Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Туркия

№153 (3138) 05.12.2013

Туркия

Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов бо мақсади омӯзиш ва шиносоӣ бо фаъолият ва кори бахши молия ва буҷети Парлумони Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Анқара сафар карданд.

Ба ҳайати вакилон Сафаралӣ Гулов- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Лутфулло Саидмуродов- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф ва фарҳанг, Бег Қурбонов- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Ашӯрбек Расулов- аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия шомил буданд. Аввалин мулоқоти вакилони тоҷик бо котиби генералии Маҷлиси бузурги миллии Туркия Ирфон Назироғлу баргузор гардид. Дар мулоқот Ирфон Назироғлу гуфт, ки зимни сафар маълумотҳои муфид матраҳ мешаванд. Дар маҷлис истифодаи технологияҳои муосир,аз ҷумла интернет, торномаҳои иҷтимоӣ, медиа ва хидматрасонии паёмҳои кӯтоҳ(смс) хеле хуб ба роҳ монда шудаанд.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо Левент Кочак — сардори Раёсати таҳлилии Кумита оид ба банақшагирӣ ва буҷет баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ сардори Раёсат вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бо кори раёсати худ шинос кард. Баъдан вохӯрӣ бо Ҳасан Феҳмӣ Кинай- раиси Кумитаи муассисаҳои давлатӣ баргузор гардид. Сафаралӣ Раҷабов — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ба Ирфон Назироғлу барои даъват ва имкони баргузор намудани вохӯрӣ бо вакилони Парлумони Ҷумҳурии Туркия миннатдории ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуд.

Бояд зикр намуд, ки халқҳои тоҷику турк мардуми ҳамдину ҳаммазҳаб буда, фарҳангу таърихи муштарак доранд, ки онро дар мисоли Мавлонои Румӣ метавон дид. Робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Туркия таърихи хеле тӯлонӣ доранд. Роҳи бузурги Абрешим дар гузаштаи на чандон дури таърихӣ ҳудудҳои кунунии ду мамлакатро ба ҳам пайваста, дар бунёд ва раванди тиҷорат миёни кишварҳои Шарқу Ғарб нақши босазое бозидааст.

Соли 1993 байни ҳукуматҳои ду мамлакат Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расонда шуд, ки ин иқдом ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, хизматрасонӣ, саноат ва сохтмон дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, барои таҳкими ҳуқуқии шартномавӣ ҷиҳати ҳамкории субъектҳои ду кишвар замина гузошт. То имрӯз 65 созишномаи байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расонида шудааст, ки 14- тои он хусусияти иқтисодӣ дорад. Имрӯзҳо дар қаламрави Тоҷикистон 53 ташкилоти муштараки тоҷикию туркӣ фаъолият мекунанд.

Мақсади асосии сафари ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи босамари Парлумони Туркия дар раванди идораи молияи давлатӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти кумитаҳои буҷетӣ ҷиҳати таҳлили босифати лоиҳаи буҷети давлатӣ ва татбиқи он мебошад.