Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Кейзо Такеми

№114 (3751) 26.09.2017

DSC_334222 сентябри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, профессор Кейзо Такеми ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз моҳи октябри соли 1993  дар чандин ришта Созишнома дар бораи ҳамкориҳои судманд ва ҳамчун узви  комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори 193 кишвари ҷаҳон Изҳороти (Декларатсияи) Ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо ба имзо расонид.

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Изҳороти (Декларатсияи) Ҳадафҳои рушди устувор эътибори ҷиддӣ дода, ҳамчун мақоми олии қонунгузории мамлакат барои  амалӣ гардидани ҳадафҳои он тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад, — гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳанӯз соли 2001 узви  Анҷумани  парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) гардидааст. Вакилони парлумони Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳои Анҷумани мазкур фаъолона иштирок  менамоянд.

Дар ин робита соли 2014 дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси он мустаҳкам намудани ҳамкории вакилони парлумон, ниҳодҳои ҳукуматӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи мақсадҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд мебошад.

-Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди роҳбарияти Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раисикунандаи гурӯҳи парлумонии Кумитаи доимоамалкунадаи сармоягузории самти фаъолияти ҷавонон интихоб шудааст. Мо итминон дорем, ки дар ин ҷода корҳои назаррасро анҷом дода, дар якҷоягӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ноил хоҳем гашт, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин доир ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа сухан ронда, дар ин зимн аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, Барномаи давлатӣ «Оид ба тарбия, интихоб ва ­ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», қабули «Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020»  ёдовар шуд, ки ба такомули маънавӣ ва пешрафти иҷтимоии бонувони тоҷик мусоидат  намудаанд.

- Дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикис­тон яке аз аввалинҳо шуда (соли 2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» — ро қабул намуд. Баъдтар барои беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи фарзандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардиданд,- афзуд Раиси парлумони касбӣ.

Шукурҷон ­Зуҳуров доир ба саломатии репродуктивии аҳолӣ ва солимии модару кӯдак дар Тоҷикистон «Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» ва ғайра низ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Раиси Анҷумани парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, профессор КейзоТакеми аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ кард ва тақвияти ҳамкориҳоро дар оянда хоҳон шуд.

Дар мулоқот Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, Қурбонзода Ҳилолбӣ, Раҷабзода Лутфия – раисони кумитаҳо, Гулбаҳор Ашӯрова вакили Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.

 Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон