22 майи соли 2016 Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Манотиқи кӯҳистон рушд меёбад

№25 (3505) 25.02.2016

хайриниссоҲафтаи гузашта муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Акрамшо Фелалиев ва вакилони Маҷлиси намояндагон Муҳаббатшо Рӯзадор, Амрихудои Дамдор бо сокинони шаҳру навоҳии Хоруғ, Мурғоб, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба хотири тавзеҳ додани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор намуданд.

Вохӯрие, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баргузор гардид, бо сухани ифтитоҳии раиси вилоят, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шодихон Ҷамшед оғоз ёфт.

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни суханронӣ дар робита ба Паём қайд карданд, ки бо вуҷуди буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳон ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллӣ сатҳи камбизоатӣ то 31 дарсад паст гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 3,8 дарсад афзуд. Дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид.

Тавре онҳо зикр намуданд, дар роҳи иҷрои се ҳадафи стратегии Ҳукумат корҳои зиёде ба сомон расонда шудаанд. Дар ояндаи наздик иҷрои онҳо комилан таъмин карда мешавад ва ин се ҳадаф Тоҷикистонро ба манбаи барқи арзон ва кишвари транзитӣ табдил медиҳад, амнияти озуқавории кишвар таъмин мегардад. Ҳоло инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ шудааст ва ба хотири баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Ба хотири ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири истифодаи ҳар чӣ бештари иқтидори саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ эътибори ҷиддӣ дода истодааст.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат намуда, гуфт, ки онҳо бо фарҳанги волову дониши баланд, созандагию бунёдкориашон ҳамеша намуна буданд. Имрӯз ҳам бисёр хатмкардаҳои Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ на танҳо дар кишвар, балки дар мамолики хориҷӣ сарбаландона фаъолият доранд.

Инчунин, зикр шуд, ки дар Паём ҳамаи самтҳои тараққиёти асосии хоҷагии халқи кишвар муайян шудаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст ва инро дар мисоли ВМКБ метавон собит сохт. Барои пешрафти вилоят ҳоло миллиардҳо сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Имсол бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» оғоз мегардад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он бунёди корхонаҳои гуногун шурӯъ мешавад. Баъдан, неругоҳҳои барқи обии «Санобод» бо иқтидори 125 мегаватт, «Оқсу»-и ноҳияи Мурғоб, 20  муассисаи таълимии нав, дар шаҳри Хоруғ чор бинои дувоздаҳошёна, театри замонавӣ барои 500 ҷои нишаст, беморхона барои 50 кат ва ғайра сохта мешаванд. Айни замон дар вилоят бунёди 293 иншоот идома дорад.

Дар хотима, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда низ барои ҳозирин маълумоти муфассал доданд.

 Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»