Муҳокимаи парламентӣ

Вобаста ба талаботи замони муосир кадрҳои илмиро омода сохтан зарур аст

№12 (3158) 05.02.2014

DSC_1090

31 январи соли 2014 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ доир гардид, ки дар он роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов ҷаласаро кушода, иброз намуд, ки мувофиқи қисми 258 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон доир намудани муҳокимаи парламентиро «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №296 аз 2 июли соли 2008)» ба нақша гирифт.

Мақсади Барнома таҳия ва иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо доир ба такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо миқдори зарурии мутахассисон, дар навбати аввал дар самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007 таҳти №333 тасдиқ шудааст, таъмин намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии  таҳсилоти олии касбӣ ва ба вуҷуд овардани неруи илмие, ки қобилияти дар сатҳи муосир ҳал кардани муҳимтарин масъалаҳои илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакатро дорад, мебошад. Барои расидан ба мақсадҳои Барнома ҳал кардани маҷмӯи вазифаҳое дар назар аст, ки ба такмил додан ва баланд бардоштани самаранокии низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории тахассуси олӣ нигаронида шудаанд.

Замони мо замони рушди бесобиқаи илму фановарӣ, иттилоот ва дар маҷмӯъ неруи эҷодии инсон, замони имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ахлоқиву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Дар ин робита ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи имрӯза муҳокимаи ҳаматарафаи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ҷиҳати рушди соҳаи мазкур мебошад.

Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи корӣ омодагиро барои гузаронидани муҳокимаи парламентӣ аз моҳи майи соли 2013 оғоз намуда, дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, молия, тандурустӣ, кишоварзӣ ва рушди иқтисод ва савдо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи мазкурро ҳадафи худ қарор дод.

Самтҳои асосии Барномаи мазкур аз баланд бардоштани самаранокии низоми аспирантура ва докторантура, тайёр кардани кадрҳо дар марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва такмил додани низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ иборат мебошад. Ҳамзамон натиҷаҳои ниҳоии амалисозии Барнома ин аз тайёр кардани кадрҳои илмии ба талаботи муосир ҷавобгӯй ва ба вуҷуд овардани неруи илмие иборат мебошад, ки қобили ба таври самаранок ҳал намудани муҳимтарин масъалаҳои илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро доро бошанд.

Лутфулло Саидмуродов ҳамчунин афзуд, ки пайвасти илм ба истеҳсолот ва вобаста ба ин пешбурди илми академӣ ва донишгоҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои худ бо олимони кишвар борҳо таъкид намуданд, ки олимону муҳаққиқони кишвар бояд ба чунин масъалаҳои бунёдӣ, аз қабили таъмини саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ бо ашёи хом, дарёфт ва коркарди нафт, гази табиӣ, конҳои ангишт, захираҳои энергетикӣ, дарёфти сарчашмаҳои ғайрианъанавии энергия, зиёд кардани ҳаҷм ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи технологияи нави нигоҳдорӣ ва коркарди ин маҳсулот, бунёди захираҳои об, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайраҳо машғул шаванд.

Вале натиҷаҳои дар ин самт бадастомада моро қаноатманд карда наметавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пойгоҳҳои моддиву техникии озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ба азнавсозӣ ниёз доранд, таҷҳизот ва асбобҳо куҳна шуда, ба стандартҳои имрӯзаи илму техникаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд, ки ин дар навбати худ ба сифати тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва иҷрои Барномае, ки  мо имрӯз муҳокима мекунем, таъсир мерасонад.

Иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» асосан дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти олӣ  ва вазоратҳо ба анҷом расонида  мешавад, ки онҳо ё муассисаҳои зертобеи онҳо бевосита ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ вобаста шудаанд, аз ҷумла, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи  илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Имрӯз ғайр аз институтҳои Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 9, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олӣ ва дар Вазорати кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва Академияи соҳавӣ ба тайёр  кардани кадрҳои илмӣ вобаста шудаанд.

Аз давраи амали «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» панҷ сол гузашт ва имрӯз мо имкон дорем, ки корҳои дар ин муддат баанҷомрасидаро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Мутобиқи нақшаи дурнамои Барнома, дар давраи аз соли 2009 то соли 2015 бояд дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 1779 нафар номзадҳои илм ва 256 нафар докторҳои илм аз рӯйи ихтисосҳои муайяншуда тайёр карда шаванд. Аудити мақсадноки иҷрои Барнома нишон дод, ки ба ҳолати аввали нимсолаи дуввуми соли 2013 шумораи номзадҳои илмии тайёркардашуда дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 1077 нафар ё 60,5 фоиз ва шумораи докторҳои илмӣ 174 нафар ё 68,0 фоизро ташкил додааст.

Бояд зикр намуд, шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи Шӯро оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 12 декабри соли 2011 тасдиқ шудааст, амалӣ менамоянд.

Дар соли 2013 бошад, бо сабаби ба вуҷуд омадани тағйирот дар сохтори Комиссияи аттестатсионии олии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, инчунин тасдиқи Низомномаи нав оид ба фаъолияти шӯроҳо ва ҳимояи диссертатсияҳои дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм, аз нав тасдиқкунонидани шӯроҳои диссертатсионӣ, ки ба талаботи Комиссияи аттестатсионии олии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ҷавобгӯй набуданд, инчунин таъсиси шӯроҳои диссертатсионии нав оғоз ёфт. Дар натиҷа, фаъолияти аксарияти шӯроҳои муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ аз сабаби ба талабот ҷавобгӯй набуданашон боздошта шуданд.

Дар ҳолати то аввали нимсолаи дуввуми соли 2013 дар шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи ҷумҳурӣ 86 рисолаи номзадӣ дифоъ  шудааст.

Ба ҳолати 1 августи соли 2013, дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 шӯрои диссертатсионӣ амал дорад.

Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ  аз рӯйи 286 ихтисос  мутахассис тайёр карда мешавад, аммо дар тамоми шӯроҳои  диссертатсионии дар кишвар фаъолияткунанда, танҳо аз рӯйи 45-50 ихтисос ҳимояи  рисолаҳои номзадию докторӣ  ба роҳ монда шудааст ва ин сабаб гардид, ки имрӯз дар ихтисосҳои зиёд мо наметавонем устодони  унвони илмидор дошта бошем. Имрӯз дар самтҳои техникиву технологӣ ва ихтисосҳое, ки тибқи талаботи замони муосир самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти кишвар, ки рушди инноватсиониро интихоб намудаанд, бо иллати набудани шӯроҳои дифои рисолаҳо қариб ягон таҳқиқоти илмӣ бурда намешавад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи аудити мақсадноки иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», дар аксари шӯроҳои диссертатсионӣ танҳо ихтисосҳои анъанавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва ихтисосҳои наву замонавӣ қариб мавҷуд нест. Бинобар ин, барои бартараф намудани ин мушкилот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2012 ва 2013 корҳои  муайянеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос  (PhD)» ва дар заминаи он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос» далел шуда метавонанд. Вобаста ба ин, шурӯъ аз соли 2013 шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани  дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисосро таъсис дода истодаанд, ки фаъолияти онҳоро аз нуқтаи назари ташкилӣ ва пеш аз ҳама, сифатӣ  зери назорати ҷиддӣ бояд қарор дод.

Бо назардошти  муҳим будани ин масъала, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи  ташаббуси қонунгузорӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» тағйиру иловаҳо бо мақсади бартараф намудани зуҳуроти номатлуб, аз қабили сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, асардуздӣ  (яъне плагиат), харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ, ки тӯли солҳои охир дар соҳаи илм ба назар мерасад, ворид карда шуданд. Ин пешниҳодҳо  аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Президенти кишвар дастгирӣ ёфтанд.

Лутфулло Саидмуродов таъкид намуд, ки дар ин замина дар моддаи 2-юми Қонуни амалкунанда мафҳумҳои наве, ки асосҳои ахлоқии фаъолияти илмиро маънидод мекунанд, ба монанди «одоби илмӣ», «рафтори ношоями илмӣ» ва «Кодекси намунавии одоби илмӣ» илова шуданд. Аз рӯйи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида муқаррар  шуд, ки ташкилотҳои илмӣ уҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмиро риоя намоянд ва ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бояд ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки уҳдадориҳои  ахлоқии корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар мегирад, асос ёбад.

Бо ин мақсад дар Қонуни амалкунанда боби нав ва 4 модда илова карда шуд, ки дар онҳо принсипҳои умумии ахлоқии  фаъолияти илмӣ, меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмиро танзим менамоянд, муқаррароти асосии Кодекси намунавии одоби илмӣ ва доираи масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ дар фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муайян карда шуданд.

Аудити самаранокии иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», ки аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2012 ва ҳашт моҳи соли 2013, хароҷоти умумии маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳо барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар маҷмӯъ 13,2 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз он 8,5 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 4,7 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус мебошад.

Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илм музди меҳнат ва стипендия ҳар сол дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешавад.

Иҷрои «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дар доираи маблағҳое, ки ҳар сол дар Буҷети давлатӣ барои соҳаи  илм  пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда мешавад. Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар давоми солҳои  2009-2012 барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ 1,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла, дар Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 572 ҳазор сомонӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 миллион сомонӣ ва дар соҳаи илмҳои тиббӣ 105 ҳазор сомонӣ равона шудааст.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамуда, дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷонибаи Вазорати маориф  ва илм бо муассисаҳои илмии дигар кишварҳо теъдоди муайяни кормандони соҳаи илм ба хориҷи кишвар сафарбар мешаванд. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз рӯйи маълумотҳои  пешакӣ, бо мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ бо 18  кишвари хориҷӣ ва 93 донишгоҳу маркази илм шартнома ва созишномаҳои дуҷониба баста шудааст. Айни ҳол дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия шаш нафар аспирант ва як нафар докторант  таҳсил доранд.

Масъалаи бо кадрҳои дорои дараҷаю унвони илмӣ таъмин намудани муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ яке аз масъалаҳои асосӣ  ва ҳалталаби рӯз мебошад. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ тариқи аспирантура ва докторантура нисбат ба солҳои пешин беҳтар шудааст.

Дар муҳокимаи парламентӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло Мирбобоев, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Маҳмадюсуф Имомов  ва дигарон иштирок намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф  Ҳақдодов, Маҳмадраҳим Каримов, Мироҷиддин Ҳакимов барои боз ҳам беҳтар  гардонидани вазъи  тайёр намудани кадрҳои илмӣ пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд.

Дар охир аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул гардид.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».                                                                                                        

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ