Вакил ва интихобкунанда

Пазиройии самимии вакил

№№117 (3102) 21.09.2013

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхон Сафаров  бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Кӯлоб № 37 дар деҳоти «Зиракӣ», «Даҳана», «Зарбдор» ва маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Кӯлоб мулоқот баргузор намуд.

Аз ҷумла дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Худоёр Раҷабови шаҳр чунин як вохӯрӣ доир гардид. Вакили Маҷлиси намояндагон ва ҳамроҳони ӯро интихобкунандагони маҳалла, омӯзгорону муҳассилини таълимгоҳ дар саҳни барҳавои мактаб бо гулу гулдастаҳои тару тоза пазиройӣ намуданд.

Амирхон Сафаров дар назди интихобкунандагон  ба сухан баромада, зикр намуд, ки парламенти мамлакат ҳамчун ниҳоди қонунгузории кишвар тайи солҳои фаъолияти худ на танҳо низоми ягонаи ҳуқуқиро дар дохили кишвар ташаккул дод, балки дар самти ворид шудан ба фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ низ қадамҳои устувор гузошт.

-Аз ин рӯ,- таъкид намуд вакил,- метавон бо ифтихор гуфт, ки барои дохилшавии кишварамон ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ саҳми парламенти мамлакат хеле назаррас мебошад. — Дар ин давра, — гуфт ӯ. — Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон 187 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро  мавриди баррасию қабул  қарор дод.

Сипас, Амирхон Сафаров аз фаъолияти вакилии хеш  дар Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, изҳор дошт, ки баробари дигар ҳамкасбон дар баррасии як қатор қонунҳои батасвибрасидаи амалкунанда саҳмгузорӣ кардааст.

Интихобкунандагон Зулайхо Ҳақназарова — раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Нурулло Салимов — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 ва Усмон Хушвахтов — роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ва боз чанд тани дигар ба сухан баромада, аз фаъолияти вакили ҳавза Амирхон Сафаров изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»