Мулоқоти Дилрабо Мансурӣ бо Виктор Олшавский

№127 (4547) 13.10.2022

DSC_750211 октябри соли равон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо роҳбари дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский мулоқот намуд. Зимни он масоили ҳамкории Тоҷикистон бо созмони мазкур, хусусан дар давраи пандемияи коронавирус, баррасӣ гардид.

Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки саъю кӯшиши созмонҳо, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустиро барои расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат дар мубориза бо оқибатҳои пандемияи COVID-19 қадр мекунем.

DSC_7506- Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, мо ба роҳбари дафтари созмон дар Тоҷикистон барои саҳмашон дар рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои миллӣ, изҳори сипос менамоем, — гуфт дар фарҷом Дилрабо Мансурӣ ва таъкид кард, ки қонунгузории Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, бо санадҳои соҳавӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, дастгирии иҷтимоии оила ҷавобгӯ мебошанд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон