Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Ҳасан Маметзаде

№6 (4268) 16.01.2021

DSC_921615 январи соли 2021 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Маметзаде мулоқот намуданд.

Зимни он аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикии тарафайн густариш ёфта, дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда шудааст, ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки парлумони кишвар ба боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, дар бахшҳои ҳуқуқ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш ва туризм, миёни ҳар ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин замина, гурӯҳҳои дӯстӣ дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва мусоидат ба таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ ҷиҳати мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда корҳои зиёдеро ба сомон расонида метавонанд.

- Мо шуморо ҳамчун сафири муваффақ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносем ва ҳамеша бо некӣ ёд мекунем. Дар симои шумо ба ҳама мардуми баору номуси Озарбойҷон муваффақияту комёбиҳо орзу менамоем, — гуфт дар хотимаи суҳбат С. Фаттоҳзода.

Ҳасан Маметзаде низ аз баргузории мулоқот изҳори хушҳолӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд низ ба нафъи ҳар ду кишвари дӯст софдилона хизмат менамояд ва таъкид намуд, ки парлумон бавуҷудорандаи фазои ҳуқуқиву қонунӣ ҷиҳати густариши муносиботи кишвараш бо ҷумҳуриҳои дигар дар ҳамаи замина мебошад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ