9 феврали соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Ясмин Гуедарро ба муносибати таъин шудан ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон самимона табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ таҷрибаву малакаи хешро баҳри таҳкиму густариши робитаҳои ҳасанаи байнидавлатию байнипарламентии дар асоси сиёсати сарони кишварҳо амалишаванда равона менамояд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таъин гардидани ӯ ба ҳайси сафир рушди муносибатҳои байнипарламентиро низ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мавҷуда миёни Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Сенати Фаронса дар 25 — умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо такони тоза хоҳад бахшид.
Инчунин, қайд гардид, ки баргузории конфронс дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақаҳои Фаронса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» (6 марти соли 2017) бо ташаббуси раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои Сенати Фаронса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Поззо ди Борго дар Париж, ки ба он ҳайати бонуфузи Тоҷикистон низ барои иштирок даъват шудааст, исботи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.
Ҳамчунин, банақшагирии ташкили намоишгоҳи кофтуковҳои археологии Тоҷикистон дар Фаронса (соли 2019) баҳри муаррифии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад гашт.
Дар идома ҷонибҳо масоили ҳамоҳангии фаъолияти минбаъдаро оид ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ, зуҳуроти номатлуби ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон махсус таъкид намуданд.
Зикр шуд, ки бо дарназардошти узвияти Тоҷикистон ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва оғоз шудани сарҳади ин созмони бонуфуз аз марзи кишвар, ҳифзи сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои Фаронса — бо технологияҳои муосир таъмин кардани базаи моддию техникии сарҳад ва сарҳадбонон мувофиқи мақсад мебошад.
Хонум Ясмин Гуедар низ ҷонибдориашро аз боло бурдани сатҳу сифати робитаҳо дар самтҳои гуногун иброз дошт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ