Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Созишнома доир ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо қабул ва ба чанде аз қонунҳо тағйирот ворид карда шуд

№11 (3157) 31.01.2014

DSC_1026

29 январи соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи  панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли  2014»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»

4. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».   

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин Саидович дода мешавад.

Нуриддин САИДОВНуриддин САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 таҳти №8 «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» таъину озод намудани сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ба қонуни соҳавӣ пешбинӣ гардида буд.

Мувофиқи сархати 21 моддаи 33-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъину озод намудани сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ба салоҳияти Вазорати маориф ва илм вогузор гардидааст.

Соли 2013 ба моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйирот бо тариқи зайл: «Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд» ворид гардидааст.

Бинобар ин, зарурати хориҷ намудани сархати 21 моддаи 33-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вобаста ба талаботи моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба миён омадааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилов Нурулло Иноятович дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛОВНурулло ОҚИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ! 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 таҳти №2226 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба талаботи меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» таҳия шудааст.

Дар робита ба ин, дар асоси моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида хориҷ кардани сархати  бисту якуми моддаи 33-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ҷиҳати бартараф намудани мухолифатҳои санадҳои қонунгузорӣ ва мушаххас намудани ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пешниҳод гардидааст.

Бо қабули ин санади қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо бо розигии хаттии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти  давлатӣ, яъне Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» вобаста ба ин тартиб муайян менамуд, ки иҷрои ин амал ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад ва он бо ворид гаштани тағйирот ба ин қонун аз соли 2006 амалӣ мегардид. Дар давраи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми нави маблағгузорӣ, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, таҳким ва бунёди заминаи пойдори соҳа, ки асосан бо маблағгузории густурдаи марказонидашуда сурат мегирифт, ин амал зарурати воқеӣ дошт.

Дар марҳилаи имрӯза лозим аст, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри иҷрои бомароми вазифаҳояшон ваколатҳои бештаре муайян гардад. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои асосии пешрафти соҳаи маориф, ки бояд густариш ёбад, маблағгузории он мебошад, ки аз ҷониби буҷетҳои маҳаллӣ сурат мегирад ва дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб низ вуҷуд доранд.

Агарчӣ андешаи дигар оиди дар оянда мутамарказонидани масъалаи маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ки новобаста аз вазъи молиявии маҳалҳо барои сари вақт пардохтани маоши омӯзгорон ва дастрасии онҳо ба ҳама имтиёзҳои иҷтимоие, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, шароит фароҳам меорад, низ вуҷуд дорад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» сухан ба муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Маҳмудҷон Носирович дода мешавад.

Маҳмудҷон СОБИРОВМаҳмудҷон СОБИРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода карда шуда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, кортҳои идентификатсионӣ ва таҷҳизоти барои иҷрои Фармони номбурдаи Президент зарурбударо тақозо менамояд.

Аз ҷумла, дар доираи амали лоиҳаи қонун воридоти 540 000 адад бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, 600 000 адад бланкаҳои кортҳои идентификатсионӣ, таҷҳизоти зарурӣ барои чопи кортҳои идентификатсионӣ ва барномасозии он дар назар дошта шудааст.

Тибқи натиҷаи тендери давлатӣ маблағи умумии лоиҳаи мазкур 3,420.000 евроро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.

Исмоил ТАЛБАКОВИсмоил ТАЛБАКОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат ва вакилони  арҷманд!

Ба муҳокимаи шумо  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2014 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фиристода шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 таҳти №2251 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои додани хулоса ба Кумитаи иқтисод ва молия, дигар кумитаҳои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи  экспертизаи  ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова  ба Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри  соли 2013 таҳти №1519 «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сарфа намудани маблағ барои баргардонидани маблағи қарзие, ки ба Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои амалӣ намудани фармони зикргардида ба маблағи  25,0 млн. сомонӣ ҷудо гардида буд, таҳия  ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни номбурда аз ду модда иборат мебошад. Моддаи 1-уми он  пешниҳод  менамояд, ки  ба моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» қисми 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«10.Бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ, таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ ва 600000 бланкаҳои кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи  гумрукӣ озод карда шаванд».

Моддаи 2-юми он бошад, ба муҳлати  амал қарор додани қонуни мазкур бахшида шудааст.

Бояд зикр кард, ки  барои хариди  700,0  ҳазор адад бланкаҳои шиносномаҳои биометрии умумишаҳрвандии хориҷӣ, 600,0 ҳазор бланкаҳои кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ бо Ширкати олмонии «Muеhlbauеr», ки ғолиби озмун мебошад, шартнома ба имзо расонида шудааст. Аз ҳаҷми умумӣ 145,0 ҳазор бланкаҳо соли 2013  ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Пас аз  қабул шудани лоиҳаи қонуни мазкур боқимондаи он дар назар аст, ки моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ  ба ҷумҳурӣ ворид карда шаванд.

Тибқи ҳисоби пешакӣ нархи як адад шиносномаи биометрӣ 51,13 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 28,6 млн. сомонӣ, кортҳои идентификатсионӣ  6,4 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ, як адад таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ 21,9 млн. сомонӣ ва ҷамъ 54,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 16,8 млн. сомонӣ арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳисоб карда мешавад, ки аз пардохти он озод карда хоҳад шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Оид ба ворид намудани илова  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба лоиҳаи қонуни мазкур хулосаҳои мусбат дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар маҷлиси васеи кумитаи масъул, ки 23 январи соли ҷорӣ доир гардид, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд ва ба саволҳои намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   посухҳои мушаххас   доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки интихобкунандагон, онҳое, ки аллакай шиносномаҳои биометрӣ доранд ва бештар ба сафари корӣ, хондану тиҷорат ва ё ба муҳоҷирати  меҳнатӣ  ба хориҷа мераванд, ба Парламенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯриҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқдоми мазкур изҳори миннатдорӣ баён менамоянд. Онҳо иброз медоранд, ки дар вақти воридшавӣ ба ин ё он кишвари хориҷӣ бо пешниҳоди   шиносномаҳои биометрӣ  ба онҳо  мақомоти марбута муносибати хоса менамоянд. Намояндагони мақомоти давлатӣ, ки  ба фаъолияти  муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар машғуланд, низ  зарурати  тақвият бахшидани ин масъаларо мувофиқи мақсад мешуморанд. Дар рафти  ҷаласаи  кумитаи масъул аз ҷониби намояндагони дигар кумитаҳо иброз  карда шуд, ки мо -вакилон ҳангоми ба сафарҳои хизматӣ ва ё  барои дигар корҳо  ба хориҷа рафтан бо пешниҳоди  шиносномаҳои биометрӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии ин кишварҳо муносибати хосу боэҳтиромонаро дарк менамоем. Шаҳрвандони чунин шиносномадошта  аз долони сабз  истифода бурда, бе мушкилӣ, вақти зиёдро сарф  накарда, мегузаранд.

Аз ин хотир, масъалае, ки  имрӯз мавриди баррасӣ қарор дорад, барои мардуми кишвар хеле муҳим буда, тезонидани ҷараёни бо шиносномаҳои биометрии умумишаҳрвандӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ  хеле зарур ва барои мардум  муфид аст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни мазкурро, бо назардошти хулосаҳои ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки  дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда буданд,  барои баррасӣ ба ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуда, умед дорад, ки он аз ҷониби вакилони арҷманд дастгирӣ меёбад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  бозори коғазҳои қиматнок» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВАбдуҷаббор ШИРИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони Маҷлиси  намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати мутобиқгардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» таҳия шудааст.

Тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  бозори коғазҳои қиматнок» иловаҳо ворид карда шуда, пешбинӣ мегардад, ки субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок уҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд (иловаи сархати бисту дуюм ба моддаи 7).

Ҳамчунин пешбинӣ мегардад, ки санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок якҷоя бо мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гузаронида мешавад (иловаи қисми 4 ба моддаи 10).

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, татбиқи он маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки  лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

Мунаввара КЕНҶАЕВАМунаввара КЕНҶАЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 таҳти № 2234  лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Айни ҳол аз ҳама воситаи самарабахши назорати молиявӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории тероризм ин бозори коғазҳои қиматнок мебошад.

Вобаста ба ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» таҳия гардидааст.

Мақсади қабули лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) мебошад.

Қабули қонун ба тақвияти низоми миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ вобаста ба муқовимат ва софкории пул ва мубориза ба маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон ду таклиф пешниҳод намуданд.

23 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таклифҳои қабулгардида ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Ҳамчунин пешниҳодҳое, ки 27 январи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров иброз гардида буданд, ба инобат гирифта, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд. Аз ҷумла, қисмҳои 2 ва 3 лоиҳаи қонун якҷоя карда, ҳамчун сархати бисту дуюм ҳисобида, дар таҳрири нав оварда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Қабул ва татбиқи он маблағгузории иловагиро аз буҷет талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»-ро бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардондани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Икром Исломович дода мешавад.

Икром УМАРОВИкром УМАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии  шумо ҷиҳати тасдиқ «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо» пешниҳод карда мешавад.

Созишномаи мазкур 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова аз тарафи 11 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, заминаи он аз Конвенсия «Оид ба ҳуқуқи кӯдак», ки 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 эътироф гардидааст, бармеояд.

Мақсади ба имзо расонидани Созишномаи номбаршуда, ҳамкории мутақобилаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вобаста ба рушди фаъолонаи ҳамкории онҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ва масъалаҳои баргардонидани онҳо ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо мебошад.

Созишнома аз муқаддима ва 17 модда иборат мебошад. Дар муқаддима асосҳои баста шудани санади зикршуда ифода ёфта, эътибори ҳуқуқии ҳамкории байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моддаҳои он пурра дарҷ гардидаанд.

Амалӣ намудани талаботи Созишномаи мазкур, барои пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мусоидат намуда, тартиби нигоҳдории муваққатӣ ва ҷойгиркунонии онҳоро, ки бепарастор мондаанд ё ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, инчунин хароҷот вобаста ба нигоҳдорӣ ва баргардонидани онҳо ба ҷойи истиқомати доимии онҳо дар Созишномаи мазкур ба таври мушаххас пешбинӣ шудааст.

Ҷоизи зикр аст, ки соли 1993 дар заминаи Конвенсия «Оид ба ҳуқуқи кӯдак», аз тарафи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Созишнома оид ба ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар самти баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо» ба имзо расида буд. Ба ин васила соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шуда, фаъолияти он бо Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар раванди татбиқи талаботи Созишномаи зикршуда аз соли 2008 то инҷониб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 277 нафар ноболиғон (аз ин шумора 226 нафар писарон ва 51 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад), ки дар муассисаҳои нигоҳдории муваққатии ноболиғони дигар давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур қарор доштанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар давлатҳои иштирокчии ин Созишнома баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон чораҳои зарурӣ андешида, дар татбиқи талаботҳои ин санад саҳмгузорӣ менамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович дода мешавад.

ҲИСАЙНОВУмаралӣ ҲИСАЙНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Барои баррасӣ ва тасдиқи шумо «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо» қарор дорад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Ин Созишнома рӯзи 7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв ба имзо расида, бо мақсади рушди фаъолияти ҳамкориҳо байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти ҳифзи кӯдак таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Созишнома аз муқаддима ва 17 модда иборат мебошад. Дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.

Дар моддаи 1 мафҳумҳои дар Созишнома истифодагардида баён карда шудаанд.

Дар моддаҳои 2,3 ва 4 тартиби расонидани ёрӣ дар асоси дархост ҷиҳати кофтуков ва бозпас гардонидани ноболиғони бесарпараст ба давлати истиқомати доимии онҳо, ҷойгиркунии ин гуна ноболиғон дар қабулгоҳ –таҳвилгоҳҳо, муҳлати нигоҳдорӣ ва фароҳам овардани шароит барои нигоҳдошти онҳо танзим шудаанд.

Моддаҳои 5  ва 6 тартиби пешниҳоди маълумот дар бораи муайян намудани шахсияти ноболиғ тибқи дархост, ҳуҷҷатҳои дахлдор барои убури сарҳади давлатӣ, мушоияти ноболиғ аз ҷониби шахсони  дахлдор, муҳлати дастрас намудани ноболиғ ба мақомоти махсусгардонидашударо дар бар мегирад.

Дар моддаҳои 7 ва 8 бошад, масъалаҳои хароҷот вобаста ба нигоҳдорӣ, мушоияти ноболиғон, инчунин расонидани ёрӣ ба мақомоти махсусгардонидашуда ҳангоми бозпас гардонидан, убури транзитӣ ва барасмиятдарории раводид пешбинӣ карда шудааст.

Моддаҳои 9, 10, 11 ва 12 масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи кори мақомоти махсусгардонидашуда, дар бораи мақомоти салоҳиятдор, забони кории ҳамкорӣ миёни Тарафҳо, меъёр оид ба дахлнопазирии ҳуқуқу уҳдадориҳои Тарафҳоро, ки иштирокчии дигар шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд, дар бар мегирад.

Дар моддаҳои 13, 14, 15, 16 ва 17 тартиби ҳамроҳшавӣ ба Созишнома ва хориҷшавӣ аз он, ворид намудани тағйирот, ҳалли баҳсҳо байни Тарафҳо тариқи гуфтушунид ва машварат, масъалаҳои эътибори қонунӣ пайдо намудани Созишнома, муҳлати амал ва қатъи Созишнома, инчунин маҳфуздорандаи Созишнома инъикос ёфтаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулосаҳо пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 23 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишномаи зикршуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

МАҲМУДОВНасрулло МАҲМУДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ», Барномаи давлатии татбиқи консепсияи пешгӯйи инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012- 2015 таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 231 — « шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва моддаи 5271 — «Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» илова карда мешавад.

Бо илова кардани моддаи 231 пешниҳод мешавад, ки иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсони воқеӣ ё мансабдор дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии қасдона шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда шавад. Ҳамзамон дар ин модда намудҳои шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян карда, ташкилкунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда намуди шарикӣ дар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста, мазмуни ин мафҳумҳо возеҳ муайян карда шудааст.

Иловаи воридшаванда дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ навгонӣ мебошад. Дар таҷрибаи имрӯза ҳолатҳои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар шарикӣ амалан мавҷуд буд, аммо аз лиҳози ҳуқуқӣ, хусусан дар мавриди таъин кардани ҷазои маъмурӣ танзими ҳуқуқӣ наёфта буд. Минбаъд ин илова ба суд ва мақомоти ваколатдори давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ имконият медиҳад, ки ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар шарикӣ содиршуда, бо назардошти хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар як шарики ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таъин карда шавад.

Моддаи дигаре, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда мешавад моддаи 527аст.

Лозим ба ёдоварист, ки 25 марти соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» қабул гардид ва илова кардани моддаи 5271 аз зарурати таъмини иҷрои меъёрҳои ҳамин қонун сарчашма мегирад. Қонуни амалкунанда муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм танзим ва асосҳои ҳуқуқии  онҳоро муайян менамояд. Ҷиҳати расидан ба ин мақсад дар қонуни амалкунанда меъёрҳо ва талаботи зиёд мушаххасан муайян карда шудааст.

Аз ҷумла, номгуйи 13 ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, пешбинӣ карда шудааст. Ба монанди ташкилотҳои қарзӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои суғурта, алоқаи почта, ломбардҳо, нотариусҳо ва адвокатҳо, ширкатҳои аудиторӣ, хадамоти гумрук ва ғайра. Ҳамазмон 19 намуди амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва ё дигар молу мулк муайян карда шудааст, ки гузаронидани ин амалиёт аз ҷониби кормандони масъули ташкилотҳои дар боло номбаршуда бояд назорат карда шаванд ва бо тартиб ва дар муҳлати муайяннамуда ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҳатман иттилоот пешниҳод намоянд. Ин талабот дар қонунҳои соҳавии ин ташкилотҳо низ  муқаррар шудааст.

Дар амалия эҳтимолияти аз ҷониби ин ташкилотҳо риоя накардани талаботи зикргардида ҷой дорад ва ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳолатҳо илова кардани моддаи 5271 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин васила пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи қонуни амалкунанда зарурати воқеӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд, ки онҳо лоиҳаро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмил ба он 23 пешниҳод манзур намуданд.

Кумитаи масъул 21 январи соли 2014 бо иштироки масъулини дахлдор ҷаласаи васеъ гузаронида, пешниҳодҳоро ҳаматарафа баррасӣ намуд. Аз онҳо 20 пешниҳод пурра ва қисман қабул гардид, ки дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд. Танҳо се таклиф, ки ба як масъала дахл дошт, пас аз муҳокима ва баррасии ҳаматарафа қабул нагардид.

Бо назардошти ин пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни баррасишаванда такмил дода шуд, аз ҷумла:

-дар моддаи 1 калимаҳои «тағйиру иловаҳо» ба «иловаҳо» иваз карда шуда, лоиҳаи қонун ба техникаи қонунэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд;

-аз қисми 4 моддаи 231 калимаҳои «карда бошад, инчунин шахсе, ки гурӯҳро таъсис дода, ба он роҳбарӣ» хориҷ, меъёр фаҳмо ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ карда шуд;

-дар қисми 5 калимаи «он» ба калимаҳои «ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» иваз карда шуда, меъёри ҳуқуқӣ мазмунан пурра гардид.

Инчунин ҷойи қисмҳои 6 ва 7 иваз карда, қисми 7 дар таҳрири  зерин ифода карда шуд:

«7. Ҳангоми таъини ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар як шарики ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба инобат гирифта мешавад.».

Вобаста ба матни моддаи 5271, ки дар лоиҳаи қонун ҳамчун моддаи 5191 пешбинӣ шуда буд, калимаи «Вайронкунии» ба калимаҳои «Риоя накардани талаботи» иваз карда шуд. Ҳамзамон, бо назардошти пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, мавқеи ҷойгиршавии меъёри ҳуқуқии иловашаванда, яъне моддаи 5191 бори дигар мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор гирифт ва дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ меъёр ҳамчун моддаи 5271 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ва тағйироти дахлдор ба лоиҳаи қонуни баррасишаванда ворид гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

ФелалиевАкрамшо ФЕЛАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва мақсад аз пешниҳоди он низ ба монанди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷрои тавсияи ФАТФ (Гурӯҳи тартиби чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул) мебошад. Мехостам илова намоям, ки мутобиқи қисми 5 моддаи 39 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он андозаи ҷарима аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, аз тарафи судя баррасӣ мешавад». Чуноне зикр карда шуд, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5271 «Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» илова карда мешавад ва тибқи санксияи он ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад. Аз ин лиҳоз, моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки салоҳияти судро дар парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ муайян менамояд, ба қисми 1-уми он моддаи 5271 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ илова карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2232 аз 13 январи соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани он аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ҳафт таклиф пешниҳод гардид, ки ҳамаи онҳо 21 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита  қобили қабул дониста шуданд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ