Мулоқоти Равшан Раҷабзода бо Шама Фарук

№56 (4639) 25.04.2023

РАЧАБЗОДА24-уми апрели соли ҷорӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода бо менеҷери Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» Шама Фарук ва мушовири рушди лоиҳаи мазкур Азиза Мавлонова мулоқот намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу ибрози ҳавасмандӣ карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.