Сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба навоҳии минтақаи Рашт

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

DSC_0099

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо мақсади қабули интихобкунандагон рӯзи 26 октябри соли 2013 ба навоҳии минтақаи Рашт ба сафари корӣ баромад.

Шукурҷон Зуҳуров бо мақсади огоҳии бештар пайдо намудан аз зиндагӣ ва мушкилоти интихобкунандагони  худ дар маркази ноҳияҳои минтақаи Рашт рӯзҳои қабули худро баргузор намуд.

DSC_0235

Бо ин мақсад дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара рӯзҳои қабули Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар баргузор гардиданд. Ҳамарӯза то 40-50 нафар муроҷиаткунанда, ки намояндагони касбу кори гуногун, зиёиён, деҳқонон, соҳибкорон, собиқадорони меҳнат ва дигарон буданд, дархосту муроҷиатҳои худро ба таваҷҷуҳи вакили худ расонда, ҷиҳати ҳалли аксари кулли муроҷиатҳои худ тавсияҳои қаноатбахш гирифтанд.

Бештари муроҷиаткунандагон ба Раиси Маҷлиси намояндагон, дар тафовут аз солҳои гузашта, на ҷиҳати ҳалли мушкилоти шахсиву хонаводагӣ, балки бо мақсади ҳалли масъалаҳои барои ҷомеа ва ё соҳаҳои гуногуни ноҳияҳо муфиду зарурӣ муроҷиат менамуданд.  Сохтмони мактаб барои хонандагони лаёқатманд, бинои нави мактаб ё синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои муассисаҳои тиббиву варзишӣ, сохтмони канал ва обёрии заминҳои нав, зиёд намудани квотаҳои президентӣ, пахши барномаҳои телевизионӣ дар минтақаҳои алоҳида, нарасидани момодоя дар маҳалҳо, ҳамчунин ҷудо намудани қитъаи замин бо мақсади сохтмони манзили истиқоматӣ ва ғайра ба шумори муроҷиатҳои интихобкунандагон шомил буданд.

DSC_0489

Масалан, муроҷиати сокини деҳаи Хумдони ноҳияи Нуробод Хизриддинов Аъзам барои таъсиси корхонаи коркарди мева, Шоева Мусират- собиқадори меҳнат аз ноҳияи Рашт масъалаи нарасидани момодояҳо, омӯзгор Тоҷиддинов Миноҷиддин масъалаи ба охир расонидани бинои мактаб барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт, Рафиев Камол — собиқадори меҳнат- иваз намудани қубурҳои оби нӯшокӣ дар шаҳраки Навобод, Алиева Сунбула масъалаи бекор намудани хизматрасонии пулакӣ (шакли пилотӣ) дар таваллудхонаи шаҳраки Навобод, Сафаров Абдусаттор масъалаи бозсозии неругоҳи барқи обии хурд дар деҳаи Такоба, Қаландаров Абдулазиз оиди сари вақт нарасидани рӯзномаву маҷаллаҳое, ки мардум ба онҳо обуна шудаанд, Абдуҷалолов Ҳабибраҳмон — бунёди мактаби бачагонаи фарҳанг ва осорхонаи ноҳиявӣ, Муродова Ибодат (аз ноҳияиТоҷикобод) сохтмони бинои нави беморхона, Мирзомуддинов Шомуддин -  сохтмони бинои Шабакаи барқи ноҳияи Тоҷикобод,  Бердиев С.  (собиқадори меҳнат аз ноҳияи Ҷиргатол) масъалаи дастрас намудани картошкаи тухмӣ барои ноҳия, Неъматов Нусратулло- масъули комиссияи муштараки ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияи Чоналайи Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи ҳамкориҳои гуногуни байни ноҳияҳои Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чоналайи Ҷумҳурии Қирғизистон, Раҷабов Сафар (аз деҳаи Тавилдара) масъалаи сохтани синфхонаҳои иловагӣ, Мирзоева Робиямо масъалаи ҷудо намудани квота барои таҳсил дар хориҷи кишвар ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои занон ҷиҳати таъсиси коргоҳи занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳалли онҳо аз Раиси Маҷлиси намояндагон тақозо карда шуд. Дар баробари ин, баъзе муроҷиаткунандагон нисбати ҷудо намудани қитъаи замин бо мақсади сохтани манзили истиқоматӣ, зиёд намудани маблағи нафақа, аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷетӣ гузаронидани фарзандонашон, ки дар донишгоҳҳои гуногун таҳсил менамоянд, таъмири трансформаторҳои корношоям ва ғайра низ  хоҳишу дархост намуданд.

DSC_0295

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳалли муроҷиатҳои аҳамияти маҳаллидоштаро ба раисони ноҳияҳо, ки дар ҷараёни қабул иштирок доштанд, тавсия дода, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба вазорату муассисаҳои дигар супоришҳои лозимиро роҳандозӣ намуд.

Дар рӯзҳои қабули Раиси Маҷлиси намояндагон раиси ноҳияи Нуробод С. Сиёмардов, раиси ноҳияи Рашт С. Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Тоҷикобод  Ҳ. Алиев, раиси ноҳияи Ҷиргатол  У. Зоир, инчунин вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Сафаров, раиси ноҳияи Тавилдара Ҳ.  Ғайратов иштирок доштанд.

Имрӯз дар ноҳияҳои водии Рашт оромии комил ҳукмрон буда, мардум аз сулҳу суботи кишвар ва минтақа, инчунин аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат самимона изҳори сипос менамоянд. Қобили ёдоварист, ки деҳқонони водӣ назар ба солҳои гузашта ҳосили бештари картошка ва мева ба даст оварда, ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ