21 октябри соли 2014 ҳайати бонуфузи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.
Дар доираи чорабиниҳои мазкур Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко — Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сергей Наришкин — Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Игор Шувалов — муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Сергей Собянин — мири шаҳри Москва, Андрей Воробёв — губернатори вилояти Москва ва роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии муқими Федератсияи Россия мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.