22 майи соли 2016 - рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Миллати мо ба қадри фарзандони фарзонааш дар ҳама давру замон мерасад

№24 (3504) 23.02.2016

DSC_0668 19 феврали соли 2016 вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони деҳоти ноҳияи Рашт  дар толори калони Кохи фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи шаҳраки Ғарм баргузор гардид.

Баъди он ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ ҷамъомадро ифтитоҳ бахшид,Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пас аз расондани салому таманниёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Рашт, гуфт, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат дар шароите ироа шуд, ки вазъи ҷаҳон хеле мураккаб гардида, зуҳуроти барои аср хатарноки терроризм ва экстремизм густариш ёфта, мамолики абарқудрат барои аз нав тақсим намудани ҷаҳон талош доранд.

-Бинобар ин, зикри  як нукта муҳим аст, ки — суханашро идома дод Шукурҷон Зуҳуров: — мо тибқи дастури Сарвари давлат бояд дар оянда беш аз имрӯза кору амал намоем. Дуруст аст, ки ҳосили имсола нисбат ба солҳои пешин хуб буд, аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин қаноат кунем. Ба кишоварзон лозим аст, ки маданияти дурусти истифодаи заминро ёд гиранд. Як гектар замин метавонад чанд оилаи калонро пӯшонаду хӯронад. Солҳои пеш хоҷагиҳои давлатие буданд, ки аз як гектар то 500 сентнерӣ картошка ҳосил мегирифтанд.

Чун сокинони ноҳияи Рашт ба кишоварзӣ машғуланд, ҳалли мусбати ин масъала аз манфиат холӣ нест. Тибқи Барномаи боғу токпарварӣ ин соҳа бояд дар ҷумҳурӣ рушд ёбад. Сол гузашта бо ибтикори Президенти мамлакат дар масоҳати 50000 гектар боғи нав бунёд гардид. Имсол бунёди бист ҳазор гектар боғ ба нақша гирифта шудааст. Масоҳати боғҳои навро васеъ намудан, шинонидани ниҳолҳои ба иқлим тобовар, бунёди боғҳои интенсивӣ ва парвариши боғҳое, ки ҳосили хуб медиҳанд, зарур мебошад. Аз як тараф, ҷойҳои нави корӣ ташкил ёбад, аз тарафи дигар, даромади бештар меорад, ки барои таъмини зиндагии шоиста мусоидат менамояд. Ҷалби соҳибкорони ватанӣ низ ба ин самт аз манфиат холӣ нест. Сохтани анбору сардхонаҳои замонавиро ба роҳ бояд монд, то ки ҳосили ғундоштаро дар он ҷо захира намоянд. Ин имкон медиҳад, ки бозорҳо мунтазам бо меваи арзон таъмин гарданд ва боғпарварон ҳам то ҳосили нав манбаи даромад дошта бошанд.

Сарвари давлат, ки аз илми заминшиносӣ огоҳӣ дорад, ин масъаларо хуб медонад ва гаштаю баргашта таъкид менамояд, ки кишоварзони мо маданияти истифодаи  заминро ёд гиранд.

Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат оид ба сохтмон, таъмиру тармими роҳҳо низ сухан рафт. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст ва беш аз 2000 километр роҳи мошингард таҷдиду бунёд шудаанд.

Дар ин самт ҳоло татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳро пайвандгари дилҳо ва фарҳангҳо номидааст. Ин бесабаб нест. Омадурафт ба кишварҳои ҳамсоя дӯстиро мустаҳкам менамояд, ба омӯзиши фарҳанги миллатҳои дигар имконият медиҳад ва ҳамчунин, шароит фароҳам меорад, ки мо маҳсулотамонро ба кишварҳои дигар бурда, бо нархи гаронтар ба савдо гузорем.

Президенти мамлакат ба масъалаи таъмини неруи барқ дар Паёми имсола диққати ҷиддӣ дод. Рушди соҳа имконият фароҳам меорад, ки дар мамлакат корхонаҳои калони саноатӣ сохта шаванд ва ҷойҳои зиёди корӣ пайдо гарданд. Агар дар мамлакат ҷойҳои корӣ зиёд бошанд, муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш меёбад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Ҳатто аз кишварҳои абарқудрат шаҳрвандон барои кор ба дигар кишварҳо мераванд, аммо вазъи имрӯза тақозо менамояд, ки оид ба ин масъала андеша кунем. Пештар муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия маоши хуб мегирифтанд, аммо таъсири буҳрони имрӯза ва паст гардидани қурби музди меҳнати онҳоро низ коҳиш додааст.

Масъалаи соҳибкорӣ низ аз мадди назари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дур намондааст, зеро бе рушди соҳибкории хурду миёна пешравии давлат номумкин аст. Бояд барои соҳибкорон шароит фароҳам овард, то ки корхонаҳои хурд таъсис диҳанд. Барои мисол, фақат як чизро таъкид менамоям. Пиллакорон заҳмати зиёд мекашанд ва ҳосили гирифтаашонро бегонагон бо нархи ночиз мехаранд.  Аз як килограмм пилла се куртаи атлас тайёр кардан мумкин аст. Қазоват кунед, агар соҳибкорон дар кишвари худамон корхонаҳои коркарди пилларо созанд, чӣ қадар ба мардум манфиат меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ҳамеша диққати ҷиддӣ дода, онро калиди дастовардҳо меноманд. Дар Паёми имсола низ ин соҳа аз мадди назар дур намондааст. Мамолике, ки рушду нумӯ дар онҳо босуръат идома дорад, соҳаи маорифро дастгирӣ кардаанд. Ҷойи таассуф аст, ки на ҳамаи онҳое, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ба номи омӯзгор сазоворанд. Яъне, дониши кофӣ надоранд, аз уҳдаи таълиму тарбия намебароянд. Мо бояд, пеш аз ҳама, ба тайёр намудани мутахассисони варзида диққати ҷиддӣ диҳем, зеро пешрафти соҳа ба дониш ва истеъдоди омӯзгорон робитаи қавӣ дорад.

Терроризм ва экстремизмро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вабои аср номидааст. Мушоҳида ва таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ягон давлати дунё аз хатари терроризм ва экстремизм эмин нест. Ҳамчунин, як давлат наметавонад, ки дар муқобили ин неруи барои ҷомеа даҳшатзо мубориза барад. Танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад ин зуҳуроти номатлубро маҳв созад.

Воқеаҳои нангине, ки 4 сентябри соли 2015 дар кишвари мо рух доданд, бори дигар моро ба ҳушёрӣ ва бедорӣ даъват мекунанд. Як гурӯҳи хоинон бо дастгирӣ ва кумаки хоҷагони бегона мехостанд оромии кишварамонро халалдор созанд. Хушбахтона, мардуми шарифу ватандӯсти кишвар ба мақомоти қудратии давлат ёрӣ расонданд, то ки дар як муҳлати кӯтоҳ онҳоро саркӯб кунанд.

Сипас, Шукурҷон Зуҳуров оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар соли гузашта мухтасар маълумот дод. Аз ҷумла иброз шуд, ки давоми сол 29 ҷаласа  гузаронида, 300 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва ё таҳрир шуданд. Яке аз қонунҳои муҳим -  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аст. Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи хизматҳои арзанда, роҳи тайнамудаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лаҳзаҳои муассирро ҳикоя кард.

- Президенти маҳбуби мо, — гуфт дар идома Шукурҷон Зуҳуров, — аслан ба қабули чунин қонун ниёз надорад, зеро ӯ бо заҳматҳои кашидааш дар бунёди давлати соҳибистиқлол, бо рафтору кирдори ҷавонмардона, созандаву бунёдкоронааш дар қалби мардуми кишвар макон гирифтааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба хизматҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст. Миллати мо ба қадри фарзандони фарзонааш дар ҳама давру замон мерасад.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда низ ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамоянд. Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 2011 таҳти №459 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибораву калимаҳои он мукаммал гардонда шаванд. Тағйироти пешбинишуда имконият медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намоянд.

Дар тағйиру иловаҳо  пешниҳод мешавад, ки калимаи «Сарқонун» аз матни Конститутсия хориҷ карда шавад, зеро ин калима сохта буда, маънии «конститутсия»-ро пурра ифода намекунад.

Ҳамин тариқ, Шукурҷон Зуҳуров ҳар як банди тағйиру иловаҳоро шарҳу эзоҳ дод. Аз ҷумла гуфт, ки ба моддаи ҳаштум ду тағйирот пешниҳод шудааст:

- Ба моддаи мазкур қисми шашум пешниҳод шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Баъд аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров собиқадорони меҳнат Абдусаттор Сафаров, Шарифхоҷа Ташрифов, омӯзгорон Сафарбек Каримов, Озода Ҳакимова, донишҷӯйи коллеҷи тиббӣ Ганҷинаи Иззатулло таъкид карданд, ки сокинони ноҳияи Рашт барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, софдилона фаъолият мекунанд ва тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия заруру саривақтӣ мешуморанд.

Умуман, вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияҳои Рашт (19 феврал), Тоҷикобод (20 феврал), Ҷиргатол (21 феврал) ва Нуробод (22 феврал) дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Сафари кории Шукурҷон Зуҳуров дар минтақаи Рашт идома дорад.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»