14-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» баргузор шуд.
Иброз гардид, ки муҳокимаи ҷамъиятӣ ба таҳкими эътимод байни парлумон ва намояндагони созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон мусоидат менамояд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи демократӣ ба кафолатҳои конститутсионии озодии баён ва иттилоот асос ёфта, мафҳуми «озодии баён» ҳамчун ҳуқуқи доштани андеша, эътиқод ва баёни озодонаи он фаҳмида мешавад. Ин мафҳумҳо аз моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма, асосан бо ду қонун: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» танзим мегардад. Изҳор шуд, ки сарфи назар аз тағйироту иловаҳо ба ин қонунҳо, тараққиёти технология ва уҳдадориҳои байналмилалӣ моро водор менамоянд, ки ин санадҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шароити муосир мутобиқ кунем. Барои ноил шудан ба ин бо қарори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот моҳи марти соли 2023 гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» таъсис дода шуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил гардида, таҷрибаи гуногуни минтақа, кишварҳои таҳлилкунандаи санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори омма мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Гурӯҳи корӣ сохтор ва тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»-ро таҳия намуда, онро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқшиносон муҳокима намуд.
Дар натиҷаи муҳокимаҳо 100 пешниҳоду таклиф манзур гардидааст, ки гурӯҳи корӣ ҳамаи онҳоро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳадафи муҳокимаи навбатӣ он буд, ки лоиҳа пеш аз пешниҳод ба парлумон бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатию вакилони Маҷлиси намояндагон, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва журналистӣ бори дигар баррасӣ ва таҳрир шавад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ