Муҳокимаи парламентӣ

Вусъат бахшидани соҳаи кишоварзӣ барномаи нав ва амали саривақтиро тақозо дорад

№129 (3275) 04.11.2014

DSC_0388

31 октябри соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 таҳти №297 ва «Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти №573 тасдиқ гардидаанд, муҳокимаи  парламентӣ баргузор гардид. Ба ҷаласа роҳбарону масъулони вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод зимни ифтитоҳи муҳокимаи парламентӣ минҷумла зикр намуд, ки мақсад аз таҳлили масъалаҳои баррасишаванда аз он иборат мебошад, ки аз ин соҳаҳои муҳим таъмини амнияти озуқавории кишвар вобастагии калон дорад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ муҳиму саривақтист ва табиист, ки ин масъалаҳои муҳокимашаванда аз аҳамият холӣ нестанд.

Сипас, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров дода шуд. Номбурда зикр намуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва ҳадафҳои асосии рушди мамлакат, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмини амнияти бехатарии озуқаворӣ аз аҳдофи асосӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи мазкур барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» тасдиқ шудааст. Барои омӯзиши масъалаи мазкур бо роҳбарии раиси кумита, аъзои он давоми чор моҳи охир ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ доштем. Зимни сафар мо ба истеҳсоли се намуди маҳсулоти асосии кишоварзӣ- пахта, ғалладона ва картошка таваҷҷуҳ зоҳир намудем.

Дар масъалаи таъминоти тухмии аълосифати ғалладона пешравиҳо назаррас аст. Қобили зикр аст, ки тухмии навъҳои маҳаллии пахта дар минтақаҳои пахтакори кишварамон васеъ кишт гардида, талаботи кишоварзонро таъмин карда истодааст. Аммо масъалаи таъминоти тухмии аълосифати картошка дар ҳолати ногувор қарор дорад. Аз ин лиҳоз, дар вохӯриҳо деҳқонон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола ба ҳамон маблағҳое, ки аз тарафи Буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъминоти тухмии картошка ҷудо мешавад, ба ҷойи 1000 тонна тухми картошкае, ки аз ноҳияҳои картошкапарвари мамлакат ба  деҳқонон дастрас мешавад, 200 ё 300 тонна аз хориҷи кишвар дастрас шавад, зеро дар  ҷумҳурӣ тухмии репродуксияи нав қариб  мавҷуд нест.

Маблағгузории умумии нақшавии Барномаи мазкур ҳамагӣ  37,1 млн. сомониро дар бар мегирад, аз он ҷумла ҷудо гардидани 9 млн. 260 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва 27млн. 840 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои грантӣ. Нотиқ дар ин замина оид ба тақсимоти нақшавии маблағгузории самтҳои Барнома ва дурнамои истеҳсоли тухмии зироатҳои афзалиятноки кишоварзӣ мушаххас маълумот дод.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Бадриддин Садриддинов роҷеъ ба «Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015»  баромад кард. Таъкид гардид, ки беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ яке аз вазифаҳои  муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Ба андешаи мавсуф, зарурати қабули Барномаи мазкур дар он аст, ки дар кишвар сол аз сол зиёдшавӣ ва паҳншавии малах мушоҳида мешавад. Аз ҷумла соли 2007-ум дар соҳаи кишоварзӣ вобаста ба паҳншавии малах ҳолати ногувор ба амал омада буд.  Дар натиҷа ба майдони 36004 гектар замини зироатҳои кишоварзӣ зарар расонида шуд, ки  маблағи он 18 млн. сомониро ташкил дод. Вобаста ба ин омил бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» таъсис дода шуд. Барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ гардида, иҷрои он ба дӯши Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» вогузор шудааст.

Роҷеъ ба масъалаҳои мавриди баррасӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ахборот пешниҳод намуд. Аз ҷумла зикр гашт, ки ҷиҳати амалигардонии чорабиниҳои «Барномаи давлатии мубориза бар зидди малах барои солҳои 2011- 2015» ҳамасола дар вазорат Ситоди якҷояи ҷумҳуриявӣ ташкил гардида, семинар- машваратҳо гузаронида мешавад. Дар ин замина аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ташкили хӯроки гарм ва шароити корӣ 454543 сомонӣ ҷудо гардид.

Аз рӯйи маълумотҳои ҷамъбастӣ ва санадҳои пешниҳоднамудаи ситодҳои мубориза бар зидди малах  солҳои 2011- 2014 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 428 ҳазор гектар киштзори пахта, ғалладонагиҳо, полезӣ, боғу ток ва чарогоҳҳо аз  нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шуд.

Дар поёни суханрониаш Қосим Роҳбар иброз намуд, ки Вазорати кишоварзӣ барои вусъат бахшидани рушди соҳаи тухмипарварӣ барномаи навро таҳия намуда истодааст, ки ба дастгирии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз дошта, дар ҳолати қабул гардидан барои таъмини кишоварзони ҷумҳурӣ бо тухмиҳои хушсифат замина гузошта, ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Сипас, ахбороти муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода роҷеъ ба таҳлили татбиқи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» шунида шуд.

Маълум гардид, ки бо фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №19 аз 10 августи соли 2008 Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 тасдиқ гардидааст. Мувофиқи Нақша — чорабиниҳо, барои татбиқи Барномаи мазкур 37,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Муайян карда шуд, ки барои татбиқи Барномаи зикршуда аз ҳисоби маблағҳои қарзию грантӣ тавассути МД «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» 15 миллиону 771 ҳазор сомонӣ, Оҷонсии Швейтсария оид ба ҳамкории байналхалқӣ ва тараққиёт (СИДА) 10 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ 858 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Дар маҷмӯъ, ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ 25 миллиону 771 ҳазор сомонӣ ё 92,6 фоиз ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 858 ҳазор сомонӣ ё 9,3 фоиз, ҷамъ 26 миллиону, 629 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 71,8 фоиз нақшаи тасдиқшуда амалӣ гардидааст.

Баъд аз шунидани маърӯзаю ахборот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Хонов, Ҳ. Саъдуллоев, А. Холмуҳаммадзода,  М. Каримов, М. Назриев, С. Ша-рипов ба масъулон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардид.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ