Шукурҷон Зуҳуров намояндаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт

№16 (3317) 05.02.2015

DSC_1665

Сеюми феврали соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сарвари навтаъингардидаи шуъбаи Хадамоти аврупоии амалиётҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар  ва ҳамроҳони ӯро, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо Иттиҳоди Аврупо, ки аз сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад.

-Мо мутмаинем, ки, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — сарфи назар аз дастовардҳои қаблӣ, муносибати ҷиддитар ва назари фарохтарро тақозо дорад. Мо бояд иқтидори бузурги ин созмонҳоро ба эътибор гирифта, низоми самараноки ҳамкорию ҳамёриро ба роҳ монем. Дар ин маврид ба эътибор гирифтани вазъи тағйирпазири ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳо, тавозуни қувваҳо ва дигар зуҳуроте, ки ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсиргузор мебошанд, дар ҳамоҳангӣ бо манфиатҳои миллии кишвари мо зарур аст.

Дар шароити кунунӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисоди кишвар, қабл аз ҳама, мусоидат намудан дар ҳалли се масъалаи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.  Ҳоло дар Тоҷикистон бо иштироки сармояи хориҷӣ даҳҳо иншооти бузургу миёна, аз қабили неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, роҳу пулҳо сохта мешаванд, ки дар ояндаи наздик имкониятҳо ва нерумандии иқтисодии кишварро бамаротиб боло хоҳанд бурд.

Шукурҷон Зуҳуров сатҳи муносиботи байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар маҷмӯъ нек арзёбӣ намуда, тақвияти ин муносибатҳоро дар бахшҳои гуногун таъкид кард.

-Мо медонем, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти комил аз кумак ва мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи бахшҳо бархӯрдор шудааст ва ин кумакҳо то имрӯз идома доранд, ки эътимоди тарафҳоро барои таҳкими ҳамкориҳо боз ҳам бештар менамоянд.

Дар робита ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештари парлумонҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкории нек дорад. Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни фаъолияти худ ҳамеша талош менамояд, ки қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯйи сатҳи байналмилалиро таҳия ва қабул намояд. Дар ин замина, хушбахтона, вакилони Маҷлиси намояндагон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин атрофи масъалаҳои Афғонистони ҳамсоя андешаҳояшро иброз дошта, гуфт, ки танҳо бо ёрии силоҳу аслиҳа хомӯш кардани оташи ҷанги ин кишвари азиятзада имконнопазир аст, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки мардуми Афғонистон ба ояндаи кишвари худ боварӣ ҳосил кунад ва дар пешрафти он саҳмгузор бошад. Барои ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақаро лозим аст, ки рушди соҳаи инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кӯпрук ва нақбҳо, кашидани хатҳои интиқоли барқро ба роҳ монда, робитаҳои байни кишварҳои минтақа ва Афғонистонро қавӣ гардонад ва роҳ ба сӯи баҳрҳои ҷанубро наздик кунад.

Сарвари навтаъингардидаи шуъбаи Хадамоти аврупоии амалиётҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар дар навбати худ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо 28 давлати калонтаринро бо ҳам муттаҳид намудааст, ки дар онҳо зиёда аз 500 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Ҳамзамон Тойво Клаар гуфт, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишваре, ки ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонад, мешиносад ва ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад.

Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифтааст, ки то соли 2020  ба Тоҷикистон 251 миллион евро кӯмаки молӣ расонад. Ин маблағ бевосита ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хоҷагии қишлоқ равона карда мешавад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима шуданд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ