23 август дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо Раиси шаҳри Ханҷоу муҳтарам Яо Гаоюан мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси шаҳри Ханҷоу барои истиқболу меҳмоннавозӣ миннатдорӣ карданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон — Чин аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Боиси қаноатмандист, ки ҳамкории ду кишвар дар тамоми самтҳо пайваста рушд ва ба сатҳи сифатан нав расида, дар сатҳҳои олӣ ва баланд муколамаи мунтазами сиёсии эътимодбахш ба роҳ монда шудааст, ки фарогири тамоми доираи муносибатҳои тоҷикистонию чинӣ мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байниминтақаивро, бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи рушд дар бахшҳои гуногун муҳокима карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байни Душанбе ва Ханҷоу изҳори ҳавамандӣ намуда, тавсеаи тавсеаи робитаҳоро дар бахшҳои илм ва омодасозии кадрҳои илмӣ, инноватсия ва технологияҳо, нақлиёту мошинасозӣ, дорусозӣ ва нафту кимиё диққати махсус дода шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу бо Раиси шаҳри Ханҷоу байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.