Машварати раисони парламентҳои Авруосиё дар Москва

№52 (3532) 21.04.2016

SKR_9353Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва раисони кумитаҳои ин мақоми олии қонунбарор Олимҷон Салимзода ва Садриддин Шарипов 18 — 21 апрели соли 2016 бо даъвати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин ва Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чон Уй Хва ҷиҳати иштирок дар Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё бо сафари расмӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанд.

18 апрел ҷаласаи гурӯҳи таҳририя ба манзури мувофиқакунонии барномаи Изҳороти ниҳоии Машварат баргузор гардид. Дар нишасти мазкур лоиҳаи ин изҳорот тасдиқ ва барои баррасӣ ба Машварат пешниҳод гардид.

19 апрел таҳти раёсати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федерат­сияи Россия Сергей Наришкин ва Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чон Уй Хва Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё оғоз шуд. Нахуст Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин суханронӣ намуд. Дар идома Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чон Уй Хва нутқ кард.

Дар Машварат, ки ба мавзӯи «Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба манфиати пешрафтҳои муштараки кишварҳои АвруОсиё дар асри XXI» бахшида шуд, роҳбарони мақомоти олии қонунгузори Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Камбоҷа, Манголия, Покистон, Корея, Россия, Тоҷикистон, Тайланд, Филиппин ва Чехия ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи якуми умумӣ Паёми видеоии Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид Пан Гин Мун ва Паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин шунида шуд.

Пас аз танаффус Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар назди ширкаткунандагон суханронӣ намуд.

Пас аз нисфирӯзӣ Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё  бо баргузории ҷаласаи дуюми умумӣ ба кори худ идома бахшид. Дар хотима Изҳороти муштараки раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё қабул гардид.