Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Такмили қонунгузорӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ мубориза бар зидди коррупсияро тақвият мебахшанд

№20 (3166) 27.02.2014

 DSC_1422

25 феврали соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия»

Оид ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.

Салимзода Шерхони ОДИНА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Баҳри дар амал татбиқ намудан ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ дар самти ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура пешниҳод ва таъин намудани  кадрҳои ҷавон зарур аст, ки қисми 6 моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад. Зеро ҳолатҳое ҷой доранд, ки тибқи онҳо кормандони мақомот, ки собиқаи зиёди корӣ доранд ва солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла муовини прокурори генералӣ, сардори раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Прокуратураи генералӣ кор кардаанд, аммо дар вазифаҳои прокурори ноҳия кор накардаанд, барои ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон таъин кардан пешниҳод карда намешаванд. Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо аз  дигар мақомоти  ҷумҳурӣ, аз ҷумла мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи ҷумҳурӣ кормандон ба мақомоти прокуратура ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод карда мешаванд, ки дар ин маврид қонунгузории соҳавӣ бояд онро ба танзим дарорад.

Аз ин рӯ, баҳри бартараф намудани ин монеа ва ба  танзим даровардани ҳолати мазкур дар қисми 6 моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйироти зерин зарурат дорад:

- дар қисми шашум калимаҳои «ки аз он 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр кор карда бошанд» ба калимаҳои «ки аз он 3 сол дар вазифаи роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ва ё мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор карда бошанд» иваз карда шаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Қабули қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Вакилони гиромӣ, лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МАҲМУДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили танзими иловагии масъалаҳо вобаста ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои мақомоти прокуратура таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2286 аз 24 феврали соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лозим ба ёдоварист, ки моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботро нисбати шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд, пешбинӣ менамояд. Дар қисми 1-уми ин модда зикр шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то 35- сола аст, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, забони давлатиро медонанд ва дорои сифатҳои лозимаи корию ахлоқӣ буда, аз рӯйи вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташуда қодир мебошанд, ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд. Инчунин дар ҳамин модда талабот оид ба вазифаи прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ҳамзамон ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардан ба танзим дароварда шудааст.

Бо пешниҳоди лоиҳаи қонуни муҳокимашаванда дар қисми 6 моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ки аз онҳо 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр» ба калимаҳои «ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ё дар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣ ё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда мешаванд.

Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур минбаъд ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар мақомоти прокуратура камаш 10 сол собиқаи корӣ дошта бошанд, ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ва ё дар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣ ё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор карда бошанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 24 феврали соли 2014 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунро қобили қабул дониста, ҳамзамон онро такмил дода, дар номи лоиҳаи қонун калимаҳои «тағйиру иловаҳо» ба калимаи «тағйирот» ва дар матни лоиҳаи қонун калимаҳои «вазифаи» ва «инчунин» мутобиқан ба  калимаҳои «вазифаҳои» ва «ё» иваз карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба баррасии шумо пешниҳод гардидааст,  бо мақсади такмил додани ин қонуни конститутсионӣ дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи  беш аз 13 -солаи  татбиқи он ва таҳлили санадҳои байналмилалӣ, таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт пешниҳод карда шудааст. Дар як вақт зарур дониста шуд, ки баъзе номувофиқатиҳое, ки характери таҳрирӣ дошта, дар ин қонун бо мурури замон пайдо гардидаанд, бартараф карда шаванд. Ҳамчунин, ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур «Тавсияҳои нозирон аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо доир ба интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» ба инобат гирифта шудаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ин ба раванди интихобот ҷалб намудани шаҳрвандони мо мебошад, ки муваққатан дар хориҷи кишвар истиқомат доранд. Бо ин мақсад қисми дуюми моддаи 16 дар таҳрири нав ифода карда шуда, дар он тамоми масъалаҳое, ки ба  таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар вобастаанд, ҳалли худро ёфтанд. Аз ҷумла, махсус қайд гардид, ки участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бе дарназардошти қисмҳои 1, 3,5, 6 ва 7 моддаи 22-юми қонуни конститутсионии мазкур  ташкил карда мешаванд ва роҳбарии ин участкаҳо  ба зиммаи роҳбари намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа гузошта мешавад, ки ин хусусияти хоси ин комиссияҳо мебошад.

Дар тавсияҳои дар боло зикргардида гарави интихоботӣ вазнин арзёбӣ гардида буд. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки андозаи он кам карда шавад. Мувофиқи лоиҳаи ин қонун гарави интихоботӣ баробари 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷойи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешниҳод гардидааст, ки ин имконият медиҳад бо  харҷи камтар  шаҳрвандон номзадии худро барои иштирок дар интихобот гузоранд.

Инчунин, бо дарназардошти таҷрибаи татбиқи қонуни мазкур, зиёд намудани шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод карда мешаванд, то 45 фоизи миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Вале ин тағйирот ба моддаи 28-уми қонуни конститутсионӣ, ки  ҳайати Маҷлиси намояндагонро  муайян менамояд, дахл надорад.

Мувофиқи тартиби амалкунанда, агар аз миқдори умумии имзоҳои ҷамъовардашуда, нодурустии зиёда аз се фоизи он, ки 15 ададро ташкил медиҳад,  ошкор шавад, ин асос барои рад намудани бақайдгирии номзад мегардад. Дар лоиҳаи қонун тағйир додани ин тартиб пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он ошкор намудани нодурустии имзоҳои ҷамъгардида ҳамон вақт асос барои рад намудани бақайдгирӣ мегардад, ки он боиси аз 500 адад кам шудани шумораи  имзоҳои ҷамъовардашуда гардад.

Дар тавсияҳои нозирони САҲА инчунин мавҷуд набудани муқаррарот оид ба муҳлати пас гирифтани номзадӣ дар қонуни конститутсионии мазкур  қайд гардида буд.

Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала ба моддаи 36 тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он номзад ҳуқуқ дорад дар муҳлати ҳафт шабонарӯз то интихобот  номзадиашро пас гирад.

Дар тавсияҳо инчунин дар бораи ташкили вохӯриҳо ва  бурдани таблиғоти пешазинтихоботӣ низ эрод мавҷуд буд. Бо дарназардошти ин, ба моддаи 39-уми қонун тағйирот пешниҳод карда шуд, ки мутобиқи он кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ҳуқуқи раисӣ карданро надоранд. Инчунин зиёд  намудани вақти баромад дар радио ва телевизиони давлатӣ низ пешниҳод  карда шудааст.

Тағйиру иловаҳо инчунин ба моддаи 41 (бюллетенҳои интихоботӣ) ва моддаи 42 (тартиби овоздиҳӣ) низ пешниҳод гардидаанд, ки барои демократикунонии раванди интихобот мусоидат мекунанд.

Аз ҷумла, дар бюллетенҳо баъди рӯйхати номзадҳо ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ илова намудани  сатри алоҳида пешниҳод гардидааст, ки мутобиқи он интихобкунанда имконият дорад муқобили ҳама номзадҳо ва ҳама ҳизбҳои сиёсӣ  овоз диҳад.

Инчунин пешниҳод карда шудааст, ки аз таҷрибаи хат задани номи вакил ё ҳизби сиёсӣ дар бюллетенҳои интихоботӣ  даст кашида шавад, ба интихобкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки дар квадрати холӣ муқобили номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ аломати ҷамъ гузорад. Дар сурати муқобили ҳама будан интихобкунанда ҳуқуқ дорад муқобили ҳамаи онҳо овоз диҳад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти  иловагиро талаб наменамояд.

Қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур ба раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар раванди интихобот боз ҳам фаъолона иштирок намоянд.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Рабиева Галия Рабиевна дода мешавад.

Галия РАБИЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон муҳтарам М.Ватанов пешниҳод шудааст.

Ҳамзамон зарур мешуморам, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо мухтасар номбар кунам. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур дар муқоиса бо қонуни амалкунанда:

- тартиби ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар мушаххастар ифода карда мешавад;

- шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод карда мешаванд, аз 35 то 45 фоизи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон зиёд карда мешавад;

- андозаи гарави интихобот ду баробар кам карда мешавад;

- меъёр барои ошкор намудани нодурустии имзоҳо саҳеҳтар ифода карда мешавад;

- муҳлати пас гирифтани номзадӣ на дертар аз 7 рӯз то рӯзи интихобот муқаррар карда мешавад;

- вақти эфир барои баромад дар радио ва телевизиони давлатӣ барои номзадҳо то 20 дақиқа ва барои ҳизбҳо то 40 дақиқа зиёд карда мешавад;

- тағйир додани шакли бюллетени интихоботӣ ва тартиби пур кардани он пешбинӣ шудааст — дар бюллетенҳои интихоботӣ сатри алоҳида бо ифодаи «муқобили ҳамаи номзадҳо» ва «муқобили ҳамаи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ» илова карда шуда, интихобкунанда фикри худро бо аломати ҷамъ («+») зикр мекунад;

- инчунин меъёри маҳдудкунии иштироки кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон пешниҳод шудааст, ки онҳо дар ин вохӯриҳо наметавонанд раисӣ кунанд.

Дар баробари ин, якчанд тағйиру иловаҳо барои мутобиқ намудани баъзе меъёрҳои қонуни конститутсионии амалкунанда ба мафҳумҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ пешниҳод шудаанд.

Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2014 таҳти №2221 кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хулосаҳои худро пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби вакилон -муҳтарам Ш.Шабдолов ва И.Талбаков хулосаи алоҳида пешниҳод карда шуд.

Чор кумита лоиҳаи қонунро пурра ҷонибдорӣ карданд. Аз тарафи дигар кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқ 26 эроду таклиф ворид гардид. Аз онҳо 11-тоаш қабул ва 6-тоаш қисман қабул шуд. 9 таклиф, асосан бо сабаби аз мазмуни лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда берун будан, рад карда шуд.

Ҳамин тавр, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Аз ҷумла, бо пешниҳоди вакилон Ш.Шабдолов ва И.Талбаков як моддаи нав — моддаи 11 оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шуд. Инчунин ба қисми 6-уми лоиҳаи қонун тағйирот ворид карда,  қисми сеюми моддаи 13 дар таҳрири нав ифода карда шуд, ки тибқи он:

«Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ сурат мегирад.».

Дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми матни қонун мафҳумҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба тартиб оварда шуданд.

Дар ҷаласаи кумитаи масъул 20 феврали соли ҷорӣ лоиҳаи қонун, бо дарназардошти таклифу эродҳо, ҷонибдорӣ ёфта, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуд.

Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонун дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров эродҳо вобаста ба таҷдиди назар кардани қисми 9, зарурати ворид намудани тағйирот оид ба мафҳумҳои «мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба баъзе моддаҳои дигар баён карда шуданд.

Бинобар ин, ба қисми 9 пеш аз калимаҳои «моддаи 22» калимаҳои «қисмҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми» илова карда шуданд. Тағйироти дахлдор ба қисми ҳафтуми моддаи 29, қисми дуюми моддаи 34 ва қисми якуми моддаи 43 ворид карда шуд.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо ба 35 моддаи қонуни конститутсионии мазкур ворид карда, як моддаи нав илова шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.

Шодӣ ШАБДОЛОВ: -Бо ворид шудани ин иловаҳое, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба қонуни амалкунанда пешбинӣ менамояд, аслан ҷараёни интихобот тағйир намеёбад. Сухан дар бораи ҷалб кардани интихобкунандагон ва номзадҳо дар интихобот меравад.

Дар лоиҳаи қонун андозаи гарави интихобот аз «дусад» нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба «сад» иваз карда шудааст. Ин тақрибан ба ҳазор доллар баробар мешавад. Дар рӯйхат боз  45 фоиз нишон дода шудааст. Ин маблағи калон аст, ки на ҳар кас имкони ҷамъоварӣ ва пардохти онро дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми нагирифтани овоз маблағи пардохтшуда ба буҷети давлат мегузарад. Бо ин маблағ буҷет пур намешавад.

Аз нигоҳи мо ва таҷрибае, ки дорем, ин як мамониат нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.

Фарз кардем, ки маоши ҳадди ақал 120 доллар аст, пас худатон ҳисоб кунед, ки ин чандмоҳа маоши як нафарро ташкил медиҳад?  Беҳтар мебуд, ки  андозаи гарави интихоботӣ аз рӯйи маоши моҳона муқаррар мешуд, на солона. Он номзадҳое, ки аз буҷет маош мегиранд, имкони пардохти чунин маблағро надоранд.

Дуруст аст, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсиро ба эътибор мегиранд. Аммо дар участкаҳои интихоботӣ ин чандон ба назар гирифта намешавад, ҳол он ки тақдири интихобот маҳз дар участкаҳои интихоботӣ муайян мегардад.

Ба муаллифи лоиҳаи қонуни мазкур ташаккур мегӯем, ки баъзе пешниҳодҳои моро қабул намуданд. Аммо, мо пешниҳоди худро дубора таври алоҳида барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мекунем. Дар ин шакл ҷараёни интихобот одилона, шаффоф доир намегардад.

Ман муқобили қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз медиҳам.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ба лоиҳаи қонун тағйирот пешниҳод шуда буд. Аммо онҳо аз лоиҳаи  қонуни аз ҷониби ман пешниҳодгардида берун буданд. Бо илова шудани 45 фоиз ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд номзадии вакилонро ба ҷойи 22 нафар 28 нафар пешниҳод намоянд. Дар ин маврид таҷрибаи дигар давлатҳо истифода гардид.

Муҳиддин КАБИРӢ: — Аз шиносоӣ бо лоиҳаи қонуни мазкур маълум мегардад, ки он барои беҳтар кардани қонуни амалкунанда як қадам ба пеш аст. Вале он тамоми интизориҳо ва ниёзҳои ҷомеаи моро барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ нишон дода наметавонад. Бинобар ин, лоиҳаи  дигари тағйироту иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз ҷониби вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки ҳоло дар кумитаҳо мавриди омӯзиш қарор дорад.

Умед аст, ки он аз ҷониби кумитаҳо ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад ёфт, зеро ҳадафи мо низ беҳтар намудани қонунгузории кишвар дар баргузории интихобот аст.

Ду моддаи лоиҳаи қонуни пешниҳоднамудаи мо танҳо бо лоиҳаи пешниҳодкардаи вакил Маҳмадалӣ Ватанов мувофиқ омадааст. Атрофи ду моддаи лоиҳаи қонун андешаи худро гуфтанӣ ҳастам.

Дар моддаи 321 рақами «200» (дусад) бо рақам ва калимаи «100» (сад) иваз шудааст, ки онро пешравӣ метавон ҳисобид. Аммо кофӣ нест. Барои шаҳрванди одӣ  пардохт намудани ҳазор доллар аз буҷети оилааш душвор аст. Дар ҳоли 49 фоиз овоз гирифтан ҳам, аз ин маблағ маҳрум мешавад. Дар ин маврид пешниҳод дорем, ки он ба 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 800 сомонӣ) расонда шавад. Ҳамзамон пешниҳоди мо чунин аст, ки дар мавриди даҳ фоизи овозҳоро гирифтани номзад ин маблағ ба ӯ баргардонида шавад.

Хоҳиш дорем, ки ин пешниҳод дар лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ ба эътибор гирифта шавад.

Дар моддаи  36-уми лоиҳаи қонуни мазкур омадааст, ки номзад метавонад дар муҳлати на дертар аз 7 рӯз то рӯзи интихобот ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихобот ариза навишта, номзадиашро пас гирад. Аз нигоҳи мо чандон мантиқӣ нест, зеро номзад метавонад як соат пеш аз интихобот ҳам номзадиашро пас гирад. Ин ҳуқуқи номзад аст. Пешниҳод дорам, ки аз лоиҳаи қонун ин банд гирифта шавад.

Сӯҳроб ШАРИПОВ:- Системаи интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, омилҳои тағйирёбанда дар он дида мешаванд. Ба қонуни мазкур баъди баргузории интихобот тағйиру иловаҳо ворид мешаванд, зеро мукаммал шудани системаи интихоботӣ аз таҷрибаи сиёсӣ, рушди ҷомеа вобаста мебошад. Ин ҷо фикрҳои гуногун баён шуданд, чунки ҳар ҳизби сиёсӣ мавқеъ ва назари худро дорад. Ҳама аҳзоби сиёсӣ кӯшиш доранд, ки рушди системаи интихоботии Тоҷикистон ба меъёрҳои демократӣ наздик шавад ва озоду шаффоф баргузор гардад.

Дар бисёр давлатҳо дар рафти интихобот ҳуқуқи шаҳрвандон баъзан маҳдуд мешавад. Чунончӣ, шаҳрванди дар хориҷи кишварбуда ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надорад. Аммо шаҳрвандони мо, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ ва имконият доранд, дар интихобот иштирок намоянд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ мекунам.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:- Тағйиру иловаҳои ба лоиҳаи қонуни мазкур воридшударо саривақтӣ меҳисобам. Панҷоҳ фоиз кам кардани гарави маблағи пардохт барои иштирок дар маъракаи интихобот аз тағйироти ҷиддӣ ба қонуни мазкур мебошад. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ҳизбҳои сиёсӣ имкони  пешниҳоди 28 нафар номзадҳои худро пайдо намуданд. Ин барои рақобати солим байни ҳизбҳои сиёсӣ барои пешниҳоди номзадҳои худ шароит фароҳам меорад.

Дигар тағйирот аз он иборат аст, ки кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ наметавонанд дар вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон раисӣ кунанд. Ин тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур барои демократикунонии раванди интихобот мусоидат хоҳад намуд.

Убайдулло ДАВЛАТОВ: -Шумо хуб огоҳӣ доред, ки пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо тартиби муайян дорад. Аз ҷониби  Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо нисбати камбудиҳои қонуни мазкур пешниҳодҳо шуда буданд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф намудани ин эроду камбудиҳо таҳия ва пешниҳод мегардад.

Ба ин восита қонуни амалкунанда такмил ёфтааст. Он таклифу пешниҳодҳо, ки дар доираи лоиҳаи қонун буданд, зимни баррасӣ қобили қабул дониста шуданд.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш дорам, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонун пурра ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Искандар Солеҳович дода мешавад.

Искандар РАҶАБОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 майи соли 2002 таҳти №50 «Дар бораи гурезаҳо» ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳоро эътироф намудааст, (дар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ) гурӯҳи корӣ бо ҷалб намудани мутахассисони соҳавӣ таъсис дода, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»-ро таҳия намудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар таҷрибаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ин муҳлати сипаришуда вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» як қатор норасоӣ ва номувофиқатиҳо ба назар мерасад ва  дар сурати бартараф накардани онҳо ба дуруст иҷро намудани талаботи қонуни мазкур мушкилиҳо пеш меоянд. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 1994 Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо (аз соли 1951) ва Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳоро эътироф намудааст ва иштирокчии системаи умумиҷаҳонии ҳимояи гурезаҳо мебошад, бояд ба таври адолатнок ба шахсони дар ҳақиқат ба ин ҳимоя эҳтиёҷдошта, тибқи меъёрҳои қонуни мазкур мусоидат намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мувофиқа карда шуда, пешниҳодҳои вазорату идораҳои номбурда қисман ба инобат гирифта, он такмил дода шудааст.

Аз ҷумла дар лоиҳаи мазкур мафҳумҳои нав ворид карда шуданд, аз қабили:

- «маркази ҷойгиркунии муваққатӣ»- Маркази махсусгардонидашудаи мақоми корҳои дохилӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд;

- «ҳуҷҷати сафарӣ»- ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсони гуреза донисташуда барои берун баромадан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан дода мешавад.

Номи моддаи 8 «Асос барои рад намудани бақайдгирии дархост дар хусуси гуреза донистан»-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» дар лоиҳаи қонуни мазкур бо Конвенсия ва Протоколи марбут ба мақоми гурезаҳо мутобиқ карда шуда, дар таҳрири  зайл ифода карда шудааст: «Моддаи 8. Асосҳо барои рад кардани додани мақоми гуреза ба шахси паноҳҷӯянда», яъне, тибқи он аризаи ҳамаи шахсони паноҳҷӯянда қабул карда шуда, пас аз баррасии Комиссия барои додани мақоми гуреза ҷавоби рад ё иҷозат дода мешавад.

Инчунин ба қонуни номбурда дигар тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо тақозои замона буда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ марбут ба мақоми гурезаҳо мебошанд.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонов Бег Холович дода мешавад.

Бег ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шуда, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 №2230 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани қонуни мазкур ба талаботи санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешниҳод мегардад.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.

30 январи соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Да бораи гурезаҳо» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шуданд, аз ҷумла:

1.Дар қисми 5 сархати панҷум дар таҳрири зерин илова карда шуд:

«- дар қисми 11 калимаҳои «комиссияи мақомоти корҳои дохилӣ» ба калимаҳои «комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ» иваз карда шаванд;».

2.Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 10 калимаи «тандурустӣ» ба калимаҳои «тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» иваз карда шуд.

3.Қисми 10 моддаи 11 хориҷ карда шуд.

4.Дар қисми 13 сархати дуюм дар таҳрири зерин илова карда шуд:

«- дар қисми 5 калимаҳои «мақомоти маҳаллии муҳоҷират» ба калимаҳои «мақомоти дахлдор» иваз карда шаванд.».

5.Қисми 14 дар таҳрири  зерин илова карда шуд:

«14.Моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Инчунин эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буданд, ба инобат гирифта шуд.

Аз 54 таклифҳои пешниҳодгардида, 24 –то қабул, 10 –то қисман қабул ва 20- тои дигараш қабул карда нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо назардошти хулосаҳои пазируфтаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»- ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандишоев Мулопар Рамазонович дода мешавад.

Мулопар БАНДИШОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷиҳати амалисозии бандҳои 1.7, 3.1, 6.1, 12.1 ва 13.1-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти  Истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бо қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2012 тасдиқ гардида, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрели соли  2013  таҳти №АП-2217 таъсис дода шудааст, таҳия ва пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муайян намудани мафҳуми муқовимат ба коррупсия, субъектҳои  муқовимат ба коррупсия ва вазифаҳои онҳо, инчунин муқаррар намудани вазъи ҳуқуқии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалбкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсияро пешбинӣ менамояд.

Меъёри иловашаванда таърифи стратегии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, дар моддаи 51 доираи субъектҳои муқовиматкунанда ба коррупсияро васеъ гардонида, акнун ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, шахсони ҳуқуқии  саҳми давлатидошта ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалиро фаро мегирад. Дар моддаи иловашаванда вазифаҳои мушаххаси субъектҳои мазкур ва масъулияти роҳбарони онҳо пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 чунин масъулият ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо вогузор шуда, сипас бо нав шудани тадбирҳои мазкур дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 оид ба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 чунин талаботи муҳими роҳбари давлат ва омили  муҳимтарини пешгирикунандаи коррупсия аз мадди назар дур мондааст.

Ҳамин тавр, тағйироту иловаҳои мазкур ба қонуни танзимкунандаи асосҳои зиддикоррупсионии сиёсати  ҳуқуқӣ мутобиқ ба талаботи моддаҳои 5 ва 6 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки шумо, муҳтарам вакилони мардумӣ, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудед, мутобиқ мебошад.

Бо ин васила лоиҳаи қонуни мазкур баҳри таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд қонунгузории самти мубориза бо коррупсияро боз ҳам пурратар ва васеъ намуда, пас аз қабули он имконият медиҳад, ки ҷиҳати ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва васеъ намудани ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва бо ин мақсад баланд бардоштани масъулият ва маърифати ҳуқуқии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро заминаи мустаҳкам гузорад.

Таърихи 17 то 19 феврали соли 2014 мавриди баргузории давраи 3 мониторинги Тоҷикистон ва ташрифи гурӯҳи экспертии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҷиҳати иҷрои 17 тавсияҳои қаблан додашуда оид ба масъалаҳои зиддикоррупсионӣ ва вохӯрии санҷишии онҳо бо намояндагони парламент, мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он мавриди баррасӣ ва муҳокима тавсияҳои оид ба субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва вазъи ҳуқуқии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия қарор дода шуд.

Бар замми ин 16 марти  соли 2014 аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии экспертии Шабакаи зиддикоррупсионии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии зикршуда лоиҳаи Ҳисоботи Тоҷикистон оид ба ҳолати иҷрои стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионии тибқи тавсияҳои марбута додашуда, сипас баъди мувофиқа ва пешниҳоди ахбороти иловагӣ бо замимаи маводу санадҳои меъёрии ҳуқуқии такмилдодашуда, моҳи апрели соли равон ҳисоботи Тоҷикистон оид ба иҷрои тавсияҳои мазкур дар қароргоҳи созмони мазкур дар шаҳри Париж шунида мешавад, ки қабули қонуни имрӯз мавриди баррасӣ қарордошта саривақтию зарур аст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад ва ба сиёсати зиддикоррупсионии ҷумҳурӣ тақвият мебахшад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ кунед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни ислоҳоти маҷмӯии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки солҳои охир дар ин ҷабҳа корҳои зиёди назаррас андешида шудаанд, аз ҷумла қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 мебошад. Вазифаи стратегии ҳар як давлат низ паст кардани сатҳи коррупсия ва пешгирӣ кардани ҷараёни паҳншавии он дар ҷомеа мебошад. Бо мавҷудияти коррупсия як қатор падидаҳои иҷтимоии манфӣ афзоиш ёфта, дар натиҷа, ба инкишофи соҳаҳои гуногун зарари ҷиддӣ мерасонад.

Чуноне Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 қайд намуданд: «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф  месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.»

Тазаккур бояд дод, ки омили муҳим ва самараноки мубориза бо ин зуҳуроти манфии ҷомеа, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии бандҳои 1.7, 3.1, 6.1, 12.1 ва 13.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки бо қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2012 тасдиқ гардидааст, таҳия ва пешниҳод мешавад.

Дар лоиҳаи қонун мафҳуми «муқовимат ба коррупсия» шарҳ дода шуда, моддаҳои 51 ва 52 оид ба «Субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иловаҳо пешниҳод карда шудаанд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 таҳти № 2228  лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карда, хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 10 феврали соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод, ки дар натиҷа лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон бобати мукаммалсозии лоиҳаи қонун аз  ҷониби Шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклиф манзур шуд, ки онҳо дар якҷоягӣ бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ баррасӣ карда ба инобат гирифта, лоиҳаи қонун мукаммал гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Оид ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

Сайфулло ГИЁЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қарор дорад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод шудааст.

Шартномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои хулоса ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои экспертизаи ҳуқуқӣ фиристода шуда буд.

Ин Шартнома рӯзи 5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Шартнома аз муқаддима ва 35 модда иборат мебошад. Дар муқаддима мақсади ба имзо расидани он баён шудааст.

Фасли 1 Шартнома муқаррароти умумӣ ном дошта, аз моддаҳои 1-6 таркиб ёфта, фарогири масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории тарафҳо, шарҳи мафҳумҳои истифодашуда дар ҳуҷҷати мазкур, мақсади татбиқи шартнома, таҳияи рӯйхати мақоми ваколатдор, хароҷоти вобаста ба иҷрои дархостҳо мебошад. Мувофиқи меъёри моддаи 6 хароҷоти вобаста ба иҷрои дархостро Тарафе, ки дар қаламрави он хароҷот ба миён омадааст, ба зимма мегирад.

Фасли 2 Шартнома моддаҳои 7-12-ро дар бар гирифта, матраҳкунандаи масъалаҳо вобаста ба ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Тарафҳо танзими ҳуқуқии муносибатҳоро оид ба мубодилаи иттилоот, иҷро кардани дархостҳо дар фасли 3 Шартнома пешбинӣ намудаанд, ки мувофиқи моддаи 14 мақомоти салоҳиятдор дархост ва мазмуни онро ифшо намекунад, агар аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда тартиби дигар мувофиқа нашуда бошад, махфияти маълумоти ба Тарафи дархосткунанда пешниҳодшударо таъмин менамоянд ва онро ба андозае, ки барои тафтиш, баррасии судӣ ё иҷрои расмиёти пешбиникардаи дархост лозим аст, истифода мебаранд.

Дар фаслҳои 4 ва 5 Шартнома муносибатҳо ҷиҳати мусодираи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, забони корӣ, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо, ҳалли масъалаҳои баҳсталаби Тарафҳо, аз ҷумла баромадан аз Шартномаи мазкур танзим ёфтаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 14 феврали соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Шартномаи зикршуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Шартномаи  мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ