сари вақт ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳои мавҷуда буд, ки солҳои охир Буҷети давлатӣ пурра иҷро гардида, сатҳи некуаҳволии мардум боло рафта, маоши  хизматчиёни давлатӣ, нафақапулӣ, идрорпулӣ ва кумакпулиҳо сол то сол зиёд мешавад.

-Шумо ду даъват аст, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед ва дар қабули бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳм гузоштаед. Мехостем, каме дар ин бора маълумот диҳед…

-Аз моҳи марти соли 2010 то моҳи сентябри соли 2014 ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ нуҳ лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия кардам, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки аз онҳо ҳафтояш қонуни мукаммал ва ду адад тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» 29 декабри соли 2010 таҳти № 671 қабул шуд. Ин қонун самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.

25 марти соли 2011 таҳти №702 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» қабул шуда буд. Қонуни мазкур  асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳо ва қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, муносибатҳои ин соҳаро танзим менамояд.

Баъдан, 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» қабул шуд, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзиро муқаррар, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, танзим намуда, манфиатҳои аъзои иттифоқҳои қарзиро ҳифз ва истифодабарии самараноки манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад.

Ҳамзамон метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро номбар кард, ки 22 июли соли 2013 таҳти № 992  қабул шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона (ломбард) оид ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд. Айни ҳол як қонуни дигар «Дар бораи савдои электронӣ» таҳия гардида, дар баррасии кумитаҳо қарор дорад.

Илова бар ин, мехоҳам якчанд қонунҳои вобаста ба иқтисодиёт ва молияро номбар кунам, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои 2010- 2014 қабул шудааст ва банда низ дар ин раванд саҳмгузорам. Инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати  дохилӣ дар бахши давлатӣ» (соли 2010), «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» (соли 2010), «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»  (соли 2011),  «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011), «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» (соли 2011), «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» (соли 2012), «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (соли 2012), «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» (соли 2012), «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» (соли 2013), Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон(соли 2013) ва ҳамасола Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»