29 августи соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собириро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Эрон ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла, парлумони касбии мамлакат, ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар фарҷом Шукурҷон Зуҳуров ба фаъолияти дипломатии сафири нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон