Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Девид Кей

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

DSC_1389Чоруми марти соли 2016 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқ, ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён Девид Кей ва ҳамроҳони ў мулоқот намуд.

Зимни суҳбат Акрамшо Фелалиев иброз намуд, ки тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрўз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад. Хурсандиовар аст, ки матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд: «Имрўз дар фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон, яъне дар фаъолияти онҳое, ки худашон рўзномаву маҷалла, агентиҳои иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онҳоро мустақилона пеш мебаранд, унсурҳоеро мебинем, ки сазовори пайравӣ ва омўзишанд. Муҳим нест, ки рўзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».

Акрамшо Фелалиев, ҳамчунин иброз намуд, ки ҳар сол матбуотчиёни тоҷик 11 мартро ҳамчун Рўзи матбуоти тоҷик ҷашн мегиранд. Боиси хушнудист, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози шумора ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд.

Масалан, дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 рўзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора фақат чор рўзнома хусусӣ буд. Ғайр аз ин, як агентии иттилоотии давлатӣ фаъолият мекард. Имрўз дар кишвари соҳибистиқлоли мо зиёда аз 400 рўзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 270 — тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотии ба қайдгирифташуда нуҳ агентӣ ғайриҳукуматӣ аст.

Ҳоло дар мамлакат 46 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки 28-тои он хусусӣ мебошад.

Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд. Воситаҳои ахбори омма ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рўз табдил ёфтаанд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки парлумони касбии мамлакат дар фаъолияти хеш ҳамеша сухани созандаву пешниҳодҳои судманди хабарнигорони ватаниро ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар кишвари мо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.

Дар мулоқот, ҳамчунин таъкид гардид, ки мутобиқи Созишномаи «Женева-2006», ки бо ташаббуси Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ қабул шудааст, аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон соли 2015 ба пахши рақамии барномаҳои телевизиону радио гузашт. Имрўз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Одамон ба воситаи интернет аз навигариҳои олам фавран огоҳӣ меёбанд.

Акрамшо Фелалиев, ҳамчунин иброз намуд, ки дар арафаи иди касбии матбуот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими воситаҳои ахбори омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуд.

- Ин, пеш аз ҳама, аз он далолат менамояд, ки озодии сухан ба омили устувори сиёсати давлат табдил ёфтааст, — афзуд Акрамшо Фелалиев.

Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқ, ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён Девид Кей аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони касбии мамлакат ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ, озодии андеша ва баён дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки дар ҷараёни пешрафти босуръати техникаи муосири иттилоотӣ Тоҷикистон ба рушду такомули воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои техникии иттилоотию телекоммуникатсионии миллии худ ғамхорӣ зоҳир намуда, робитаи Ҳукумати кишвар бо воситаҳои ахбори омма қавитар гардидааст.

Дар мулоқот, инчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода иштирок дошт.

 

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. Исоев