Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», 13 июни соли 2022 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо сардори Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Мулугета Зевди мулоқот намуд.
Зимни он масъалаҳои густариши равобити Тоҷикистон, бахусус Маҷлиси намояндагон бо ниҳодҳои тобеи СММ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дилрабо Мансурӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз саҳми СММ ҷиҳати барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар ёдовар шуда, иброз дошт, ки талошҳои ниҳодҳои тобеи СММ дар ҳалли масъалаҳои ихтилофноки миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муассир аст.
Мулугета Зевди дар навбати худ чунин иброз дошт:
- Итминон дорам, ки аъзои парламент садо ва иродаи халқро ифода менамоянд. Амалӣ шудани ташаббус ва иродаҳои нек бе дастгирии онҳо имконнопазир аст. Аз ин рӯ, бояд вакилони парлумон ҳама ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси ҷаҳон дастгирӣ ва амалӣ намоянд.
«Садои мардум»