20 марти соли равон ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва ақвоми ориёӣ ба ҳисоб меравад, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо иштироки вакилону мудирони шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, нахуст салому дуруди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилони мардумӣ расонида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапайк табрик кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни саид Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо иштироки бевоситаи роҳбарияти олии кишвар баргузор гардид, ки дар он ҳайати нави роҳбарияти Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.
Инчунин, Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки яке аз рисолатҳои Наврӯз таҳкими робитаи байни қавму миллатҳои гуногун ва ба истилоҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо буда, аҳкоми наврӯзӣ ҳамчун фарҳангистони маърифат дар миёни халқу миллатҳои сайёра эътибори башарии ҷашнро сол то сол афзун намуда истодааст, ки дарвоқеъ, ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолат баргаштану эътироф шудани суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод. Зеро дар шароити кунунӣ муҳимтарин суннату таомулҳои писандидаи наврӯзӣ, аз қабили бахшидани гуноҳҳо, таҳким додани риштаҳои дӯстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, пошидани донаи умед ба замин ва баргузор кардани мусобиқаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз эҳё гардида, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил ёфта истодаанд.
- Дар робита ба суннатҳои неки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, ки ҳадафу ормонҳои волои созандаи мардум мебошанд, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад, — гуфт дар хотима Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ин бора мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
«Садои мардум»