Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар

№53 (4315) 22.04.2021

DSC_8976Тоҷикистон ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи пойдор ва ваҳдати комил дар кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон мебошад. Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Ин матлабро 19 апрели соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён намуд.

Тавре  мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар идомаи суҳбат иброз намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихиамон ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, табиист, ки ба сарнавишти бародарони афғон бетафовут нес­тем.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояву дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба сатҳи боз ҳам баландтар барояд. Дар ин раванд афзоиши муомилоти тиҷорати ҷонибҳо аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.

- Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID — 19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Инчунин, Маҳмадтоир Зокирзода густариш бахшидани ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Афғонистонро барои таҳкими ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳо низ муҳим хонда, изҳор дошт, ки равобити ҳар ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшид, аз ин рӯ, бештар барои фароҳам овардани шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя бояд кард.

Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба вазъи илму маориф ибрози андеша намуда, афзуд, ки бояд ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолияти иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикис­тон беш аз 500 нафар донишҷӯи афғон таҳсил мекунанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд.

Илова бар ин, тайи даҳ соли охир якуним ҳазор нафар шаҳрванди Афғонистон, аз  ҷумла зиёда аз сад нафар бонуи Афғонистон, дар муассиса ва марказҳои тахассусии Тоҷикистон дар давраҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисос таҳсил карданд.

Бо дарназардошти омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла ҳамзабонӣ, имкон ҳаст, ки раванди таҳсил ва илмомӯзии шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои гуногуни таълимии кишвар самарабахш идома ёбад.

Ҷониби Тоҷикистон метавонад барои Афғонистони бародар мутахассисони соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва ғайра садҳо кадри илмӣ омода намояд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дар бораи ҳамкории гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наз­дисарҳадӣ, изҳори назар карда шуд.

«Садои мардум»