Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Жозе Алфонсо Зегбе Камарена

№140 (3777) 23.11.2017

DSC_894421 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири навтаъини  фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жозе Алфонсо Зегбе Камарена мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров, қабл аз ҳама, Жозе Алфонсо Зегбе Камаренаро ба муносибати дар Тоҷикистон сафир таъин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ барори кор орзу намуд ва зикр кард, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо Мексика ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки барои ба вуҷуд овардани  пояи қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҷалби сармояи соҳибкорони мексикоӣ имзои «Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя», «Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» зарур аст.

Айни ҳол ҳамкориҳои ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ аз устувории муносиботи кишварҳои мо шаҳодат медиҳанд. Мексика ташаббусҳои Тоҷикис­тонро дар самти об, ки алҳол бинобар оқибатҳои тағйирёбии иқлим, масъалаи ҳаётан муҳим маҳсуб мегардад, пайваста дастгирӣ менамояд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Мексика узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об мебошанд.

- Тоҷикистон ширкати фаъолонаашро дар роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид идома хоҳад дод. Мо пайваста барои ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим кӯшиш хоҳем кард, — гуфт ӯ ва афзуд:

- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» 2018-2028, дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об — 22 — юми марти соли 2018 шурӯъ мешавад. Ба ин муносибат, мо тасмим гирифтаем, ки соли 2018 Конфронси байналмилалиро марбут ба масъалаҳои об дар Душанбе (моҳҳои май ё июн), қабл аз Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, баргузор намоем. Натиҷаи конфронс дар санади ниҳоии он дарҷ ва ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба Форуми сиёсии сатҳи баланд дар соли 2018 пешниҳод хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, оид ба таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори андеша намуд.

Жозе Алфонсо Зегбе Камарена низ ҳавасмандии Иёлоти Муттаҳидаи Мексикаро ба густариши бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид сохт.

Ҷонибҳо бо итминон изҳор доштанд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Мексика дар оянда мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, самтҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон