Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Абдулғаффори Орзу

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

DSC_035611 ноябри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғаффори Орзуро ба муносибати анҷомрасии ваколати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров, қабл аз ҳама, аз номи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамар дар Тоҷикистон ба сафир изҳори миннатдорӣ намуд ва бо қаноатмандӣ гуфт, ки имрӯз дар партави талошҳои муштараки роҳбарони олии ду кишвар вохӯриҳои сатҳи олӣ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва парлумонӣ бемайлон густариш меёбанд ва дар ростои манофеи мардуми ду кишвар самтҳои навро фаро мегиранд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита аз сафарҳои Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон (10 – 11 май ва 23 июни соли 2016), Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷиҳати иштирок дар ифтитоҳи лоиҳаи CASA-1000  (11 – 12 майи  соли 2016), сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (26 марти соли 2014) ва мулоқотҳои анҷомдода дар ин ҷараён ёдовар шуда, иброз дошт, ки мулоқотҳо дар чунин сатҳи баланд ҷиҳати пешбурди фаъолияти ҳадафмандона ва пайгирона нақши муҳим мебозанд.

Сафири Афғонистон Абдулғаффори Орзу дар навбати худ аз дастгирии пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеи Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бисёр розӣ ҳастем. Ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.

Таҳкими сарҳади давлатӣ, муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ аз масъалаҳои мавриди баррасии ин суҳбат буданд.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон