Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Сезин Синаноғлу ва Муҳаммадтақӣ Собирӣ

№118-119 (4224-4225) 26.09.2020

23 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу мулоқот намуд. 

IMG_4971 (1)Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Созмони Милали Муттаҳид, нақши парламенти Тоҷикистон дар фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон нақши парлумони касбии Тоҷикистонро дар фароҳам овардани фазои қонунӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳифзи муҳити зист, хадамоти беҳдоштӣ, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба оби нӯшокии бехатар баланд арзёбӣ ва таъкид намуд, ки дар ин робита қонунҳои дахлдор қабул ва вобаста ба талаботи рӯз ба баъзе аз онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, иброз дошт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, алалхусус, дар соҳаи об, тадбирҳои заруриро андешида истодааст ва дар ин замина ба шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои мусоидати фаъол дар ин самт сипосгузор аст.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикии Тоҷикистон, ки дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ибрози андеша намуда, изҳор доштаанд, ки ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки густурда дар ин самт хоҳем монд.

Хонум Сезин Синаноғлу аз ­талошҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикис­тон мебошанд.

24 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ суҳбат кард. 

DSC_9585Маҳмадтоир Зокирзода  роҷеъ ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуд ва рушду инкишофи бештари муносибатҳои парлумонӣ ва равобити иқтисодию тиҷоратиро мувофиқи мақсад шуморид.

- Эрон аз аввалин кишварҳое аст, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, дар шаҳри Душанбе сафорат кушод ва равобити гуногунсамтро барқарор кард. Ҳамзабониву ягонагии фарҳангиву динии ҳар ду миллат муҳимтарин омили барқарории ин муносибот ба шумор меравад, — гуфт ӯ.

Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва парламенти он ба масъалаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Ҳасани Рӯҳонӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои зиёд равобити хуби кориро ба роҳ мондааст, зеро онҳо бозувони тавонои давлатҳо мебошанд, ки дар густариш ва тавсеаи равобити байниҳамдигарӣ нақши босазо доранд.

- Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъсис дода шудааст. Ба ин васила дар самти робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо қадами устуворе гузошта шуд. Бо вуҷуди ин, вақти он расидааст, ки ҳамкориро густариш бахшем. Дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ ва иттилоотонӣ ҳамкории судманд дошта бошем, — гуфт дар идома Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ аз сатҳи равобити иқтисодию тиҷоратӣ истиқбол ва аз ҳамкориҳои байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон